Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

БОЗДИД АЗ НАМОИШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ, ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ВА ТАОМҲОИ МИЛЛӢ ДАР НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
21.08.2026
in Хабар
0
БОЗДИД АЗ НАМОИШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ, ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ВА ТАОМҲОИ МИЛЛӢ ДАР НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД
0
SHARES
18
VIEWS
Share on Facebook

21 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Файзобод аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд.

Намоишгоҳ, ки бо тарҳи ҷолибу диданӣ ороста гардида буд, фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ, маҳсули заҳмати пайвастаи деҳқонону кишоварзон ва ҳунари волои занону кадбонуҳои ноҳияро ба таври возеҳ инъикос мекард.

Дар он маҳсули меҳнати ризқофарони ноҳия аз қабили сабзавоту анвои гуногуни меваи тару хушк, маҳсулоти консерва, полезӣ, ғалладонагию лӯбиёгиҳо ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ дар маъраз буд. Ин неъматҳо натиҷаи истифодаи самараноки имкониятҳои табиӣ, обу ҳавои мусоид, заминҳои ҳосилхез ва тухмиҳои хушсифат буда, аз таҷрибаи ғании кишоварзони ноҳия шаҳодат медиҳанд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки соли равон кишоварзони ноҳия бо истифода аз имкониятҳои мавҷудаи табиӣ майдони кишти зироатҳои кишоварзиро ба 11 ҳазору 370 гектар расонидаанд. Дар ин раванд ба зиёд намудани масоҳати кишти ғалладона, лӯбиёгиҳо, зироатҳои техникӣ, картошка, сабзавот ва полезӣ, ки иқлими ноҳия барои парвариши онҳо мусоид мебошад, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда шудааст.

Ҳамзамон, ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳия ҷамъоварии ҳосили помидор, аз ҷумла помидори навъи машҳури гулобӣ, ҷуворимаккаи дон, қаламфури булғорӣ ва лӯбиёгиҳо, ки аз кишти такрорӣ ба даст омадаанд, дар майдони 240 гектар идома дорад.

Намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ дар маҷмӯъ симои воқеии заҳмати аҳолии деҳот, фаровонии дастархони сокинон ва имкониятҳои васеи ноҳияи Файзободро дар самти рушди соҳаи кишоварзӣ таҷассум мекунад.

Дар баробари маҳсулоти кишоварзӣ, маҳсули ҳунари занону кадбонуҳои ноҳия низ ба таври густурда пешниҳод гардид. Анвои гуногуни нон, фатир, кулча ва таомҳои суннатӣ, ки бо завқи хос омода ва оро дода шуда буданд, бозгӯи ҳунари волои мардум, завқи баланди занону модарон ва заҳмати аҳлонаи онҳо мебошанд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба масъулини соҳа ва кишоварзони ноҳия барои боз ҳам баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ, ҷамъоварии беталафи ҳосил, захираи кофии маҳсулоти кишоварзӣ барои тирамоҳу зимистон, васеъ намудани масоҳати боғу токзор ва дар муҳлати муайянгардида бо истифода аз тухмиҳои серҳосили минтақа гузаронидани кишти тирамоҳӣ дастуру тавсияҳо доданд.

president.tj

Previous Post

МУАРРИФИИ 4 ЛОИҲА ВА ТАҚДИМИ ХОНАҲОИ ИСТИҚОМАТӢ ДАР НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД

Next Post

ИФТИТОҲИ ВАРЗИШГОҲИ МИЛЛӢ БО 30 ҲАЗОР ҶОЙИ НИШАСТ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ИФТИТОҲИ ВАРЗИШГОҲИ МИЛЛӢ БО 30 ҲАЗОР ҶОЙИ НИШАСТ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ИФТИТОҲИ ВАРЗИШГОҲИ МИЛЛӢ БО 30 ҲАЗОР ҶОЙИ НИШАСТ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ИШТИРОК ДАР ПАРАДИ ҲАРБӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

СУХАНРОНӢ ДАР ПАРАДИ ҲАРБӢ БАХШИДА БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

07.09.2026
ИШТИРОК ДАР ПАРАДИ ҲАРБӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

ИШТИРОК ДАР ПАРАДИ ҲАРБӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

07.09.2026
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОӢ

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОӢ

06.09.2026
ҲАМОИШИ ИЛМӢ-АМАЛӢ БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ДАР РАЁСАТИ ҚУШУНҲОИ ЗУДАМАЛИ ВАЗОРАТИ МУДОФИА

ҲАМОИШИ ИЛМӢ-АМАЛӢ БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ДАР РАЁСАТИ ҚУШУНҲОИ ЗУДАМАЛИ ВАЗОРАТИ МУДОФИА

06.09.2026
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook