Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

БОЗДИД АЗ ҶАРАЁНИ СОХТМОНИ КОРХОНАИ МЕТАЛЛУРГИИ ҶСП КОМБИНАТИ МЕТАЛЛУРГИИ ТОҶИК ДАР КОНИ ШОҲҚАДАМ-ЧАШМА ДАР НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
09.07.2026
in Хабар
0
БОЗДИД АЗ ҶАРАЁНИ СОХТМОНИ КОРХОНАИ МЕТАЛЛУРГИИ ҶСП КОМБИНАТИ МЕТАЛЛУРГИИ ТОҶИК ДАР КОНИ ШОҲҚАДАМ-ЧАШМА ДАР НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ
0
SHARES
9
VIEWS
Share on Facebook

9 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҷараёни сохтмони корхонаи металлургии ҶСП Комбинати металлургии тоҷик дидан намуданд.

Тибқи нақшаи сохтмонӣ корҳои сохтмонии корхонаи мазкур дар ду марҳила ҷараён мегирад:

Марҳилаи аввал 1 апрели соли 2025 оғоз гардида буд. Дар ин марҳила истеҳсоли консентрати оҳан ва окатиш ба роҳ монда мешавад ва он моҳи сентябри соли 2027 ба анҷом хоҳад расид.

Марҳилаи дуюм бошад, соли 2029 ба итмом расонида шуда, дар ҷараёни он истеҳсоли брикетҳои оҳанини Fe-90%, блюмс ва арматура ба роҳ монда мешавад.

Корхонаи мазкур дар дохили кони маъдани оҳани Шоҳқадам бунёд меёбад.

Дар мавриди гузаронидани корҳои омӯзиши геологии иловагӣ аз ҷониби ширкати “ВУД”-и Австралия дар се қитъаи кони маъдани оҳани Шоҳқадам, яъне Марказӣ, Шарқӣ ва Ғарбӣ тадқиқот гузаронида шуда, захираҳои кон то ба имрӯз 59 миллион тонна тасдиқ карда шудааст.

Тибқи нақшаи коркард ва истихроҷи маъдан дар соли аввал ҳаҷми корҳои қабаткушоӣ то 12 миллион тоннаро дар бар гирифта, аз он 2,5 миллион тонна истихроҷи маъданро ташкил медиҳад. Аз ин ҳаҷм 1,1 миллион тонна консентрати оҳан бо таркиби 63-68% ба даст оварда мешавад. Баъдан 1,1 миллион тонна консентрати оҳан дубора коркард шуда, аз он окатиш истеҳсол мегардад.

Дар марҳилаи дуюм коркарди окатиш ба роҳ монда шуда, аз он ба миқдори 850 ҳазор тонна брикетҳои оҳанин — Fe-90% истеҳсол мегардад. Дар марҳилаи ниҳоӣ брикетҳои оҳанин (ГБЖ) — Fe-90% ҷараёни гудозишро гузашта, аз он блюмс, инчунин арматура дар ҳаҷми то 300 ҳазор тонна дар як сол истеҳсол мегардад.

Сармоягузор ва бунёдкори корхона Комбинати металлургии Тоҷик буда, ба ҳайси паймонкори асосӣ ширкати НЕТС–и  Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷалб шудааст. Ширкати мазкур барои истеҳсоли консентрат, окатиш, блюмс ва арматура масъул аст.

Дигар ширкати паймонкор, ки дар татбиқи лоиҳа иштирок дорад, ин Электротерм, яке аз ширкатҳои бузурги Ҳиндустон ба ҳисоб рафта, технологияи ба роҳ мондани истеҳсоли брикетҳои оҳанин — Fe-90%-ро бар душ гирифтааст. Ширкати мазкур дар зиёда аз 32 давлати ҷаҳон фаъолият ва ҳамкорӣ дорад.

Ширкати Лисени Ҷумҳурии Мардумии Чин дар якҷоягӣ бо Комбинати металлургии Тоҷик паймонкорони асосии сохтмони корхонаи зикршуда маҳсуб меёбанд.

Ширкати СПС Австрия ҳамчун ширкати машваратӣ ҷалб гардида, масъули ба сифати иҷрои корҳои сохтмонӣ, сифати таҷҳизот ва назораткунандаи корҳои сохтмонӣ мебошад.

Ғайр аз ин, дар ҳамкорӣ бо ширкати НЕТС дар ҳудуди кон сохтмон ва ба истифода додани Маркази барқдиҳӣ бо иқтидори 90 МВт ба нақша гирифта шудааст.

Корхона пурра мутобиқ ба талаботу меъёрҳои экологӣ сохта ва ба истифода дода шуда, технологияи муосири дар он истифодашаванда ба муҳити зист зарар намерасонад.

Маврид ба зикр аст, ки дастгоҳ, таҷҳизот, техника ва лавозимоти дигари сохтмонии дар татбиқи лоиҳа истифодашаванда пурра ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ буда, дар ҷараёни истеҳсолот технологияи муосири навтарин истифода бурда мешавад.

Барои таъмини фаъолияти мунтазами корхона муҳаёсозии инфрасохтори зарурӣ оғоз шудааст. Аз ҷумла, то ба имрӯз хатти баландшиддати барқии 220 кВ, ба масофаи 14,3 км.  бо зеристгоҳи барқӣ, хатти об ба масофаи 17,5 км. бо чор стансияи обкашӣ кашида шудааст. Ҳамзамон, сохтмон ва васеъ  намудани роҳи асосии мошингарди кони маъдани оҳани Шоҳқадам аз шаҳраки Сайҳун ба масофаи 20 километр оғоз гардида, ҳоло ҷиҳати васеъ намудани роҳ корҳои куҳканӣ идома доранд.

То ба имрӯз бинои маъмурии корхона сохта шуда, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди зист ва фароғати кормандону бинокорон хобгоҳ, ошхона ва дигар шароити зарурии корӣ омода карда шудааст.

Ҳоло, дар корхона корҳои сохтмонӣ шабонарӯзӣ ба роҳ монда шуда, дар он зиёда аз 1200 мутахассиси маҳаллӣ ва хориҷӣ ба кор ҷалб шудаанд.

Пас аз ба кор даромадани марҳилаи аввали корхона 900 ва баъди пурра омода шудани корхона дар он беш аз 1500 ҷойи кори доимӣ бо маоши хуб муҳайё мегардад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд, ки соли 2025 ба Тоҷикистон аз хориҷи кишвар ба маблағи 600 миллион доллар арматура ворид карда шуд. Изҳор гардид, ки акнун мо имкон дорем истеҳсоли арматура ва дигар маҳсулоти оҳаниро дар дохили кишвар ба роҳ монем.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, марҳилаи якуми корхона то сентябри соли 2027 ба кор дароварда шавад.

Марҳилаи дуюми корхона тибқи нақша бояд то соли 2029 ба кор дароварда шавад. Сарвари давлат дастур доданд, ки ба сохтмони марҳилаи дуюми корхона ҳам суръат бахшида шавад, то ки он пеш аз муҳлат ба кор шуруъ намояд.

president.tj

Previous Post

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ СОЛИМГАРДОНИИ СИҲИЛИ УНҶӢ ДАР НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ

Next Post

ГУЗОШТАНИ САНГИ АСОС БА БУНЁДИ КОРХОНАҲОИ ИСТЕҲСОЛИ СЕМЕНТ ДАР ШАҲРИ ИСТАРАВШАН ВА ИСТЕҲСОЛИ ОҲАК ДАР НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ГУЗОШТАНИ САНГИ АСОС БА БУНЁДИ КОРХОНАҲОИ ИСТЕҲСОЛИ СЕМЕНТ ДАР ШАҲРИ ИСТАРАВШАН ВА ИСТЕҲСОЛИ ОҲАК ДАР НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ

ГУЗОШТАНИ САНГИ АСОС БА БУНЁДИ КОРХОНАҲОИ ИСТЕҲСОЛИ СЕМЕНТ ДАР ШАҲРИ ИСТАРАВШАН ВА ИСТЕҲСОЛИ ОҲАК ДАР НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

МУЛОҚОТ  БО РОҲБАРОНУ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯИ КИШВАР

МУЛОҚОТ БО РОҲБАРОНУ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯИ КИШВАР

14.07.2026
МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ДОДАНИ БИНОИ НАВИ ВАЗОРАТИ АДЛИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ДОДАНИ БИНОИ НАВИ ВАЗОРАТИ АДЛИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

14.07.2026
ҶАМЪОМАДИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ БО ҲАЙАТИ РОҲБАРИКУНАНДАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИА

ҶАМЪОМАДИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ БО ҲАЙАТИ РОҲБАРИКУНАНДАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИА

10.07.2026
МУЛОҚОТ БО НАМОЯНДАГОНИ СЕ ШИРКАТИ МЕТАЛЛУРГИИ ЧИН

МУЛОҚОТ БО НАМОЯНДАГОНИ СЕ ШИРКАТИ МЕТАЛЛУРГИИ ЧИН

09.07.2026
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook