Бо мақсади шарҳу тавзеҳи мазмуну мӯҳтавои Паёми солона ва супоришҳои дар ҷаласаи Шурои амният аз 19 феврали соли 2026 баёнкардаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Сарпрокурори ҳарбӣ генерал–лейтенанти адлия Ҳаётзода Фирдавс дар Гвардияи Миллӣ, Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ бо ҳайати шахсӣ вохӯриву сӯҳбатҳои самиммӣ доир намуд.

Зимни вохӯрӣ бо хизматчиёни ҳарбӣ дар Гвардияи миллӣ қайд карда шуд, ки бо шарофати сиёсати созанда, роҳбарии оқилона ва дурандешонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама соҳаҳои ҳаёт пешрафту шукуфоӣ ва рӯйдодҳои таърихӣ ба амал омадааст, ки он нишонаи ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ мебошад.

Бахусус, дар соли 2025 дастовардҳо дар самти сохта ба истифода додани иншоотҳои ҳарбӣ хеле назаррас буда, сатҳи зиндагии аҳолӣ сол то сол беҳтар мегардад. Аз ҷумла, музди меҳнати хизматчиёни ҳарбӣ дар соли 2026 боз 20 фоиз зиёд карда шуд, ки ин нишонаи возехи дастгирӣ ва таваҷҷуҳи бесвоситаи Пешвои миллат нисбат ба низомиён арзёбӣ мегардад.

Дар идомаи суҳбат бо ҳайати шахсии Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, масъулини мақомоти прокуроратураи ҳарбӣ аз супоришҳо дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ иқтибосҳо овардаанд. Зикр гардид, ки дар шароити ноорому буҳронии ҷаҳони муосир мубориза бар зидди терроризму экстремизм, радикализм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ вазифаи ҷонии сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ буда, ҳар як хизматчии ҳарбӣ бояд вазифаи худро дар самти ҳимояи суботу оромии ҷомеа, амнияту осоиши давлат ва мардуми Тоҷикистон бо садоқату сарбаландӣ иҷро намояд.

Дар шароити имрӯза ҳифзи сарҳади давлатӣ ва дар ин замина таъмин намудани рӯзгори ободу осиштаи мардум аз муҳимтарин рисолати фарзандӣ маҳсуб ёфта, он омодагии ҳамаҷониба ва рӯҳияи матину устувори ҳар як фард, пеш аз ҳама сарҳадбонои ватанро тақозо менамояд, таъкид кард Сарпрокурори ҳарбӣ.

Ҳамчунин, зимни шиносоӣ бо шароити хизмат ва сӯҳбат бо хизматчиёни ҳарбӣ дар Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ талаботи қонуну оинномаҳо вобаста ба моҳияти хизмати ҳарбӣ, вазифаи муқаддас будани ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он соддаю фаҳмо шарҳ дода шуд.

Диққати асосӣ ба пешгирии қонунвайронкунию ҷинояткориҳо равона гардида, сабабу омил ва шароитҳои ба онҳо заминагузоранда фаҳмонида шуд. Воқеан, хизматчиёни ҳарбӣ дар доираи интизом, муқаррарот ва ахлоқу шарафи ҳарбӣ амал намуданро аз вазифаҳои муҳиму аввалиндраҷа хеш медонанд.

Аз ҷумла, ба ҳайати шахсӣ таъкид карда шуд, ки ҳаёти ҳаррӯзаи онҳо аз риояи қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ, ки таҳкурсии асосии хизмати ҳарбӣ мебошад, иборат аст. Хотиррасон карда шуд, ки ба халқ содиқ будан, Ватанро мардонавор ва моҳирона мудофиа кардан, дӯстию рафоқат, эҳтироми якдигар ва иҷрои вазифаҳои хизмати ҳарбӣ, ки кафолати омодагии доимии ҷангӣ мебошад, дар доираи Савганди ҳарбӣ бечунучаро иҷро карда шавад.

Дар охир ба муроҷиати шифоҳии хизматчиёни ҳарбӣ дар доираи меъёрҳои қонунгузорӣ ҷавобҳои мушаххасу қонеъкунанда дода шуд.






