Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ГАР ДАСТИ ФИТОДАЕ БИГИРӢ, МАРДӢ!

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
23.09.2022
in Хабар
0
ГАР ДАСТИ ФИТОДАЕ БИГИРӢ, МАРДӢ!
0
SHARES
1.5k
VIEWS
Share on Facebook

Дастгирии ятимону бепарасторон ва нафарони эҳтиёҷманд яке аз самтҳои асосии сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумати мамлакат, бахусус Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.

Ин аст, ки ҳамасола дар арафаи иду ҷашнҳои давлатӣ ин қишри ҷомеа аз ҷониби давлат ва афроди хайрхоҳ мавриди дастгирӣ ва ғамхорӣ қарор мегиранд.

Масъулини Раёсат оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявии Вазорати мудофиаи мамлакат низ бахшида ба 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ятимони кулле, ки дар гарнизонҳои Душанбеву Хатлон адои хизмат менамоянд, сарҷамъ намуда, тасмим гирифтаанд, то баҳри онҳо як рӯзи хубу хотирмонро ҳадя созанд.

Воқеан, он рӯз чеҳраи ин гурӯҳи сарбозонро, ки бо амри тақдир сояи лутфу инояти падару модар аз сарашон дур гардидаасту аз навозишу меҳрубонии волидон бебаҳра мондаанд, шодиву нишот ва хушбахтиву хурсандӣ фаро гирифта буд.

Маврид ба зикри хост аст, ки имрӯз дар ҷузъу томи Вазорати мудофиаи мамлакат наздики 110 нафар ятимони кулл адои хизмат менамоянд ва онҳо таҳти ғамхории пайвастаи давлату ҳукумат ва роҳбарияти Вазорати мудофиа қарор доранд. Ҳамзамон аз тарафи сарпарастони вобастагардида аз ҳисоби муовинони вазир ва сардорони раёсатҳо дар арафаи иду ҷашнҳо ба онҳо кӯмакҳои моддиву ғизоӣ расонида мешавад. Баъди адои хизмат низ агар хоҳиши фаъолият дар мақомоти қудратӣ дошта бошанд, баъди гузаштан аз курсҳои кӯтоҳмуддат ва мактаби прапоршикӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд. То имрӯз ҳазорон нафар ятмону бепарасторон хизмати ҳарбиро сарбаландона адо намуданд, ки аллакай як қисми онҳо дар сохторҳои қударатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кору фаъолият намуда истодаанд.

Илова бар ин, ба ятимони кулл барои дохил шудан ба Литсейи ҳарбӣ ва Донишкадаи ҳарбӣ низ имтиёзҳо пешбинӣ гардидааст. Ҳангоми нарасидани холҳои дохилшавӣ ба онҳо холҳои иловагӣ дода мешавад.  Ҳамзамон, баъди хатми литсей ё худ донишкада сараввал онҳо ба донишгоҳҳои ҳарбии хориҷи кишвар равона мегарданд.

Масъулини вобастагардида, сарбозонро сараввал дар Осорхонаи миллӣ, бо таърихи гузашта ва пурифтихори миллати тоҷик шинос намуданд. Онҳо зимни боздид аз осорхона бо мавзеъҳои таърихӣ, ҳунарҳои қадимаи мардуми тоҷик, давлатдории бузурги тоҷикон, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ва корнамоиҳои диловаронаи фарзандони қаҳрамони халқи тоҷик ошноӣ пайдо намуданд.

Баъди боздид аз осорхона ҳайати иштирокчиён ба мавзеи “Қалъаи Ҳисор”-и шаҳри Ҳисор раҳсипор шуданд. Дар даромадгоҳи “Қалъаи Ҳисор” ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр меҳмононро бо садои карнаю сурнай истиқбол намуданд.

Сарбозон ва афсарони масъули онҳоро ҳамроҳикунанда ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, аз мавзеъҳои тамошобоби “Қалъаи Ҳисор” дидан намуданд. Масъулин ҳайати иштирокчиёнро аз ҷойҳои таърихии ин мавзеъ ва бо таърихи пайдоши он ошно сохтанд.

Ҳамзамон, бо ташаббуси Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ ба ин гурӯҳи сарбозони Ватан дастархони идона густурда шуда, ҳамзамон аҳли санъати шаҳр бо иҷрои таронаҳои ватандӯстона табъи ҳозиринро болида гардониданд.

 

Шоҳин ШАРИФОВ,

рӯзноманигор

Previous Post

ҶАЛАСА ДАР САРПРОКУРАТУРАИ ҲАРБӢ

Next Post

ОМОДАГИИ ПЕШ АЗ ДАЪВАТӢ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ОМОДАГИИ ПЕШ АЗ ДАЪВАТӢ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОМОДАГИИ ПЕШ АЗ ДАЪВАТӢ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

НИШАСТИ МАТБУОТӢ АЗ НАТИҶАҲОИ МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

НИШАСТИ МАТБУОТӢ АЗ НАТИҶАҲОИ МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

08.07.2025
МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ВА ХАВФНОКИИ ИН ПАДИДАИ НОМАТЛУБ

МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ВА ХАВФНОКИИ ИН ПАДИДАИ НОМАТЛУБ

07.07.2025
БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ СИЁСӢ ОИД БА ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАСЪАЛАИ ОБУ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИИКИСТОН

БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ СИЁСӢ ОИД БА ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАСЪАЛАИ ОБУ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИИКИСТОН

04.07.2025
ИШТИРОК ДАР ҲАМОИШИ 17-УМИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ (ЭКО)

ИШТИРОК ДАР ҲАМОИШИ 17-УМИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ (ЭКО)

04.07.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook