22 июл дар доираи боздид аз қисмҳои ҳарбии гарнизони Суғд вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Эмомалӣ Собирзода аз қисмҳои низомии воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Бӯстон боздид намуда, бо раванди хизмат ва фаъолияти ҳайати шахсӣ, сатҳи омодагии қисмҳои низомӣ ва шароити фароҳамгардидаи хизматӣ шинос гардид.

Зимни боздид вазири мудофиа аз хобгоҳҳои сарбозон, ошхонаҳо ва дигар иншооти хизматӣ дидан карда, ба ҳолати таъминоти моддию техникӣ ва сатҳи хизматрасонии ақибгоҳӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуд.

Дар идомаи боздид бо афсарону сарбозон мулоқот баргузор гардида, масъалаҳои марбут ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, садоқат ба Ватан, риояи интизоми ҳарбӣ ва масъулияти хизматӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар суҳбати озод бо сарбозон, вазири мудофиа ҳайати шахсии қисмҳои низомиро ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба онҳо саломатии бардавом, рӯҳияи қавӣ ва дар роҳи ҳифзи марзу буми Ватан комёбиҳо орзу намуд.






