Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ГАНДУМ АЗ ГАНДУМ БИРӮЯД ҶАВ ЗИ ҶАВ…

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
30.03.2022
in Хабар
0
ГАНДУМ АЗ ГАНДУМ БИРӮЯД ҶАВ ЗИ ҶАВ…
0
SHARES
372
VIEWS
Share on Facebook

Дар зиндагӣ ҳама чиз муқобили ҳам офарида шудааст. Рӯзу шаб, гарму сард, сафеду сиёҳ, баланду паст, хубу бад ва амсоли ин. Табиати инсоният низ дар баробари дигар офаридаҳо чунин аст. Гоҳ бо инсони хубе вомехӯрӣ, ки намехоҳӣ аз файзи суҳбаташ дур шавӣ, аммо гоҳо баръакси ҳол инсоне рубаруят меояд, ки вуҷудаш саропо бухлу бадист. Аммо табиист, ки ҳамеша ва дар ҳама ҳолат ростиву ҳақиқат ва хубиву поктинатиро завол нест.

Солеҳу Рақиб ҳарду аз як кӯча буданд, ҳамроҳ бозӣ мекарданд, ҳамроҳ ба мактаб рафтанд, ҳатто дар паси як миз менишастанд. Бо ҳам бузург шуданду дар як вақт ба донишгоҳ шомил гардида, ҳарду сазовори номи донишҷӯ шуданд. Аммо ҳанӯз дар овони хурдӣ рафтору гуфтору кирдори онҳо аз ҳам ба куллӣ фарқ мекард.

Солеҳ, ки фарзандани муаллим буду падари бомаърифташ пайваста барои сохтани ояндаи нек ва тарибияи дуруст ӯро талқин мекард, дар ӯ хусусиятҳои хуби инсонӣ ба мушоҳида мерасид. Пайваста мутолиа менамуду дар кучаву хона бо хурду калон хушмуомилагӣ мекард. Ҳама аз хубию ояндаи неки ӯ ҳарф мезад.

Аммо Рақиб баръакси Солеҳ буд. Шояд сабаби аслии рафторҳои бади ӯ тарбияи хонаводагӣ бошад. Зеро падараш соҳибкор буду соҳиби пулу сарвати зиёд. Вале бо вуҷуди ин ҷоҳил буду фарзандашро низ бо ҷаҳолатпешагӣ тарбия мекард. Хушбахтиро дар молу сарват медид ва бовар бар он дошт, ки сарвати ҷамънамудааш барои ояндаи хуби фарзандаш кифоя аст.

Албатта, на ҳама сарватмандон чунинанд. Ҳастанд тоифае, ки сарваташонро самаранок истифода намуда, фарзандонашонро дар шароити хуб тарбия менамоянд.

Бо гузашти вақт Солеҳу Рақиб донишгоҳро хатм намуданду соҳиби диплом гардиданд. Соҳиби диплом шуданашон низ аз ҳам тафовут дошт. Солеҳ, ки саводи хуб дошт, тибқи квота (буҷавӣ) шомили донишгоҳ шуд. Аз тарафи донишгоҳ бо хобгоҳ низ таъмин гардид. Муддати таҳсил зиёд меҳнат кард, пайваста мутолиа намуд ва мудом дар ҷустуҷӯю такопӯ буд. Бар ивази ин ҳама заҳматҳояш, ба ӯ дипломи аълоро лоиқ донистанд.

Аммо Рақибро падараш барои эмин мондан аз таънаи мардум, бо воситаи дӯсташ ва сарфи маблағи зиёд ба донишгоҳ дохил кард. Нахост, ки фарзанди «ноздонааш» дар хобгоҳ азоб кашад. Ба ӯ аз шаҳр бинои дуҳуҷрага харидорӣ намуда, тамоми шароити буду бошро муҳайё сохт. Рақиб танҳо дар хона зиндагӣ мекард ва бисёр вақт ба дарс низ намерафт. Барои супоридани имтиҳонҳо аз роҳу воситаҳои гунонун истифода мекард. Дар урфият мегӯянд, пулу сарват инсонро «вайрон» мекунад. Воқеан, аллакай Рақиб бо дӯстони бад ҳамроҳ гашта буду ба корҳои бад даст мезад.

Хулоса, ҳарду баробар ба деҳа баргаштанд. Муддате дар он ҷо монданд.

Солеҳ, ки аз аввал пухтакор буд, хост пеш аз оғози фаъолияти меҳнатӣ ба хизмати ҳарбӣ равад то уҳдадорияшро дар назди Модар-Ватан адо намояд.

Рақиб бо мусоидати падараш ба як корхонаи бонуфузи шаҳр ба кор даромад. Аммо маҳз аз рӯйи бесаводию бешуурияш он ҷо дер напоид ва шармандавор аз кор ӯро ихроҷ намуданд. Дигар рӯйи ба деҳа баргаштан надошт. Бо тавсияи «дӯстон»-аш ба хориҷи кишвар рафту осонакак ба доми гурӯҳҳои ифротгаро афтод. Ин овоза аллакай тамоми деҳа ва атрофи онро фаро гирифта буд.

Дар муддати шаш моҳи хизмат аз номи роҳбарияти қисми ҳарбӣ ба унвонии падари Солеҳ ду маротиба мактуби миннатдорӣ равон карда шуд.

Ҳама аҳли деҳ аз муваффақиятҳои Солеҳ ҳарф мезаданду бо ӯ ифтихор мекарданд. Аммо баръакс аз доштани Рақиб барин ҳамдеҳа хиҷолатзадаву шармгин миёни деҳаҳои атроф буданд. Як хусусияти деҳа ҳамин аст, ки гап зуд паҳн мешавад ва то пайдо шудани гапи нав гапи гузашта аз ёди мардум намеравад.

Баъди чанде хабари дар хориҷа дастгир ва ба ҳабс афтодани Рақиб ба гӯш расид. Падараш, ки аз амалҳои кардааш пушаймон шуда буд ва дар ин кор худро гунаҳкор медонист, миёни мардум сархам гашт.

Солеҳи соҳиби амалҳои солеҳ бо сари баланд ва медалу ифтихорномаҳои зиёд ба деҳа баргашт.

Падару модари Солеҳ дар тараддуди хонадоркунии фарзандашон буданду волидайни Рақиб маломатзадаю шармгин аз рафтори ноҷои фарзанд.

Мавлоно Ҷалолиддинаи Румӣ фармудааст:

Аз мукофоти амал ғофил машав,

Гандум аз гандум бирӯяд ҷав зи ҷав. 

Хонандаи азиз. Бидон, ки рафтору амали нек ҳамеша подоши нек дорад. Аммо кирдору рафтори баду номатлуб оқибатҳои  нохуш ва пушаймониро ба бор меоварад.

 

Ш. Шарипов

рӯзноманигор

Previous Post

ҶАЛАСАИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ СОХТОРҲОИ ҚУДРАТӢ

Next Post

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

15.05.2025
ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

09.05.2025
МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

09.05.2025
СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

08.05.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook