Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Мақола

ВАТАНДОРӢ МАСЪУЛИЯТИ БУЗУРГ АСТ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
28.04.2025
in Мақола
0
ВАТАНДОРӢ МАСЪУЛИЯТИ БУЗУРГ АСТ
0
SHARES
52
VIEWS
Share on Facebook

Шиори миллати тоҷик ҳамеша сулҳу осоиш дар дунё ва хайрхоҳиву некбинӣ ба ҳама қавму миллатҳо будааст. Сиёсати «дарҳои кушода»-и мамлакати мо имрӯз худ гувоҳи он аст.  Таърих хуб медонад, ки тоҷик ҳаргиз шамшер бардоштаву ба сари кишвару халқе ҳуҷум наовардааст.  Аммо хиради зотӣ ва сиришти инсонпарваронаву башардӯстонааш  боис  гардидааст, ки бо ҳама ҷабру зулми таърих ва аҷнабиён ин миллати некманиш ҳамеша қадру қимат, хираду одобу суннатҳои неки худро ҳифз кунаду маҳфуз дорад ва онҳоро аз байни обу оташи таърихи хунин то ба имрӯзи дурахшони соҳибистиқлолии худ бирасонад.

Бале, тоҷикон ҳаргиз миллати ҷангҷӯ набудаанду нестанд, аммо дар ҳолатҳои фавқулодда барои ҳимояи марзу буми муқаддаси ин сарзамин ҳамеша аз байни мардуми бонанги он қаҳрамонони шуҷое мисли Шерак,  ки бо ақлу заковат ва ҷасорати бемисл тани танҳо як лашкари ғассоби душманро тавонист нобуд созад, бурун омадаанд. Ин ҷо метавон номҳои зиёдеро аз қаҳрамонҳои  қадимаву асотирии ин сарзамин мисли Рустаму Сиёвушу Томирис, қаҳрамонҳои таърихии он  мисли Спитамену Деваштич то ба қаҳрамонҳои асрҳои баъдина чун Муқаннау Абумуслиму Темурмалику Восеъ мисол овард, ки ҳама барои нангу номус ва шарафи ин халқу ин сарзамин ҷоннисориҳо кардаанд. Яъне, ин халқи хайрхоҳу некбин, дар вақти зарурат омода аст барои ҳимояи марзҳои муқаддаси худ ба по хезад.

Имрӯз  дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ба шарофати руҳияи баланди ватандӯстӣ ва Ваҳдати миллӣ, ки ҳама мардум, хусусан наврасону ҷавононро фаро гирифтааст, мавсими даъват ба сафи Артиши миллӣ ҳамасола бо руҳияи баланди ватандорӣ барпо гардидаву ба як маросими мутантани умумихалқӣ табдил ёфтааст, ки худ далели ягонагии халқи мост.

Наметавон хидматҳои шоиставу иқдомҳои пайвастаи Пешвои миллати моро дар мавриди худшиносии миллӣ, шинохти ҳувияти худ, боло бурдани эҳсоси ватандӯстӣ ва  садоқат ба Ватан нодида гирифт. Агар сарчашмаи нахустини ватандориву ватандӯстии мардуми мо сиришти ватанпарваронаи  зотии худи халқ бошад, сарчашмаи дигар ин эҳсосоту муҳаббати ватандорӣ аз сиришти ватандӯстонаи Сарвари муаззами кишварамон ва интишори он  ба ҳамаи мардум мебошад.

Агар иқдоми аввалин, тақдими китоби “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби Сарвари кишвар ба бедории руҳӣ ва шинохти ҳувияти миллӣ  саҳми бузург гузошта бошад, иқдоми навбатии ин Роҳбари хирадпешаву ватандӯст, тақдими шоҳасари таърихӣ–“Шоҳнома”-и безаволи ҳаким Фирдавсист, ки саросар дарси ибрати ҷоннисориву ҷавонмардӣ бо руҳияи ватандорӣ буда,  низ ангезаи бузурги таърихӣ ба миллати мо дар ҷодаҳои ватандорӣ ва ҳимояи марзу буми Ватан хоҳад дод.

Ҳосили ин сиёсати ватандӯстона ва иқдомҳои Сарвари кишвар аст, ки имрӯз Тоҷикистони азизамон  дорои Артиши қавии миллӣ ва сарбозону афсарони  содиқу ҷоннисоре мебошад,  ки метавон  аз онҳо дилпур буд ва ба онон эътимоду бовар дошт.

Имрӯз ҳимояи Истиқлоли миллӣ, ҳимояи ҳувияти халқи некманишамон, ҳимояи марзу буми кишвар ҳимояи нангу ор ва шарафу  номуси миллии мост ва моро вомедорад, ки ҳар кадомамон дар канори Артиши миллӣ-сипари баэътимоди Меҳан, дар ҳифзи марзу буми муқаддаси Ватан, сарҳади шарафи гузаштагону имрӯзиёну фардоиён бошем.

Камол НАСРУЛЛО,

Шоири халқии Тоҷикистон

Previous Post

КОРРУПСИЯ-ВАБОИ АСР

Next Post

АРТИШИ МИЛЛӢ ВА ҲИКМАТУ ФАЛСАФАИ ОН

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
АРТИШИ МИЛЛӢ ВА ҲИКМАТУ ФАЛСАФАИ ОН

АРТИШИ МИЛЛӢ ВА ҲИКМАТУ ФАЛСАФАИ ОН

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

15.05.2025
ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

09.05.2025
МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

09.05.2025
СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

08.05.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook