Машқҳои ротавӣ-тактикӣ ё худ машқҳои тактикии махсуси нақшавӣ бо ҷалби ҷузъу томи Бригадаи ҳамлаовари десантӣ ва Баталиони сулҳҷӯёнаи Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар машқгоҳи “Фахробод”-и гарнизони Хатлон ташкилу ба роҳ монда шуд.
Тамринҳои мазкур дар се марҳила бо фарогирии мавзӯву масъалаҳои мубрами рӯз ва вобаста ба ҳадафу вазифаҳои муҳими ҷангие, ки ҳайати шахсии ин навъи қӯшун бар уҳда доранд, инчунин бо назардошти вазъи пурпечутоби ҷаҳони муосир ва торафт авҷ гирифтани ҳар гуна таҳдиду хатарҳои террористиву экстремистӣ, роҳандозӣ карда шуда, дар ҳар як марҳилаи пешбинигардида ҳайати шахсӣ аз роҳу воситаҳои гуногуни тактикиву ҷангӣ кор бурданд.
Тибқи ишора ҳайати иштирокчиёни машқҳо ҳар яке дар навбати худ бо истифода аз қувваҳои ҷангии дар ихтиёрдошта, аз ҷумла миқдори муайяни навъҳои ҳозиразамони аслиҳаҳои ҷангӣ, мошинҳои махсуси низомӣ ва техникаву таҷҳизоти муосири ҳарбӣ бо роҳбаладии қувваҳои сулҷӯёна ба тамрингоҳ ҳозир гардида, бо ишғоли мавқеъҳои муайяни ҷангӣ ба амалиёти шартӣ шурӯъ намуданд.
Дар марҳилаи ниҳоии машқҳо бо густариши қувваи асосӣ ҷиҳати пешбурди амалиёти ҷангӣ, ҳайати шахсӣ дар мавқеъҳои худ бо истифода аз мошинҳои зиреҳпӯши ҷангӣ ва дигар воситаҳои артилерӣ ба қувваҳои пиёданизоми душман оташи шадид равона намуда, ба ҳадафҳои ҳавоии онҳо низ зарбаҳои оташӣ заданд.
Тибқи матлаби ба машқҳо пешбинигардида ва ҳангоми муқовимати мусаллаҳонаи ҷонибҳо гӯё душмани шартӣ шикаст хӯрда, аз майдони ҷанг фирор мекунад ва қисме дар доманакӯҳҳои кишвари мо панаҳ бурда, гурӯҳи зиёди дигар барои раҳоӣ аз таъқиби десантчиён роҳи гурезро бо убури марзи давлатӣ ихтиёр менамоянд.
Бо назардошти вазъияти баамаломада роҳбари машқҳо қарор қабул менамояд, ки барои пурра несту нобуд кардани гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ, тавасути ҳавопаймо АН-2 аз ақибгоҳи душмани эҳтимолӣ десанти фазои тактикӣ фуруд оварда шавад.
Бо ҳамин тартиб, десантчиён аз баландиҳои масофаҳояшон иборат аз 400 то 1000 метр аз ҳавопаймо тариқи парашутҳо ба замин фуруд омада, қувваи боқимондаи душманони шартиро безарар мегардонанд ва вазифаҳои ҷангии худро пурра иҷро менамоянд.
Зимни ҷамъбасти машқҳои навбатӣ фармондеҳи Қӯшунҳои зудамал ва масъулини Бригадаи ҳамлаовари десантии ин навъи қӯшуни Артиши миллӣ дар назди иштирокчиён баромад намуда, ба онҳо ҷиҳати иҷрои вазифаҳои ҷангӣ дар рафти машқҳо ва ноил гардидан ба нишондодҳои баланди касбӣ изҳору сипосу миннатдорӣ баён намуданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳадаф аз баргузории машқҳои ротавӣ-тактикӣ ин ба сайқали таҷриба, такмили маҳорати касбӣ, ҳамоҳангии ҷузъу том ва роҳандозӣ намудани нақша-чорабиниҳо вобаста ба татбиқи амалии “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” равона гардида буд.
Ҳамин тавр, гузашти низомии ҳайати шахсӣ ва қадамзаниҳои тантанавори афсарону сарбозони иштирокчии машқҳо дар назди минбар анҷомбахши тамринҳои тактикии махсус дар ин машқгоҳ гардид.
Боқӣ ШАРИФОВ,
майор