Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Мақола

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ АСОСИИ РӮЗГОРИ БОСАОДАТ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
19.06.2025
in Мақола
0
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ АСОСИИ РӮЗГОРИ БОСАОДАТ
0
SHARES
49
VIEWS
Share on Facebook

 

Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ ба тарғиби тафаккури ваҳдатгароӣ, арзишҳои башариву ҳамзистӣ авлавият медиҳад. Воқеияти таърихист, ки кишвари соҳибистиқлоли мо, танҳо баъд аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати хориҷӣ ба муваффақиятҳои чашмрас ноил шуд. Тавассути сиёсати хирадмандонаву башардӯстонаи Пешвои муаззами миллат чеҳраи воқеии халқи тоҷик ҳамчун миллати сулҳҷӯву ваҳдатгаро муаррифӣ гардида, муаллифи чандин ташаббусҳои байналмилалӣ ба нафъи аҳли башар гардид.

Аслан мафҳуми ваҳдат ё ваҳдати миллӣ барои миллати тоҷик пас аз касби Истиқлоли давлатӣ ва, махсусан баъди имзои Созишномаи истиқрори Сулҳ ва созгории миллӣ дар соли 1997, аҳамияти хосса пайдо кард. Ваҳдат барои як миллат ва як ҷомеа ба ҳадде зарур аст, ки метавон гуфт бе доштани он ҳеҷ миллат ва давлате наметавонад ба камоли матлуб ва саодат даст ёбад. Бо дарки ин воқеият Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 июнро ҳар сол дар саросари кишвар Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон кард ва худ тамоми талоши мумкинро дар роҳи ба ҳам овардани миллати тоҷик ва таъмини ваҳдати сартосарӣ аз оғози фаъолиятҳои пурбори худ ба роҳ андохт.

Воқеан, дар кишвари мо ваҳдати комилӣ миллӣ дар заминаи талошҳои хастагинопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад. 27-уми июни соли 1997, баъд аз ҳашт даври музокирот, дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ ба имзо расида, кишвари азизи моро таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ба қаламрави саодат ворид кард.

Таърих ҳамчун довари ҳақбин фаромӯш нахоҳад кард, ки дар роҳи расидан ба ваҳдати миллӣ ва истеҳкоми аркони давлатдории навини мо нақши роҳбари оқилу тавоно ва сиёсатмадори эътирофшудаи сатҳи ҷаҳонӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо барҷаставу мондагор аст. Ин фарзанди фарзонаи халқ аз лаҳзаҳои аввали ба саҳнаи сиёсат ворид шуданашон сокинони кишварро дар атрофи ғояҳои баланди сулҳу ваҳдат ҷамъ оварда, давлату миллатро аз эҳтимоли нобудӣ наҷот бахшиданд. Тамоми қувваю дониш ва иродаю имконияти хешро барои таъмини ваҳдати миллӣ, сулҳи саросарӣ, баргардондани муҳоҷирони иҷборӣ ба Ватан ва шурӯи музокирот равона сохтанд.

Бояд зикр намуд, ки бузургтарин хатаре, ки барои як миллат ва як давлат таҳдид мекунад, ин набудани ваҳдати миллӣ ва иттиҳоду якпорчагӣ мебошад. Дар аҳди қадим қудратҳои ғарбӣ мафҳуми “Тафриқа андозу ҳукумат кун” — ро асоси фаъолияти худ қарор дода, бо ба роҳ андохтани тафриқа ва парокандагӣ дар байни миллатҳо ва давлатҳои шарқӣ онҳоро ба сарҳади нестӣ ва азҳампошӣ кашида, худ бар онҳо ҳукумат мекарданд. Ин хатар ҳанӯз аз байн нарафта ва ҳанӯз ҳам қудратҳо ва кишварҳое ҳастанд, ки мехоҳанд бо андохтани ихтилоф ва зиддият дар байни дигар миллатҳо ва давлатҳои як андоза заиф ва дар ҳоли рушд, онҳоро ба гирдоби ноамнӣ ва ихтилоф кашида, худ хостаҳои ҷаҳонхоҳии худро пиёда кунанд. Бино бар ин, Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки ин воқеият, ҳамеша моро аз хатари ихтилофу парокандагӣ ҳушдор дода, миллати тоҷикро ба иттиҳоду якпорчагӣ даъват менамояд ва ҳамчун як Пешвои ростин ва воқеӣ бори ин масъулияти азим ва муқаддасро амалан ба дӯш гирифтаанд.

Мутолиаи бештар дар даври музокироти тоҷикон, ки оқибат ба сулҳи сартосарӣ оварда расонд, моро ба ин натиҷа меорад, ки, пеш аз ҳама, ва беш аз ҳама барои ба ин сулҳ расидан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талош кардаанд. Ӯ аз оғози ин музокирот, бо вуҷуди таҳдиди хатарҳо ва душманони зиёд доштани ин сулҳ, ҳаргиз аз роҳи интихобкардаи худ барнагашта, балки бо азму иродаи қавӣ ва азхудгузаштагӣ барои ба ин неъмати бебаҳо даст ёфтан, аз ҳеч кӯшишу талоше дареғ наварзидаанд.

Ваҳдати миллӣ танҳо як шиори хушку холӣ набуда, балки реша дар ормонҳои давлат ва миллати тоҷик дорад. Албатта, дар як ҷомеаи демократӣ, ки мардуми он дорои ақидаҳои мухталиф ва гуногунандешӣ мебошанд, метавонад қишрҳои мухталифи он ҷомеаи дар ҳама умур ваҳдати назар надошта бошанд, вале хушбахтона миллати тоҷик дар масъалаи Истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот комилан бо давлати худ мувофиқ буда, барои ҳифз ва пос доштани ин неъматҳои арзишманд бо пайравӣ аз Пешвои муаззами худ тавонистааст бо азму иродаи қавӣ фарозу нишеби зиёдеро бипаймояд ва ваҳдату сулҳу суботро ҳифз кунад.

Бо мурури вақт ва таҳлили авзои мураккаби ҷаҳони муосир мебинем, ки мақом ва аҳамияти ваҳдати миллӣ то чи андоза барои тараққиёти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию илмӣ ва фарҳангию таърихии давлату миллат аҳамият дорад. Воқеан, ваҳдати миллӣ баъд аз расидан ба Истиқлолияти давлатӣ дувумин таҳаввулоти бузурге буд, ки пойдевори давлатдории навини тоҷиконро истеҳком бахшид.

 

Фируз САФАРЗОДА,

муфаттиши Шуъбаи тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан

 муҳими Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

капитани адлия

Previous Post

СУЛҲУ ВАҲДАТ ҲИДОЯТГАРИ МО БА СӮИ ФАРДОИ НЕК

Next Post

НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ ИНФРАСОХТОРИ НАҚЛИЁТИИ ТОҶИКИСТОН

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ ИНФРАСОХТОРИ НАҚЛИЁТИИ ТОҶИКИСТОН

НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ ИНФРАСОХТОРИ НАҚЛИЁТИИ ТОҶИКИСТОН

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

НИШАСТИ МАТБУОТӢ АЗ НАТИҶАҲОИ МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

НИШАСТИ МАТБУОТӢ АЗ НАТИҶАҲОИ МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

08.07.2025
МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ВА ХАВФНОКИИ ИН ПАДИДАИ НОМАТЛУБ

МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ВА ХАВФНОКИИ ИН ПАДИДАИ НОМАТЛУБ

07.07.2025
БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ СИЁСӢ ОИД БА ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАСЪАЛАИ ОБУ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИИКИСТОН

БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ СИЁСӢ ОИД БА ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАСЪАЛАИ ОБУ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИИКИСТОН

04.07.2025
ИШТИРОК ДАР ҲАМОИШИ 17-УМИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ (ЭКО)

ИШТИРОК ДАР ҲАМОИШИ 17-УМИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ (ЭКО)

04.07.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook