Бо мақсади шиносоӣ аз вазъи будубоши сарбозону афсарон ва ҳолати маишии онҳо вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал — полковник Эмомалӣ Собирзода ба Комендатураи ҳарбӣ ташриф оварда, бо сарбозон мулоқот анҷом дод.

Зимни вохӯрӣ таъкид карда шуд, ки афсарону сарбозони Қувваҳои Масаллаҳ таҳти таваҷҷуҳи доимии раҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар, махсусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд ва онҳо дар шароити созгор адои хизмат намуда истодаанд.

Таъкид шуд, ки ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва хизмати ҳатмии ҳарбиро бо сари баланд адо намудан, вазифаи ҳар як ҷавонмард аст.






