Дар доираи нақша-чорабиниҳои Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи мамлакат бо мақсади иҷроиши Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2018 ва Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин, дар толори Донишкадаи ҳарбӣ бо иштироки ҳайати шахсӣ суҳбату вохуриҳои судманд доир гардид.

Дар ҳамоиш намояндагони бахши дин, танзими ҷашну маросим, бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Сино ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.







