13-уми ноябр вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал — полковник Собирзода Эмомалӣ ва вазири федеролии мудофиаи Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷаноби Хоҷа Муҳаммад Осиф дар шаҳри Исломобод вохурӣ намуданд.
Ин дидор дар фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ оғоз гардида, ҳамтоён нахуст талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шарифро дар ҳама самтҳо неку самаранок арзёбӣ намуданд.
Натиҷаи талошҳои дӯстонаи роҳбарони ҳарду кишвар мебошад, ки миёни Тоҷикистону Покистон даҳҳо санади муҳими дуҷониба имзо шуда, сатҳи ҳамкориҳо ба шарикии стратегӣ расидааст, таъкид гардид зимни мулоқот.

Бо назардошти ин, вазири мудофиаи кишвар изҳор дошт, ки Ҷумҳурии Исломии Покистон дар сафи шарикони калидии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва ин омил метавонад ҳамкориҳои ду ҷонибро дар самти низомӣ низ рушди бештар бахшад.
Ҳамкориҳои мудофиавии ду кишвари ба ҳам дӯсту бародар, Тоҷикистону Покистон дар солҳои охир рушд ёфта, ба таъмини амнияти минтақавӣ нигаронида шудааст, изҳор дошт вазири федеролии мудофиаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Хоҷа Муҳаммад Осиф.
Илҳом АЛИЗОДА,
сардори Раёсати иттилоот ва робита бо ҷомеаи
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон





