Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ГЕНЕРАЛ–ЛЕЙТЕНАНТ ЭМОМАЛӢ СОБИРЗОДА БО НОИБИ ПРЕЗИДЕНТИ ФЕДЕРАТСИЯИ ФУТБОЛИ ТОҶИКИСТОН

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
15.07.2025
in Хабар
0
ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ГЕНЕРАЛ–ЛЕЙТЕНАНТ ЭМОМАЛӢ СОБИРЗОДА БО НОИБИ ПРЕЗИДЕНТИ ФЕДЕРАТСИЯИ ФУТБОЛИ ТОҶИКИСТОН
0
SHARES
120
VIEWS
Share on Facebook

Дар асоси мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо масъулони соҳаи футболи кишвар, ки рӯзи 3-юми феврали соли 2025 баргузор гардида буд, имрӯз вохӯрии вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал–лейтенант Эмомалӣ Собирзода бо ноиби Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон доир шуд.

Зимни вохурӣ нахуст ҳамкориҳои ду ҷониб дар сатҳи зарурӣ арзёбӣ шуда, масъалаи азнавсозии Варзишгоҳи “Клуби Марказии варзиши артиш” – и Вазорати мудофиа мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тибқи лоиҳа варзишгоҳ дорои 5 ҳазор ҷойи нишаст буда, азнавсозии он соли 2023 оғоз гардида буд ва ин варзишгоҳ марҳила ба марҳила ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонида мешавад.

Ҳангоми таҳияи лоиҳа ҳама меъёрҳои сохтмонӣ ва ҷузъиёти муҳими варзишӣ ба инобат гирифта шуда, корҳои насби нишастгоҳҳо дар қисмати шарқӣ, монитори калон, чароѓҳои равшанидиҳанда, таъмири ҷории утоқҳои либосивазкунӣ, мураббиён ва системаи обпошии муосир ба анҷом расонида шудааст.

Бо назардошти талаботи сохтмони варзишгоҳҳои муосири ҷаҳонӣ, дар варзишгоҳ ҳуҷраҳои алоҳидаи мураббияҳо, кормандон, дастаҳои футбол, ҷойи либосивазкунӣ, ҳаммом ва дигар шароити маишӣ дар сатҳи зарурӣ ба иҷро расонида мешаванд.

Майдони бозии футбол ба масоҳати беш аз 6 ҳазор метри мураббаъ бо сабзаи табиӣ таъмин карда шудааст, ки ин барои баргузории мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ дар сатҳи касбӣ мусоидат менамояд.

Азнавсозии варзишгоҳи “Клуби Марказии варзиши артиш”–и Вазорати мудофиа дар доираи иқдомҳои созандаву бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ–35 солагии Истиқлолияти давлатӣ ба нақша гирифта шудааст.

Бо назардошти имкониятҳои мавҷуда ва баҳри оммавӣ гардонидани футбол дар байни кормандони вазорат тасмим гирифта шуд, ки бо ҷалби хоҳишмандон  дастаҳои занонаи футбол ва мардонаи футзал таъсис дода мешавад.

Ҷиҳати ҷалби ҳарчи бештари кормандони ин ниҳоди қудратӣ ба варзиш, сохтмони варзишгоҳи дуюм бо сабзаи сунъӣ ба инобат гирифта шудааст, ки корҳои сохтмонии он дар сатҳи зарурӣ идома дорад.

Ҳоло бо ҷалби мутахассисон корҳои шаѓалпуркунӣ ва бетонрезӣ ба охир расида, рўзҳои наздик насби сабзаи сунъӣ оғоз мешавад.

Иншооти мазкур баъди навсозии пурра барои баргузории бозиҳои хонагӣ байни дастаҳои Лигаи олии футболи Тоҷикистон ва мусобиқаҳои шаҳриву ҷумҳуриявӣ бисёр мувофиқ мебошад.

Лозим ба таъкид аст, ки азнавсозии иншооти мазкур дар идомаи бозиҳои футбол ва рушди ин навъи варзиш дар байни кормандони Вазорати мудофиа заминаи воқеӣ фароҳам менамояд.

Маркази матбуот ва иттилооти

Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Previous Post

СУХАНРОНӢ ДАР МУЛОҚОТ БО РОҲБАРОН ВА ФАЪОЛОНИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ

Next Post

ИШТИРОК ДАР МАҶЛИСИ ВАСЕИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ МАРКАЗИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ИШТИРОК ДАР МАҶЛИСИ ВАСЕИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ МАРКАЗИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН

ИШТИРОК ДАР МАҶЛИСИ ВАСЕИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ МАРКАЗИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ГЕНЕРАЛ-ПОЛКОВНИК ЭМОМАЛӢ СОБИРЗОДА БО ВАЗИРИ ФЕДЕРОЛИИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ПОКИСТОН ҶАНОБИ ХОҶА МУҲАММАД ОСИФ

ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ГЕНЕРАЛ-ПОЛКОВНИК ЭМОМАЛӢ СОБИРЗОДА БО ВАЗИРИ ФЕДЕРОЛИИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ПОКИСТОН ҶАНОБИ ХОҶА МУҲАММАД ОСИФ

14.11.2025
ТАЪИНОТИ КАДРӢ

ТАЪИНОТИ КАДРӢ

14.11.2025
МУЛОҚОТИ ВАЗИРИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО РАИСИ КУМИТАИ МУШТАРАКИ САРДОРОНИ СИТОДҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ПОКИСТОН

МУЛОҚОТИ ВАЗИРИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО РАИСИ КУМИТАИ МУШТАРАКИ САРДОРОНИ СИТОДҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ПОКИСТОН

13.11.2025
НАТИҶАИ 40-РӮЗАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

НАТИҶАИ 40-РӮЗАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

11.11.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook