Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Сафарҳои кори

Боздид аз ҷараёни сохтмони манзилҳои истиқоматӣ ва шиносоӣ бо шароити зисти сокинони зарардида дар деҳаи Навободи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
15.06.2021
in Сафарҳои кори
0
Боздид аз ҷараёни сохтмони манзилҳои истиқоматӣ ва шиносоӣ бо шароити зисти сокинони зарардида дар деҳаи Навободи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ
0
SHARES
88
VIEWS
Share on Facebook

15 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади боздид аз ҷараёни корҳои сохтмонии манзилҳои истиқоматии сокинони аз офати табиӣ зарардида, ба истифода додани иншооти гуногун, шиносоӣ бо рафти амалишавии дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мулоқот бо сокинон бо сафари корӣ ба вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Дар деҳаи Навободи деҳоти Ифтихори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни сохтмони манзилҳои истиқоматӣ ва шароити зисти сокинони аз офати табиӣ зарардида шинос шуда, бо онҳо суҳбат намуданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар мавзеъи нав, ки барои бунёди хонаҳои истиқоматии сокинони аз офати табиӣ зарардида ҷудо гардидааст, айни замон корҳои сохтмонӣ бомаром идома дорад. Дар ин ҷо барои 20 оила хонаи истиқоматӣ, бо дарназардошти тамоми шароит бунёд ёфта истодааст ва то ба имрӯз аллакай қисми бештари он болопӯш карда шуда, сохтмончиён ба рангу бор ва ороиши дохилӣ ҳуҷраҳо машғуланд.

Ба ҳар як оила барои бунёди манзилҳои нави истиқоматӣ 10 садяк замин ҷудо гардида, ҳамчунин барои анҷоми корҳои сохтмонӣ 10 тоннагӣ семент, 100 дона бомпӯш, 10 куб тахта, 2 тонна арматур ва дигар масолеҳи зарурии сохтмонӣ дастрас карда шуд. Ҳамзамон бо дастури Пешвои муаззами миллат ба пуррагӣ таъмиру тармими дохили хонаҳои истиқоматӣ сурат гирифта, оилаҳои зарардида бо тамоми ҷиҳози зарурии рӯзгор таъмин хоҳанд гашт.

Дар мавзеъи навбунёд ҳамчунин бунёди дигар инфрасохтори зарурӣ барои зисту зиндагонӣ дар назар дошта шуда, то ба имрӯз хатти алоҳидаи барқ кашонида шудааст. Расонидани оби нӯшокӣ, бунёди бунгоҳи тиббӣ, сохтмону мумфаршкунии роҳҳои нақлиётиву пиёдагард бомаром идома дошта, дар кӯтоҳтарин фурсат дар ин ҷо барои сокинон тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад.

Зимни боздид ва суҳбатҳои самимӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳолу аҳволӣ зарардидагон пурсон шуда, иброз доштанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми тадбирҳоро ҷиҳати фароҳам сохтани шароити мусоиди зиндагонӣ, пурра барқарор намудани хисороти расонидашуда ва бунёди хонаҳои замонавӣ бо тамоми ҷиҳоз амалӣ хоҳад кард.

Сокинон дар навбати худ ба Пешвои миллат барои расонидани кӯмаки саривақтӣ, фароҳам сохтани шароити мусоид дар шаҳраки муваққатии истиқоматӣ, таъмин намудан бо хурду хӯрок ва дигар ҷиҳози зарурӣ изҳори миннатдории бепоён намуданд ва иброз доштанд, ки аз рӯзҳои аввали сар задани офати табиӣ  онҳо хуб эҳсос намуданд, ки танҳо нестанд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки инчунин 15 оилаи дигар аз гирду атрофи мавзеъи зарардида, ки мувофиқи омӯзиши гузаронидашуда зери хавф қарор доштанд, кӯчонида шуда, барои онҳо низ қитъаи замин ҷудо гардид ва  ба пуррагӣ ин оилаҳо бо масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди манзилҳои нави истиқоматӣ таъмин карда шуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи боришоти зиёди борон, болоравии сатҳи обҳои зеризаминиву рӯизаминӣ ва аз меъёр зиёд шудани сатҳи оби сойи селпарто дар рӯзҳои 6 ва 7-уми  майи соли ҷорӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ офати табиӣ ба амал омад, ки дар натиҷаи он 20 манзили истиқоматии сокинони деҳоти Ифтихор ба пуррагӣ хароб гардид. Бо амалӣ намудани тадбирҳои саривақтии наҷотдиҳӣ хушбахтона дар ин офат ягон талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашуд.  Хисороти молие, ки дар ин ҳодиса ба аҳолӣ расидааст, бо дастури бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон комилан барқарор карда мешавад. Аз рӯзҳои аввал рафти бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ, таъмини аҳолии зарардида бо хаймаҳои муваққатии истиқоматӣ, маводи рӯзгор ва озуқаворӣ зери назорати шахсии Роҳбари давлат қарор дошта, барои расонидани кӯмаки саривақтӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи зарардидагон ба роҳбарияти вилояту ноҳия зимни суҳбатҳои телефонӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастурҳои қатъӣ дода буданд.

Ҳамчунин дар натиҷаи офати табиии рухдода дигар иншооти ёрирасон, роҳу купрукҳои мошингард, хаттҳои барқу обрасонӣ ва заминҳои корам низ осеб дид.

Бо оғоз гардидани корҳои сохтмонӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 300 тонна семент, 300 метри кубӣ тахта, 3000 дона бомпӯш ва 60 тонна арматур ба мавзеъи бунёдсозии хонаҳои истиқоматӣ расонида шуд. Ин кӯмаки саривақтии роҳбарияти Ҳукумати мамлакат ба он боис гардид, ки сохтмони манзилҳои истиқоматӣ саривақт оғоз гардида, бо сифати баланд ва аз рӯи стандартҳои муосири меъморӣ ҷараён ёбад.

Аз ин ҷост, ки аллакай корҳои асосии сохтмонӣ дар хонаҳои истиқоматӣ анҷом ёфта, барои фароҳам сохтани шароити мусоиду муносиб рангу бори дохиливу берунӣ дар қисмати бештари иншоот идома дорад.

Ҳамчунин хоҷагиҳое, ки дар натиҷаи офати табиӣ заминҳои корамро аз даст доданд, бо қитъаи замини барои кишт таъмин хоҳанд гашт.

Дар ин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон калиди нахустин хонаҳои омодагардидаро ба соҳибонашон супорида, аз дохили ҳуҷраҳо дидан намуданд.

Манзилҳои нави истиқоматӣ бо санъати баланди меъморӣ бунёд гардида, бо истифода аз масолеҳи сохтмонӣ дохили онҳо оро ёфтааст. Ҳамчунин оилаҳое, ки дар ин рӯз сохтмони хонаҳои истиқоматиашон анҷом ёфтааст, бо тамоми ҷиҳоз аз қабили яхдон, телевизор, мизу курсӣ, қолин, чангкашак, ҷевон, курпаву курпача, то ба хурдтарин ҷиҳози рӯзгор таъмин гардиданд. Тамоми шароити зарурӣ барои зисту зиндагонӣ дар манзилҳои нави истиқоматӣ фароҳам оварда шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар маҷмуъ сохтмон ва таъмиру муҷаҳҳазсозии 4 хонаи истиқоматӣ ба пуррагӣ анҷом ёфта, дар боқимондаи он қисми бештари корҳо ба охир расонида шуданд ва дар кутоҳтарин фурсат бо анҷоми корҳои боқимонда калиди хонаҳои дигар ба дасти соҳибонашон супорида мешавад.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомали Раҳмон ба масъулин ва сохторҳои дахлдор дастурҳои қатъӣ доданд, то ҳарчи зудтар сохтмони манзилҳои боқимондаи истиқоматиро бо сифати баланд анҷом дода, барои аҳолии зарардида тамоми шароиту имкониятро баҳри зиндагӣ фароҳам оранд. То анҷоми кор дар хаймаҳои муваққатӣ онҳоро бо тамоми имконоти зарурӣ аз қабили  рахти хобу сару либос ва хурду хӯрок ба пуррагӣ таъмин созанд ва аз ҳолу аҳволи онҳо пайваста бохабар бошанд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Previous Post

Оғози сафари корӣ дар шаҳри Кӯлоб ва зиёрати оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Next Post

Мулоқот бо сокинони зарардидаи деҳаи Иттифоқи деҳоти “20 — солагии Истиқлоли Тоҷикистон”-и ноҳияи Вахш

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
Мулоқот бо сокинони зарардидаи деҳаи Иттифоқи деҳоти “20 — солагии Истиқлоли Тоҷикистон”-и ноҳияи Вахш

Мулоқот бо сокинони зарардидаи деҳаи Иттифоқи деҳоти “20 - солагии Истиқлоли Тоҷикистон”-и ноҳияи Вахш

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

15.05.2025
ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

09.05.2025
МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

09.05.2025
СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

08.05.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook