Имрӯз вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Эмомалӣ Собирзода аз қисми низомии 23441-и Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боздид намуда, бо шароити хизмат ва омодагии ҷангии сарбозону афсарон аз наздик шинос шуд.

Дар ҷараёни боздид вазири мудофиа аз синфхонаҳои таълимӣ, техникаву таҷҳизоти ҳарбӣ ва шароити будубоши сарбозон дидан карда, ба сатҳи интизом ва масъулиятшиносии ҳайати шахсӣ баҳои баланд дод.

Зимни мулоқот бо хизматчиёни ҳарбӣ таъкид гардид, ки имрӯзҳо таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати кишвар нисбат ба Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар бесобиқа буда, хизматчиёни ҳарбиро зарур аст, ки дар ҷавоб ба ин ҳама ғамхориҳо ҳифзу ҳимояи Ватанро вазифаи муҳим ва муқаддаси худ шуморида, омодагии касбӣ ва рӯҳияи ватандӯстиро дар сатҳи баланд қарор диҳанд.

Иброз шуд, ки дар ин доира барои беҳтар намудани шароити хизмат, баланд бардоштани донишу малакаи низомиён ва таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар боз ҳам тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.






