Санаи 22 июл вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Эмомалӣ Собирзода бо мақсади шинос гардидан бо имкониятҳои хизматӣ ва шароити будубоши хизматчиёни ҳарбӣ, махсусан сарбозон ба яке аз қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои хушкигард дар ноҳияи Деваштич сафар намуд.

Роҳбарияти вазорат ҳамроҳ бо масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич аз ҳудуди қисми ҳарбӣ ва ҳолати коршоямии техникаву таҷҳизоти ҳарбӣ дидан намуда, бо афсарону сарбозон сӯҳбати самимӣ доир намуданд.

Дар раванди вохӯрӣ қайд карда шуд, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун дастоварди беназири таърихӣ дар роҳи бунёди давлати навини тоҷикон нақши бориз дошта, ободиву осоиштагии мардум маҳз аз он сарчашма гирифтааст.

Таъкид гардид, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ дар баробари шаҳрвандони кишвар вазифадор мебошанд, ки баҳри боз ҳам ободтару зеботар гардонидани ин сарзамин саҳми арзандаи худро гузоранд ва бо хизматҳои софдилонаву ватандӯстона ваҳдату истиқлолияти давлатиро ҳифз намоянд.





