Вазифаҳои холӣ

13 04 2020

Дар бораи эълон намудани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», бандҳои 2 ва 6 Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2016, №647 тасдиқ шудааст,

Ф А Р М О И Ш М Е Д И Ҳ А М:

1. Барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии зерин озмун эълон карда шавад:

Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа: — сармутахассиси қабулгоҳи вазири мудофиа;

— мутахассиси пешбари шуъбаи умумии Дастгоҳи вазири мудофиа;

— мутахассиси пешбари шуъбаи тарҷумонии Дастгоҳи вазири мудофиа;

— сармутахассиси зершуъбаи компютерии Дастгоҳи вазири мудофиа;

— сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқ ва комиссияи аттестатсионии Раёсати кадрҳо ва таълимоти ҳарбӣ;

— мутахассиси хадамоти метрологии Раёсати аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ;

— мутахассиси пешбари шуъбаи кишоварзии Раёсати ақибгоҳ;

— мутахассиси пешбари шуъбаи кишоварзии Раёсати ақибгоҳ;

— сармутахассиси шуъбаи лоиҳакашии Раёсати сохтмони асосӣ;

— мутахассиси пешбари гурӯҳи телевизионии Маркази иттилоотӣ ва фароғатӣ;

— сармутахассиси шуъбаи назорати техникӣ ва таъминоти моддии Раёсати истифодабарии манзилӣ;

— мутахассиси пешбари шуъбаи назорати техникӣ ва таъминоти моддии Раёсати истифодабарии манзилӣ;

— мутахассиси пешбари зершуъбаи заминсозии Раёсати истифодабарии манзил

Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои зерини холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:

09 07 2019

ДАСТГОҲИ МАРКАЗИИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН:


1. Сармутахассиси шуъбаи умумӣ -1 ҷой маоши мансабӣ 1200 сомонӣ.

2. Мутахассиси пешбари шуъбаи умумӣ-1ҷой маоши мансабӣ 978 сомонӣ.

3. Мутахассиси пешбари шуъбаи назорат, фармоишҳо,таҳлил ва иттилоот-1ҷой маоши мансабӣ 978 сомонӣ.

4. Сармутахассиси зершуъбаи меҳнат ва музди меҳнати Раёсати молия ва буҷет-1ҷой маоши мансабӣ 1200 сомонӣ.

5. Мутахассиси пешбари шуъбаи таъминоти иҷтимои ва нафақаи Раёсати молия ва буҷет-1 ҷой маоши мансабӣ 978 сомонӣ.

6. Мутахассиси пешбари зершуъбаи молияи Раёсати молия ва буҷет- 1ҷой маоши мансабӣ 978 сомонӣ.

7. Мутахассиси шуъбаи таъминоти тиббии Раёсати тиббӣ-ҳарбӣ-1ҷой маоши мансабӣ 804 сомонӣ.

8. Мутахассиси пешбари хадамоти автомобилии Раёсати аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ-1 ҷой маоши мансабӣ 978 сомонӣ.

9. Мутахассиси хадамоти техникаи зиреҳпӯши Раёсати аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ -1 ҷой маоши мансабӣ 804 сомонӣ.

10. Мутахассиси пешбари шуъбаи хӯрокаи Раёсати ақибгоҳ- 1ҷой маоши мансабӣ 978 сомонӣ.

11. Мутахассиси пешбари шуъбаи маводи сӯзишвории Раёсати ақибгоҳ- 1 ҷой маоши мансабӣ 978 сомонӣ.

12. Мутахассиси пешбари шуъбаи кишоварзии Раёсати ақибгоҳ -1 ҷой маоши мансабӣ 978 сомонӣ.

13. Мутахассиси пешбари шуъбаи кишоварзии Раёсати ақибгоҳ -1 ҷой маоши мансабӣ 978 сомонӣ.

14. Мутахассиси пешбари рӯзномаи “Ҳомии Ватан”-и Маркази иттилоти ва фароғатӣ- 1 ҷой маоши мансабӣ 978 сомонӣ.

15. Сармутахассиси шуъбаи лоиҳакашии Раёсати сохтмони асосӣ-1 ҷой маоши мансабӣ 1200 сомонӣ.

16. Сармутахассиси зершуъбаи молияи Раёсати сохтмони асосӣ-1 ҷой маоши мансабӣ 1200 сомонӣ.

17. Сармутахассиси шуъбаи техникӣ ва таъминоти моддии Раёсати истифодабарии манзилӣ-1 ҷой маоши мансабӣ 1200 сомонӣ.

18. Мутахассиси пешбари шуъбаи техникӣ ва таъминоти моддии Раёсати истифодабарии манзилӣ-1 ҷой маоши мансабӣ 978 сомонӣ.

19. Мутахассиси пешбари зершуъбаи заминсозии Раёсати истифодабарии манзилӣ-1 ҷой маоши мансабӣ 978 сомонӣ.