Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

БО ИСЛОҲИ КАМБУДӢ РОҲ БА СӮЙИ ПЕШРАВӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
15.10.2024
in Хабар
0
БО ИСЛОҲИ КАМБУДӢ  РОҲ БА СӮЙИ ПЕШРАВӢ
0
SHARES
191
VIEWS
Share on Facebook

Ҷаласае, ки дар толори асосии Вазорати мудофиаи мамлакат ва бо иштироки ҳайатҳои роҳбарии ин ниҳоди қудратӣ, фармондеҳони навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, комиссарони ҳарбии вилоятҳо ва командирони қисму воҳидҳои алоҳидаи низомӣ баргузор гардид, дар он бурду бохт ва фаъолияти соҳавии ин вазорат дар нуҳ моҳи соли равон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

Дар робита ба масъалаҳои баррасишаванда, сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, муовинони вазири мудофиа ва чанде аз масъулини ин ниҳоди қудратӣ дар назди ҳозирин бо маърӯза баромад намуда, вобаста ба як қатор масъалаҳои муҳими соҳавӣ, аз ҷумла тайёрии амалиётӣ, барномаҳои таълимии самти омодабошии ҷангӣ, ҷараёни чорабиниҳои даъватии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, қабулу ҷобаҷокунии наваскарон дар қисмҳои низомӣ, чорабиниҳои омодагии сафарбарӣ, фаъолияти хадамоти қӯшунҳо, вазъи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, омодагии масъулин ба фасли сармо, андешидани тадбирҳои зарурӣ дар самти таъминоти ҳамаҷонибаи воситаҳои моддӣ-техникӣ, ҷамъовариву захира намудани маҳсулоти кишоварзӣ, рушди хоҷагиҳои ёрирасон, тақвият бахшидани самти ақибгоҳӣ ва дар ин замина баъзе аз норасоиву камбудиҳои ошкоршуда низ, дар самтҳои фаъолияти ин ниҳоди қудратӣ мавриди муҳокима ва таҳлилу натиҷагирӣ қарор гирифтанд.

Баъд аз баррасии масъалаҳои зикрёфта, вазири мудофиаи мамлакат генерал-полковник Шералӣ Мирзо аз вазъияти ниҳоят ҳассос ва пешгӯйинашаванда дар баъзе аз давлатҳои минтақа ва ҷаҳон изҳори нигаронӣ карда, қайд намуд, ки дар чунин шароит мо хизматчиёни ҳарбии Артиши миллиро зарур аст, ки баҳри ҳимояи марзу буми Тоҷикистони азиз ва баланд бардоштани иқтидори мудофиавии кишвар ҳарчӣ бештар ҷаҳду талош намоем ва бо хизмати содиқонаву софдилона тамоми самтҳои фаъолияти соҳавиро боз ҳам тақвият бахшем.

Дар ин радиф, ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳӣ ва хизматчиёни ҳарбии ҳама зинаҳо ва мартабаҳо вазифадор гардиданд, ки дар навбати аввал нисбат ба тамоми дастуру супоришҳо ва вазифаҳое, ки аз ҷониби Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар дӯши мо низомиён вогузор гардидааст, тадбирҳои бетаъхир андешида, онро таҳти назорати доимӣ ва роҳнамои фаъолияти рӯзмарраи хеш қарор диҳанд.

Дар охири ҷаласа роҳбарияти Вазорати мудофиа пеш аз ҳама баҳри ислоҳу бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, ташкили хизмати қӯшунҳо, боз ҳам тақвият бахшидани сатҳи тайёрии ҷангӣ, таъмини волоияти қонун, пешгирӣ аз сатҳи содиршавии ҷинояту қонуншиканӣ, таҳким бахшидани корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ, таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир намудан ба сатҳу сифати даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар фазои тантанавӣ ва бо изҳори сипосу миннатдорӣ гусел намудани сарбозони муҳлати хизматро адонамуда, қабулу ҷобаҷокунии наваскарон дар қисмҳои низомӣ, таъмини сарбозони ҷавон бо шароитҳои беҳтарини хизматӣ, дар доираи ҳидоятҳои сарвари давлат ғамхориву дастгирӣ намудани ятимону бепарасторон дар ҷузъу томи Артиши миллӣ, бо омодагии ҳамаҷониба таҷлил намудани 30-солагии қабули Конститутсияи ҷумҳурӣ, таҳияву дар амал татбиқ намудани нақша-чорабиниҳои ҷашнӣ ба муносибати 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва умуман, вобаста ба ҷоннок намудани тамоми самтҳои фаъолияти соҳавӣ, иштирокчиён ва дигар масъулини ин ниҳоди қудратиро бо супоришҳои мушаххас вазифадор намуданд.

 Фаридун МАҲМАДАЛИЗОДА,

сардори Маркази матбуоти

Вазорати мудофиаи

Ҷумҳурии Тоҷикистон,

полковник 

Previous Post

СУХАНРОНӢ ДАР МУЛОҚОТ БО РОҲБАРОН ВА ФАЪОЛОНИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН

Next Post

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

КОНСТИТУТСИЯ - БАХТНОМАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ДАРКИ АМИҚИ СУБОТУ ОСОИШТАГӢ!

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ДАРКИ АМИҚИ СУБОТУ ОСОИШТАГӢ!

23.06.2025
ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН

ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН

22.06.2025
НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ ИНФРАСОХТОРИ НАҚЛИЁТИИ ТОҶИКИСТОН

НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ ИНФРАСОХТОРИ НАҚЛИЁТИИ ТОҶИКИСТОН

20.06.2025
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ АСОСИИ РӮЗГОРИ БОСАОДАТ

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ АСОСИИ РӮЗГОРИ БОСАОДАТ

19.06.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook