Имрӯз дар машқгоҳи “Фахробод”-и гарнизони Хатлон марҳилаҳои ниҳоии машқҳои муштарак бо Нерӯҳои сулҳҷӯёнаи Созмони аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ «Бародарии шикастнопазир-2025», тамринҳои махсус бо воҳидҳои муҳофизатӣ ва дастгирии тиббии СААД «Монеа-2025» ва размоишҳои муштараки зиддитеррористии мақомоти салоҳиятдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил «Иттиҳоди зиддитеррористӣ-2025» баргузор гардид.

Нерӯҳои сулҳҷӯёнаи қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои узви СААД дар доираи уҳдадориҳои минтақавию байналмилали худ дар рафти машқҳо амалҳои мухталифи сулҳҷӯёнаро мавриди коркарду омӯзиш қарор доданд.
Қувваҳои муштараки дифоӣ ва дастгирии тиббии кишварҳои узви СААД, аз ҷумла низомиёни тоҷик дар рафти тамринҳо амалҳоеро иҷро карданд, ки ба бартараф кардани манбаъҳои таҳдидҳои биологӣ ва таъмини амнияти биологии нерӯҳои сулҳҷӯёна нигаронида шудаанд.

Гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ барои озод кардани гаравгонон, безарар намудани террористон дар фурудгоҳ ва дар бинои маъмурӣ аз матлаби асосии машқҳои муштарак ба ҳисоб мерафт.
Бояд ёдовар шуд, ки дар машқҳои «Бародарии шикастнопазир-2025» низомиёни қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Русия ширкат доштанд.

Аз Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машқҳои мазкур асосан ҷузъу томи навъҳои қӯшун, воҳидҳои кӯҳиву ҳамлаовари десантӣ, баталиони сулҷӯёна, қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, ҷузъу томи таъминоти тиббӣ ва дигар қисму воҳидҳо ширкат варзиданд. Дар ин машқҳо аз дигар сохторҳои қудративу низомии кишвар низ ҳайати шахсӣ иштироки фаъолона доштанд. Дар маҷмӯъ, шумораи умумии иштирокчиёни машқҳои мазкур тақрибан 1500 нафар ҳайати шахсӣ, зиёда аз 200 адад техникаҳои ҷангӣ, мошинҳои махсуси низомӣ, таҷҳизоти ҳарбӣ, чархболҳои ҷангӣ ва ҳавопаймоҳои бесарнишинро дар бар мегирифт.

Машқҳои муштараки ҳарбӣ, ки ташкилу баргузории он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти таваҷҷӯҳи бевоситаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт, дар сатҳи баланд ва бо иҷрои муваффақонаи вазифаҳои ҷангиву хизматӣ аз ҷониби иштирокчиёни он, ҷамъбасту натиҷагирӣ карда шуд.

Даври ҷамъбастӣ ва марҳилаҳои ниҳоии машқҳои муштарки ҳарбии «Бародарии шикастнопазир-2025» бо иштироки котиби Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ, генерал-полковник Раҳмон Юсуф Аҳмадзод, вазири мудофиаи мамлакат, генерал-полковник Эмомалӣ Собирзода, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Саидмумин Ятимов, сардори ситоди муштараки СААД Андрей Сердюков, намояндагони низомии кишварҳои иштирокчӣ ва дигар шахсони расмӣ баргузор гардид.

Дар маросими тантанавии машқҳо вобаста ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини ҳифзи суботу оромии ҷомеа ва ҳаёти осоиштаи мардум, аз ҷониби баромадкунандагон таъкид гардид, ки мо дар роҳи сулҳ шарики ҳампаймонем ва баҳри иҷрои уҳдадориҳои муҳими байналмилалии худ дар ин самт доимо омода мебошем.

Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Собирзода Эмомалӣ зимни суханронии хеш аз анҷоми бомуваффақонаи машқҳои муштараки «Бародарии шикастнопазир-2025» таъкид карда, ин тадбири муҳими амниятиро нишонаи возеҳӣ ҳамкории дастаҷамъона ва омодагии муштарак дар мубориза бо таҳдиду хатарҳои эҳтимолии замони муосир арзёбӣ кард.

Сардори ситоди муштараки Созмони аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Андрей Сердюков дар баромади худ бо қаноатмандӣ зикр кард, ки баргузории машқҳои имрӯза дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар нишон дод, ки ҳайатҳои мо барои иҷрои вазифаву уҳдадориҳои дастаҷамъонаи хеш масъулияти касбӣ ва омодагии сатҳи баланд доранд.

Дар идомаи ҷамъомади тантанвӣ бахшида ба ҷамъбасти муваффақонаи машқҳо, ҳайати шахсии иштирокчиёни он дар фазои тантанавӣ бо медалу ифтихорномаҳои давлатҳои иштирокчӣ ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамин тавр, машқҳои муштараки ҳарбии «Бародарии шикастнопазир-2025, » Монеа-2025″ ва «Иттиҳоди зиддитеррористӣ-2025», ки аз 14 то 24 октябр дар тамрингоҳи “Фахробод”-и гарнизони Хатлон ҷараён дошт, бо садо додани сурурдҳои миллии давлатҳои аъзои СААД ва гузашти низомии афсарону сарбозони иштирокичии размоишҳои навбатӣ ҷамъбаст гардид.
Маркази матбуот ва иттилооти
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон





