Тибқи нақша-чорабиниҳои раёсати Қувваҳои ҳарбӣ–ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ имрӯз бо иштироки намоянда аз Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъулини самти корҳои сиёсӣ–тарбиявӣ ҳамоиши афсарону сарбозон таҳти унвони “Тавсияҳои усулӣ оид ба пешгирии вайронкунии оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ” баргузор карда шуд.

Зимни ҳамоиш масъалаҳои риояи ҳатмии талаботҳои Оинномаҳои Қувваҳои Мусаллаҳ аз тарафи афсарону сарбозон, муносибатҳои байниҳамдигарии афсарон ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ ва пешгирӣ аз қоидавайронкуниҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷамъомад дар фазои аҳлона ҷамъбаст гардида, иштирокчиён аз ҷониби меҳмонони ҳамоиш ба саволҳои худ ҷавобҳои қонеъкунанда пайдо намуданд.





