Ҳамасола дар мавсими баҳорӣ ва тирамоҳии даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон расонаҳои хабарии “радиои озодӣ” ва “Азия плюс” ба хабарҳои носаҳеҳ ва бедалел доир ба хизмати ҳарбӣ бештар таваҷҷуҳ мекунанд.
Вобаста ба ҳолати ғарқшавии сарбоз Шаҳбоз Ҷонмаҳмадзода дар дарёи Кофарниҳони шаҳри Ваҳдат, санаи 28-уми апрел дар сомона ва саҳифаи фейсбукии “радиои озодӣ” ва бознашри “Азия-Плюс” бе далелҳои расмӣ ва назари шоҳидон маводе нашр гардид, ки хусусияти иғвоангезона дошта, боиси нороҳатии натанҳо волидайн ва наздикону пайвандони номбурда, балки сокинон ва корбарони шабакаҳои интернетӣ гардид.
Дар матлаби нашрнамудаи расонаҳои болозикр омадааст, ки гӯё яке аз наздикони марҳум ба радиои озодӣ занг зада, аз ҳодисаи рухдода ба радиои мазкур хабар додаанд, вале назари модари ӯ дигар аст.
Андешаи модари сарбоз оид ба занг задан ба “радиои озодӣ”.
Савол: Ҳозир “радиои озодӣ” гуфтанд, ки яке аз наздикони сарбоз ё хешовандош ба онҳо занг задаанд?

Ҷавоб: Ягон кас занг задагӣ нестай ака, и дуруғай, ҳамаш дуруғай ҳеҷкас занг задагӣ нестай, ина иқашон ҳамиҷадаанд, се рӯз шуд мо рафта омадестем барои бачам, хонада ҳам меҳмонҳо ва ҳамсояҳо омада пурсида рафтестанд, ҳеҷкас ягонҷо занг задагӣ нестай.
Зимни вохӯрии ногаҳонӣ дар ҷойи ҳодиса хабарнигори “радиои озодӣ” Мулораҷаб Юсуфӣ дар суҳбати кӯтоҳ ба мо гуфт, ки яке аз пайвандони сарбози номбурда вобаста ба ҳолати мазкур ба идораи асосии радиои “озодӣ” воқеъ дар шаҳри Прагаи Ҷумҳурии Чехия хабар додааст. Аммо пайвандони сарбоз ин гуфтаҳоро комилан рад мекунанд.
Суҳбати тағои сарбоз бо хоҳараш оид ба занг задан ё назадан.

Тағои сарбоз: Овоза шудагиай, ки шумо ҳами радиои “озодӣ”-ра хтон фарёд кадагиен
Ҷавоби холаи сарбоз: Ҳозир ҳаму “радиои озодӣ” ҳамуҷаай, не ҳиҷка нарафтай
Тағои сарбоз: Шид тамом, тамом, тамом, тамом.
Агар ба матни маводҳои “радиои озодӣ” аҳамият дода бошед, онҳо дар аксар маврид зимни таҳияи мақолаҳои бе далел ва асоси воқеӣ надошта ибораҳои гӯё “яке аз корбарони”, “наздикони”, “шоҳидони” ё “намояндаи мақомоте, ки аз ифшои номи худ худдорӣ кард”-ро ҳамчун сарчашмаи иттилоот истифода мебаранд, ки саҳеҳияти муҳтавои маводро зери суол гузошта, дар мафкураи мардум таъсири манфӣ мерасонад.
Назари модари сарбоз дар бораи ба хизмат рафтани фарзандаш.

1-уми октябр хизмат рафт, ина ҳафтмоҳагӣ рафтестай, Ҷонмаҳмадзода Шаҳбоз ному фамиляш, 2003, гудаки панҷмоҳа дора, зандор, ҳаму части поёни Корвонда хизмат мекна, ягон бор ягон шикоят кардагӣ нестай, ягон бор, духтарчаш касал буд, ҷавоб гирифта омадай ба хотири духтарчаш.
Зимни суҳбат мо аз хабарнигорони “радиои озодӣ” ҷиҳати баъзан маврид бе хулосаи ниҳоии мақомоти салоҳиятдор нашр намудани хабарҳояшон пурсон шудем, вале онҳо дар ҷавоб гуфтанд, ки мо хулосаи ниҳоии тафтишотро интизор намешавем.


Ёдовар мешавем, ки Шаҳбоз Ҷонмаҳмадзода дар даъвати тирамоҳии соли 2025 ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуда, ҳамчун сарбози боинтизом ва намунавӣ дар яке аз қисмҳои низомии Вазорати мудофиа адои хизмат менамуд.
Андешаи модари сарбоз оид ба хизмати фарзандаш ва муносибати командирон.

Савол : Хизматаш чи хел буд?
Ҷавоб: Хизматаш соз, мепурсидм мегуфт соз, нағзай, командиромонам одамои хубан.
Савол : Мерафтед ягон бор қисми ҳарбишон?
Ҷавоб : Хай аввали нав рафтагишда мерафтм, тез-тез мерафтм, хабар мегирифтм, баъде, ки ҷавобшон додан нарафтм, дига охи дилм пур шуд, меомад мерафт, нағз меомад мерафт, ба гуфта, ба ханда нағз меомад мерафт.
Ҳамхизматони ӯ низ гуфтаҳои модарашро тасдиқ карданд.
Назари ҳамхизматаш.

Ман сарбози қаторӣ Зарипов Саъдулло, муддати ҳафт моҳ мешавад, ки дар қисми ҳарбии 08145 адои хизмат мекунам. Инҷо ҷойи хоби ман аст ва инҷо ҷойи хоби Ҷонмаҳмадзода Шаҳбоз. Суҳбат мекардем, вазъи саломатиаш хуб буд, бо ҳама рафиқ буд, бо ҳамдигар хизмат мекардем. Дар машғулиятҳои ҷисмонӣ пешсаф буд.
Андешаи холаи сарбоз оид ба шароити қисми низомӣ.

Шароити част нағз, ҳамаҷиҳата нағз. Ҳами часте, ки поёни Корвонба, рақамша ростӣ гап фаромӯш кардам. Баъди мости Корвон аз дасти рост, якум часте, ки аз дасти рост, части нағз беҳтарин част.
Назари ҳамхизмати дигараш.

Ман сарбози қаторӣ Раҷабов Азиз. Ҷонмаҳмадзода Шаҳбоз ҳампризиви хдм буд, қати ма хизмат мекард, мақсад бачаи соз буд, ихели ягон проблема надошт, нашоти саломатиш ҳамаш сад фоиза соз буд, завтрак мерафтем,
Дар матни “радиои озодӣ” аз шароити хизмат, вазъи саломатӣ ва гуё барои ташхис ба беморхонаи шаҳри Ваҳдат рафтани сарбози номбурда, зикр шудааст. Тавре аз гуфтаҳои ҳамсуҳбатони мо бармеояд, навиштаҳои “радиои озодӣ” дар ин маврид низ асоси воқеӣ надоранд.
Андешаи модари сарбоз оид ба охирон бор суҳбат карданаш

Савол : Охир бор ҳамроҳашон кай гап зада будед?
Ҷавоб: Телефон да?
Савол: Бо телефон гап задед ё аз пеш дидед?
Ҷавоб: Телефон да, да ҳаму Файзобод сар паст кадеса буд, брам сарма салдатӣ пас кнм гуфтак, гуфт хона брен ҳози ма мерам ай қафо, ма хестм хона рафтм зангш задм, гуфт, ки оча пага мерам ҳами районда қати бачаҳо иқа гап-гап кнм мерам, хона рафтм дер кад, бо занг задмша, прсидмша гуфт, да Ваҳдатм, ҳозир мерам.
Назари холааш оид ба вазъи саломатӣ

Савол: Вазъи саломатишон чихел буд?
Ҷавоб: вазъи саломатишон нағз, вазъи саломатишон нағз, а то что вай мегад, ки гурдоҳо ким—чи, ким—чи, ким—чи ин гап бардурӯғ аст.
Андешаи сардори Бунгоҳи тиббӣ

Ман сардори Бунгоҳи тиббӣ, Носиров Ибодулло Ҳикматуллоевич. Оид ба сарбози қаторӣ Ҷонмаҳмадзода чунин гуфта метавонам, ки дар давоми ҳафт моҳи фаъолияти хизматаш як маротиба ба Бунгоҳи тиббӣ аз дарди сар муроҷиат карда, дар китоби сабти беморони амбулаторӣ ба қайд гирифта шудааст. Вай баъд аз он ягон маротиба аз вазъи саломатиш ба Бунгоҳи тиббӣ шикоят накардааст.
Лозим ба таъкид аст, ки вобаста ба ҳар як ҳолат дар муҳлатҳои муқаррарнамудани қонун санҷиши пурра, ҳамаҷониба ва холисона гузаронидашуда, аз тарафи мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ қарорҳои қонунӣ ва асоснок қабул карда мешавад ва ҳодисаи мазкур низ мавриди санҷиш қарор дорад.
Ногуфта намонад, ки айни замон дар ҷойи ҳодиса наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доранд.
Раёсати иттилоот ва робита бо ҷомеаи
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон




