Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Мақола

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ҲАМБАСТАГИИ МИЛЛАТ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
17.06.2025
in Мақола
0
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ҲАМБАСТАГИИ МИЛЛАТ
0
SHARES
46
VIEWS
Share on Facebook

“Мо ваҳдати миллиро дар баробари истиқлоли давлатӣ як рукни муҳимми давлатдорӣ ва шарти аслии пешрафту шукуфоии Тоҷикистон медонем ва барои тақвият, таҳким, устуворӣ ва такомули минбаъдаи он бо дастгирии мардуми сарбаландамон ҳамаи тадбирҳои заруриро меандешем.”

Эмомалӣ Раҳмон

Ваҳдати миллӣ яке аз арзишҳои бузургу бебаҳо барои ҳар як давлату миллат мебошад. Он ҳамчун рамзи дӯстиву ҳамбастагӣ, ягонагии ҷомеа ва кафолати субот ва пешрафти мамлакат ба ҳисоб меравад. Дар масири таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ваҳдати миллӣ василаи беҳтарине мебошад, ки мардум бо шарофати ин арзиши умумибашарӣ  ба зиндагии шоиста ноил гардиданд.

Агар ба мазмуну муҳтавои ваҳдати миллӣ назар афканем, бароямон маълум мегардад, ки ваҳдат маънои ягонагии ақлониву рӯҳонӣ ва ҳамбастагии ҳамаи қишрҳои ҷомеа, новобаста ба забон, миллат, мазҳаб ва дидгоҳҳои сиёсиро дорад. Он дар асоси ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ба гуногунандешӣ ва ҳифзи арзишҳои умумибашарӣ бунёд мегардад.

Мавриди зикр аст, ки  ваҳдати воқеӣ танҳо дар шароите пойдор мешавад, ки мардум худро як ҷузъи ҷудонопазири як миллат донанд. Дар таҷрибаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон ваҳдати миллӣ ба сифати рамзи хушбахтӣ, саодати мардум ва омили пешрафти иқтисоди миллӣ шинохта шудааст. Зеро пас аз ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992–1997, Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи ваҳдату оштӣ ва барқарорсозии сулҳро пеш гирифтанд. Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1997 оғози марҳилаи наве дар таърихи кишвар буд. Аз ҳамон замон сар карда, Тоҷикистон ба сохтмони ҷомеаи орому пешрафта шурӯъ намуд. Аз баракати ваҳдат соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ рушд карданд. Аз ҷумла, барои барқарорсозии инфрасохтор, муассисаҳои давлатӣ, соҳаи маориф ва тандурустӣ, инчунин эҳёи иқтисоди миллӣ замина гузошт.  Садҳо корхонаҳои истеҳсолӣ, неругоҳҳои барқӣ, аз ҷумла, НБО-и «Роғун», роҳҳо ва мактабҳо бунёд шуданд. Ҳамзамон, ваҳдат ба пойдории арзишҳои миллӣ замина гузошт. Бо шарофати ин неъмати бебаҳои таърих, арзишҳои миллӣ — забон, фарҳанг, анъанаҳои ниёгонамон аз нав эҳё гардида, ҳувияти миллӣ тақвият ёфтанд. Имрӯз Тоҷикистон чун давлати соҳибистиқлол дар байни кишварҳои олам бо фарҳангу забони бой ва таърихи пурғановати худ шинохта мешавад. Илова бар ин, Ваҳдат – пояи рушди ҷомеа ба ҳисоб рафта, дар ин замина таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми мутақобил миёни шаҳрвандон имконият медиҳад, ки ҷомеаи солим ва устувор бунёд карда шавад.

Ҳамин тавр, ваҳдати милливу сартосарӣ ба мо на танҳо сулҳу субот, балки имконияти зиндагии беҳтар, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва эҳёи арзишҳои миллиро фароҳам овардааст. Он пояи истиқлол ва кафили фардои дурахшони миллат аст. Ваҳдати миллӣ на танҳо як арзиши иҷтимоиву сиёсӣ, балки дастоварди таърихист, ки бояд ҳама онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Аз ин рӯ, ҳифзи ваҳдат ва таҳкими он вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Бинобар ин, ҳар як шаҳрванди кишвар вазифадор аст, ки дар таҳкими он саҳм гузорад, бо рафтору гуфтори нек ва ҳисси масъулиятшиносӣ дар рушду оромии Ватан кӯшиш намояд.

Наҷибулло ШОКИРЗОДА,

декани факултети таҳсилоти фосилавӣ ва таҳсилоти

 дуюми олии касбии Академияи идоракунии давлатии

назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

 номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент

Previous Post

ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА ОМОДАБОШИИ НЕРУЮ ВОСИТАҲОИ ҲУДУДӢ ВА ЗАХИРАҲОИ САФАРБАРӢ МАВРИДИ САНҶИШ ҚАРОР ДОДА ШУД

Next Post

ИШТИРОК ДАР ҲАМОИШИ ДУЮМИ “ОСИЁИ МАРКАЗӢ-ЧИН”

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ИШТИРОК ДАР ҲАМОИШИ ДУЮМИ “ОСИЁИ МАРКАЗӢ-ЧИН”

ИШТИРОК ДАР ҲАМОИШИ ДУЮМИ “ОСИЁИ МАРКАЗӢ-ЧИН”

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

НИШАСТИ МАТБУОТӢ АЗ НАТИҶАҲОИ МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

НИШАСТИ МАТБУОТӢ АЗ НАТИҶАҲОИ МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

08.07.2025
МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ВА ХАВФНОКИИ ИН ПАДИДАИ НОМАТЛУБ

МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ВА ХАВФНОКИИ ИН ПАДИДАИ НОМАТЛУБ

07.07.2025
БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ СИЁСӢ ОИД БА ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАСЪАЛАИ ОБУ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИИКИСТОН

БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ СИЁСӢ ОИД БА ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАСЪАЛАИ ОБУ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИИКИСТОН

04.07.2025
ИШТИРОК ДАР ҲАМОИШИ 17-УМИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ (ЭКО)

ИШТИРОК ДАР ҲАМОИШИ 17-УМИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ (ЭКО)

04.07.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook