28 май Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Собирзода Эмомалӣ дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд.
Ҷаласаи мазкур бо иштироки вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ баргузор гардида, тибқи рӯзномаи он масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи ҳарбӣ ва муборизаи муштарак бо таҳдиду хатарҳои муосир мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар ҳошияи ин чорабинӣ вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Собирзода Эмомалӣ бо Вазири мудофиаи Федератсияи Россия Андрей Рэмович Белоусов мулоқот анҷом дода, ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии Тоҷикистону Россияро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа дар таъмини амнияти ҳарду кишвар ва суботи минтақа муҳим арзёбӣ шуд.