Вақтҳои охир бархе аз истифодабарандагони шабакањои иҷтимоӣ аксу наворҳоеро ба интернет ворид менамоянд, ки ба фарҳанги мардуми мо рост намеояд ва баръакс боиси иғвоангезӣ дар миёни ҷомеа мегардад.
Вобаста ба навори ҷавоне дар шаҳри Кӯлоб дар назди пояи оҳанине, ки нафарони зиёд онро иҳота кардаанд ва ин навор аз ҷониби шахси номаълум сабт гардида дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудааст, муайян карда шуд, ки ҳодисаи мазкур ба хизмати ҳарбӣ рабт надорад.

Мутобиқи маълумоти дастрасшуда ҷавони бо пироҳани сафед дар навор маълум буда, ҳамчун гумонбар ба паҳн кардани маводҳои нашъаовари лирика аз ҷониби мақомоти милитсияи шаҳри Кӯлоб боздошт шуда истодааст.
Дар робита ба ин, аз ҳама шаҳрвандон ва истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, бо паҳн кардани чунин наворҳо ва маълумоти бардурӯғу иғвоангезона, номи пуршарафи сарбоз ва хизмати ҳабиро паст назананд ва баръакс дар самти ҷалби ҷавонони бонангу номус ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ саҳмгузор бошанд.
Маркази матбуот ва иттилооти
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон





