Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

БОЗДИД АЗ ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ВА БА ИСТИФОДА ДОДАНИ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИИ ХИШТИ ДИЁРИ ҶДММ ПАРКИ ИННОВАТСИОНИИ САНОАТИЮ ТЕХНОЛОГИИ ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
26.08.2026
in Хабар
0
БОЗДИД АЗ ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ВА БА ИСТИФОДА ДОДАНИ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИИ ХИШТИ ДИЁРИ ҶДММ ПАРКИ ИННОВАТСИОНИИ САНОАТИЮ ТЕХНОЛОГИИ ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ
0
SHARES
39
VIEWS
Share on Facebook

26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ, мулоқот бо сокинон ва шиносоӣ бо раванди корҳои созандагӣ аз ноҳияи Ёвон ба шаҳри Леваканти вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти шаҳри Левакант ва фаъолону сокинон бо самимияти баланд истиқбол гирифтанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Косибони деҳоти Ваҳдати шаҳри Левакант корхонаи истеҳсолии Хишти диёрро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корхонаи муосири «Хишти диёр» дар шаҳри Левакант ба истиқболи ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ, 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръат аз тарафи ҶДММ Парки инноватсионии саноатию технологии шаҳри Левакант бунёд шуда, иқтидори он дар як шабонарӯз 250 ҳазор ва дар як сол 90 миллион дона хишт мебошад.

Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корхона дар муҳлати 1 сол бо сифати баланду ҷавобгӯи талаботи стандартҳои байналмилалӣ сохта шуда, дар раванди сохтмон сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб шуда буданд.

Корхона дар заминаи фазои мусоиди соҳибкорию сармоягузорӣ бо мақсади  саҳмгузорӣ дар рушди истеҳсолоти ватанӣ ва вусъати корҳои созандагӣ бо истифода аз таҷҳизоти муосири истеҳсолӣ дар масоҳати бештар аз 12 гектар бунёд шуда, раванди коркарду истеҳсоли маҳсулот дар ин ҷо автоматӣ сурат мегирад. Ин омил ба татбиқи солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия мусоидати амиқ менамояд.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани Корхонаи истеҳсолии Хишти диёр 40 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин шуданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкори ватаниро барои бунёди чунин иншооти саноатӣ муҳим арзёбӣ карда, ба масъулон супориш доданд, ки бештар ба сифат ва стандарти маҳсулот таваҷҷуҳ зоҳир намоянд.

Сокинон ва соҳибкорони ватанӣ дар пайравӣ ба иқдомҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талош мекунанд, ки ба хотири таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон тадбирҳои ободониро дар шаҳру ноҳияҳои кишвар вусъат дода, саҳми худро дар ободонии Ватани азизамон гузоранд.

Баъди шиносоӣ бо раванди истеҳсоли хишти пухта дар Корхонаи Хишти диёр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии нозироти андоз дар шаҳри Левакант ва бинои  иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 барои 400 хонандаро дар ду баст дар деҳаи Зағертути деҳоти Ваҳдат ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.

president.tj

Previous Post

БА ТАВРИ ФОСИЛАВӢ ИФТИТОҲИ 14 ИНШООТ ДАР НОҲИЯИ ЁВОН ВА 5 ИНШООТ ДАР НОҲИЯИ ХУРОСОН

Next Post

ИФТИТОҲИ ФОСИЛАВИИ БИНОИ НОЗИРОТИ АНДОЗ ВА БИНОИ НАВИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ ДАР НАЗДИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №10-И ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ИФТИТОҲИ ФОСИЛАВИИ БИНОИ НОЗИРОТИ АНДОЗ ВА БИНОИ НАВИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ ДАР НАЗДИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №10-И ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ

ИФТИТОҲИ ФОСИЛАВИИ БИНОИ НОЗИРОТИ АНДОЗ ВА БИНОИ НАВИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ ДАР НАЗДИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №10-И ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ИШТИРОК ДАР ПАРАДИ ҲАРБӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

СУХАНРОНӢ ДАР ПАРАДИ ҲАРБӢ БАХШИДА БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

07.09.2026
ИШТИРОК ДАР ПАРАДИ ҲАРБӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

ИШТИРОК ДАР ПАРАДИ ҲАРБӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

07.09.2026
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОӢ

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОӢ

06.09.2026
ҲАМОИШИ ИЛМӢ-АМАЛӢ БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ДАР РАЁСАТИ ҚУШУНҲОИ ЗУДАМАЛИ ВАЗОРАТИ МУДОФИА

ҲАМОИШИ ИЛМӢ-АМАЛӢ БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ДАР РАЁСАТИ ҚУШУНҲОИ ЗУДАМАЛИ ВАЗОРАТИ МУДОФИА

06.09.2026
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook