22-марти соли 2018 дар ш. Ню Йорк барои ҷалби ҷомеаи ҷаҳонӣ дар татбиқи Даҳсола чорабинӣ бахшида Оғози расмии Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” пешбинӣ шудааст. Бояд қайд кард, ки яке аз мизҳои мудаввари чорабинӣ таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Инчунин, баргузории Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд “Даҳсолаи байналмилалии амал: “Об барои рушди устувор, 2018-2028” бошад, рӯзҳои 20-22 июни соли 2018 дар ш.Душанбе ба нақша гирифта шудааст.
Конференсияи мазкурро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали баргузор менамояд.
Ҳадафҳои асосии Конфронс баланд бардоштани огоҳии саривақтӣ ва самарабахши татбиқи Ҳадафҳои шашуми рушди устувор ва дигар ҳадафҳои вобаста ба об мебошад. Инчунин, муҳокимаи қадамҳои минбаъдаи татбиқи Нақшаи амалии Даҳсолаи байналмилалии амал 2018-2028 дар сатҳи ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва кишварӣ яке аз вазифаҳои асосии Конфронс ба шумор меравад.
Конфронс ҳамчунин барои идома ва тақвият бахшидани доираи муҳокимаҳои чорабинии сатҳи баланд оид ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, 2018-2028, ки аз ҷониби Президенти 72-ум Иҷлоси МУ СММ (22.03.2018, ш. Ню Йорк) баргузор мегардад, равона шудааст.
Ҷиҳати иштирок дар Конференсияи болозикр сарони давлату ҳукуматҳои кишварҳои аъзои СММ, ниҳодҳои СММ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, институтҳои байналмилалии молиявӣ, доираҳои тиҷоратӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, муассисаҳои илмӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор даъват шудаанд.
Барномаи Конференсия Даҳсолаи об ҷаласаҳои пленарӣ, силсилаи ҷаласаҳои мавзӯӣ ва интереактивӣ, инчунин намоишгоҳ ва чорабиниҳои канориро дарбар мегирад.