Ҳар сол фарорасии Рӯзи Модар дар Тоҷикистони азиз ҳамчун ҷашни эҳтирому арҷгузорӣ ба зан – модар бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Ин рӯз на танҳо рамзи меҳру муҳаббат ва садоқати модарона, инчунин нишонаи қадрдонии саҳми бузурги занон дар пешрафти ҷомеа ва ободии Ватан мебошад. Зан – модар сарчашмаи зиндагӣ, тарбиятгари наслҳо ва нерӯи бузурги маънавии ҷомеа аст.
Дар ҷомеаи имрӯзаи мо занон дар ҳама соҳаҳои ҳаёт фаъолона иштирок доранд. Онҳо ҳамчун омӯзгор, табиб, олим, рӯзноманигор, роҳбар, хизматчи давлатӣ ва ҳамчунин хизматчии ҳарбӣ бо масъулияту садоқат вазифаҳои худро иҷро намуда, дар рушду пешрафти ҷомеа саҳми назаррас мегузоранд. Дар баробари ин, зан ҳамеша ҳамчун модари меҳрубон ва посдорандаи арзишҳои оилавӣ нақши муҳим дорад.
Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти давлат, бахусус таваҷҷуҳи доимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Дар доираи барномаҳои давлатӣ барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати фаъолият ва рушди занон тадбирҳои муҳим андешида шудаанд. Ҳамаи ин имконият фароҳам меорад, ки занон тавонанд истеъдоду қобилияти худро дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла дар хизмати давлатӣ ва ҳарбӣ, ба таври шоиста амалӣ намоянд.
Имрӯз занони тоҷик бо иродаи қавӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ содиқона хизмат мекунанд. Онҳо дар баробари мардон вазифаҳои пурмасъулияти низомиро иҷро намуда, бо дониш, малака ва интизоми баланд намунаи матонату ҷасорат мебошанд. Занони низомӣ на танҳо ҳомии марзу буми Ватан, балки намунаи ибрат барои насли ҷавон ба ҳисоб мераванд. Бо либоси низомӣ онҳо ифтихори хизмат ба Ватанро бо меҳру муҳаббати модарона ва садоқати инсонӣ таҷассум менамоянд.
Ҳузури занон дар сафи ҳомиёни Ватан нишон медиҳад, ки зан метавонад дар баробари нигоҳ доштани рисолати муқаддаси модарӣ, инчунин дар ҳифзи амният ва оромии кишвар саҳми арзанда гузорад. Матонат, масъулиятшиносӣ ва садоқати онҳо ба савганди ҳарбӣ далели равшани он аст, ки ҳифзи Ватан вазифаи умумии ҳамаи фарзандони содиқи кишвар мебошад.
Дар васфи зан – модар ва бузургии мақоми ӯ шоирон низ суханҳои пурмуҳаббат гуфтаанд:
Зан модари ман, модари ту, модари ом аст,
Зан шарбати ҳар маъракаву косаи ҷом аст.
Бе зан чи бувад зиндагиву зист дар олам,
Зан аз тарафи бахт ба мо арзи Паём аст.
Бигзор меҳру муҳаббати модарона ҳамеша сарчашмаи нерӯи маънавӣ барои пешрафти ҷомеа ва таҳкими сулҳу суботи Ватани маҳбубамон бошад. Занони шуҷоъ ва боиродаи мо дар сафи ҳомиёни Ватан ҳамеша бо садоқат хизмат намуда, ифтихори давлату миллат ва намунаи шоистаи ибрат барои ҷавонони мо дониста мешаванд.
Искандар ҚАЛАНДАРЗОДА,
муовини фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигард,
полковник





