Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Мақола

ВАҲДАТ-ҶАВҲАРИ СУЛҲОФАРИ КИШВАР

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
16.12.2024
in Мақола
0
ВАҲДАТ-ҶАВҲАРИ СУЛҲОФАРИ КИШВАР
0
SHARES
120
VIEWS
Share on Facebook

Ваҳдати миллӣ дар кишвар замина ва решаҳои аслии худро аз чунин саҳифаи заррин ва сарнавиштсоз барои миллати тоҷик, яъне рӯзи ба имзо расидани Созшномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон дарёфт, ки 27-уми июни соли 1997 ба имзо расид ва паёми ҷонбахше буд аз фарорасии сулҳи деринтизор!

Ҳосил шудани ин созиш, эътимод ба якдигар ва барқарор гардидани сулҳу субот барои дар муддати муайян гузаронидани як қатор чорабиниҳои муҳими сиёсӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи воқеан демокративу ҳуқуқбунёд шароити мусоид фароҳам овард.

Метавон баён кард, ки муҳимтар аз ҳама, он замон нерӯҳои гуногуни сиёсӣ дар Тоҷикистон пурра дарк намуданд, ки сулҳ ва Истиқлолият бузургтарин дастовардҳои миллат ҳастанд ва дар баробари ин ду неъмати бебаҳо манфиатҳои маҳдуди ҳизбӣ, гурӯҳӣ, маҳаллӣ ва ғайра мақоми дуюмдараҷа ва ё сеюму чаҳорумдараҷа доранд. Осоиши халқ, рушди давлат, таҳкими пояҳои истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва обрӯи байналхалқии мо, пеш аз ҳама ба таъмини волоияти қонун дар саросари мамлакат вобаста мебошад.

Мавриди зикр аст, ки устуворшавии арзишҳою ниҳодҳои демократӣ, бо такя ба фаъолгардонии амал ва мавқеи созмонҳои ҷамъиятию ғайриҳукуматӣ, такмилу тақвияти механизми таъсири ҷомеа ба шахс ва рафтори ӯ, тарбияи маърифати баланди сиёсии шаҳрвандон ва санъати идораи ҷомеа, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи арзишҳои меҳанпарастӣ ва эҳтиром доштани мероси маънавии ниёгон, устуворшавии адолати иҷтимоӣ василаҳои воқеии расидан ба ваҳдати миллӣ мебошанд.

Ваҳдати миллӣ моҳият ва арзишҳои худро дошта, ба қадр, мӯҳтаво ва асолати он расидан худ кори муқаддас ва бузург мебошад. Чуноне ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштаанд, «Ваҳдат рамзи воқеӣ ва ҷавҳари фалсафаи сулҳофарӣ, фарҳангсолориву таҳаммулпазирии миллати тоҷик ва таҷассумгари иттиҳоду ҳамбастагии тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.»

Ба хотир меояд, ки Ямо Шароф ном донишманди кишвари ҳамсоя-Афғонистон гуфта буд: «Ваҳдати миллии Тоҷикистон падидае аз рӯшноии тафаккур ва иродаи бузурги миллатест, ки ба қалбҳои мо умеду орзуи тоза мебахшад. Бояд аз сулҳи Тоҷикистон дарс гирифт ва метавон бо истифода аз таҷрибаи Тоҷикистон ва истифода аз абзорҳое, аз ҷумла баргузории ҳамоиш, заминаи якҷо шудан ва оштии гурӯҳҳои мухталифи даргирро пайдо ва аз ин тариқ сулҳу суботро таъмин кард ва ба ваҳдати миллӣ расид. Бидуни шак метавон ин таҷрибаро дар Афғонистон ҳам пиёда сохт. Аммо як шарти дигарро ҳам бояд дар назар дошта бошем ва он доштани роҳбари бедору огоҳ ҳамчун ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон аст. Ба ҳақ, ки Тоҷикистон мамнуни талошҳои пайгир ва ҳамаҷониба ва эҳсоси шахсии эшон аст, ки дар ба дар ба дунболи ҳамватанони худ ба ҳар кишваре сар зад, худро ба заҳмат андохт, то миллатро аз дарбадарӣ ва заҳматкашӣ наҷот дод. Яъне сарсупурдагии сарвари сиёсӣ ба Ватан ва миллат иродаи қавии меҳанпарастии эшон буд, ки миллати тоҷикро баъди ҳазор сол боз аз нав муттаҳид ва ба ваҳдати миллӣ раҳсипор кард. Ваҳдати бамиёновардаи миллати тоҷик бузургтарин дастоварди қарни ХХІ ва намунаи беҳтарини эҷоди роҳи мусолиҳатомези сулҳу салоҳ аст, ки бояд кишварҳои ҷангзада онро сармашқи кори хеш созанд!»

Ҷанбаи дигари ваҳдати миллии мо ягонагии ҷомеаи Тоҷикистон, таҳаммулпазирӣ нисбат ба дигар ақаллиятҳои миллӣ ё ба таври дигар, шаҳрвандоне мебошанд, ки решаҳои этникии худро ҳамчун намояндаи фарҳанги дигар миллатҳо эҳсос мекунанд. Тавре ки бармеояд, дар Тоҷикистон ақаллиятҳои миллӣ аз ҳамаи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ бархурдоранд ва ҳеҷ монеаи сунъие барои онҳо вуҷуд надорад. Яъне дар сатҳи муносибати байни ақаллиятҳои миллии сокини кишварамон фазои мусоиди ваҳдатофаре ҳукмрон аст.

Ҷиҳати сеюми ваҳдати миллӣ, ки аз ин гуфтаҳо бармеояд, гуфтугӯи фарҳангҳо ва таҳаммулпазирии онҳо дар доираи як давлати миллӣ ба ҳисоб меравад. Аслан, худи мавҷудияти як умумияти фарҳангии гурӯҳҳои гуногуни этникӣ, ки дар Тоҷикистон ба вуҷуд омадааст, натиҷаи ҳамин рӯҳияи таҳаммулгароии миллати мо ва аз тарафи Президенти кишвар амалӣ кардани сиёсати ваҳдати миллӣ мебошад.

Дар таъмини ваҳдати ҷомеа, бе шак нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бориз аст. Замоне ки Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омад, Тоҷикистон ба ҷанги таҳмилии дохилӣ гирифтор буд ва кишварро хавфи нобудӣ таҳдид мекард, мардум ба гуруснагиву нодорӣ ва ҷангу ҷидол рӯбарӯ буданд. Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар навбати аввал бо таҳаммул ва дарки дурусти воқеиятҳо дар сафару гуфтушунид бо раҳбарони давлатҳои дахлдор пайи пайдо кардани қазияи ҷанги кишвар шуда, бо гурӯҳҳо ва нерӯҳои мухталиф ва ҷангандаи дохилӣ рӯ ба рӯ гардида, музокира кард, сулҳ баст ва роҳро барои эҷоди сулҳ боз кард. Имрӯз ҳатто ҳар як узви ҷомеа эътироф мекунад, ки барқарор шудани сулҳу субот ва ризоияти миллӣ дар кишвари мо истиқлолияти Тоҷикис­тонро устувор гардонд ва амнияти мардуми кишварро таъмин кардааст. Бояд гуфт, ки барқарор намудани равобит бо кишварҳои дуру наздик бар пояи манфиати миллату кишвар аз самтҳои афзалиятнок барои ҳар давлате мебошад. Сарвари мамлакат бо дарки амиқи масъала ин қаринаро дар муносибати кишвар бо давлатҳои хориҷӣ ба роҳ монд. Барои мисол, коршиносон ва донишмандон равобити неки Тоҷикистонро бо кишварҳои зиёде, аз ҷумла Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Эрон, Афғонис­тон ва садҳо кишвари дигар, ки воқеан бо кишвари мо хостори равобити солим ҳастанд, аз ҷумлаи муваф­фақият­ҳои бузург медонанд. Бо кӯшишу талоши Президенти кишвар тадбирҳои нав андешида шуда, роҳҳои иртиботӣ бо кишварҳои дигар боз меша­ванд, нақшаҳои бузург бо суръат дар кишвар амалӣ мегарданд.

Ваҳдату достони он. Бо иншо шудани ин достон ва бо хуни дил ба даст омадани ону устувории сулҳ ва ризоияти миллӣ дар кишварамон ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон чун ба давлате, ки роҳи демократиро масири пеш­раф­ти худ интихоб кардааст, эътимод дорад.

Имрӯз барои ҳама равшан аст, ки ҳадафҳои номбурдашуда, ҳамчунин ҳимояи манфиатҳои миллӣ, ҳифзи дастовардҳои Истиқло­лият, барқарории суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва таҳкими ваҳдати мил­лӣ, муайянкунандаи самтҳои фаъолияти Президент, Маҷлиси Олӣ, Ҳуку­мати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокими­яти дав­ла­тии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, сохторҳои худидораи маҳаллӣ, кор­хо­наву муассисаҳои давлативу ғайридавлатӣ, инчунин ҳизбҳои сиё­сӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва институтҳои ҷомеаи шаҳрван­дӣ мебошанд.

Акнун падидаи Ваҳдати миллӣ мавзӯи баҳсу мунозираҳои назарӣ набуда, балки амри воқеии таърихи навини тоҷикон аст. Маҳз ваҳдати миллӣ ҳачмун омили муайянкунандаи роҳи асосии пешрафти Тоҷикистон арзишҳо ва афзалиятҳои ҷомеаи тоҷикро шакл дода, қавитар гар­донд ва гузашта аз ин, пояи устувори давлатдории тоҷикон гардида, он як «Достони ҳамдилӣ»-и зебое шудаю моро ба саодат ва ояндаи рахшон мебарад!

Сабзаалӣ АСОЗОДА,

устоди ДМТ

Previous Post

МАШҚҲОИ БАТАЛИОНӢ-ТАКТИКӢ ДАР “ФАХРОБОД”

Next Post

ТАНЗИМ ОМИЛИ ТАШАККУЛИ МАЪРИФАТИ САРФАКОРӢ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ТАНЗИМ ОМИЛИ ТАШАККУЛИ МАЪРИФАТИ САРФАКОРӢ

ТАНЗИМ ОМИЛИ ТАШАККУЛИ МАЪРИФАТИ САРФАКОРӢ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ДАРКИ АМИҚИ СУБОТУ ОСОИШТАГӢ!

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ДАРКИ АМИҚИ СУБОТУ ОСОИШТАГӢ!

23.06.2025
ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН

ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН

22.06.2025
НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ ИНФРАСОХТОРИ НАҚЛИЁТИИ ТОҶИКИСТОН

НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ ИНФРАСОХТОРИ НАҚЛИЁТИИ ТОҶИКИСТОН

20.06.2025
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ АСОСИИ РӮЗГОРИ БОСАОДАТ

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ АСОСИИ РӮЗГОРИ БОСАОДАТ

19.06.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook