Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати Мудофияи Ҷумуҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

БЕҲДОШТИ ВАЗЪИ ТАЪМИНОТИ АҚИБГОҲӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
04.07.2022
in Хабар
0
БЕҲДОШТИ ВАЗЪИ ТАЪМИНОТИ АҚИБГОҲӢ
0
SHARES
101
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Ҷамъомади методӣ-таълимии афсарон оид ба таъминоти ақибгоҳии қисму воҳидҳои ҳарбии тобеи марказ, навъҳои қӯшуни Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷузъу томи алоҳидаи низомӣ, ки давоми ду шабонарӯз доир гардид, он ба таври назариявӣ ва ҳам амалан дар пойгоҳи таълимии Фахрободи гарнизони Хатлон ташкилу ба роҳ монда шуд.

Ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ташкилу гузаронидани машғулиятҳои таълимии ба ҷамъомад пешбинигардида, дар машқгоҳи мазкур техникаву таҷҳизоти лозима барои пешбурди хизмати ақибгоҳӣ дар шароити саҳро фароҳам оварда шуда, масъулин рафти машғулиятҳои амалии афсарони соҳаро дар хаймаҳои саҳроӣ, ки дар онҳо ҷузъу томи таъминоти моддӣ-техникӣ ва дар нуқтаҳои алоҳида навъҳои ҳозиразамони ошхонаҳои саҳроӣ  ҷойгир карда шудааст, роҳандозӣ намуданд.

Дар нуқтаи ҷойгиршавии ротаи таъминоти моддӣ, масъулини роҳбарикунандаи машғулиятҳои таълимии навбатӣ ба афсарони соҳа оид ба хислатҳои техникӣ, ҳаҷми умумии зарфҳои хӯрокпазӣ, хароҷоти сӯзишворӣ ва дигар нозукиву махсусиятҳои ошхонаҳои саҳроӣ вобаста ба навъашон маълумот дода, қайд карданд, ки ошхонаҳои интиқолдиҳандаи саҳроӣ барои тайёр кардани ду ё се намуди хӯрок ҳангоми баромадҳои саҳроӣ ва иҷрои вазифаҳои ҷангӣ пешбинӣ шудааст.

 Маврид ба зикри хос аст, ки афсарон оид ба таъминоти ақибгоҳии ҷузъу томҳои ҳарбӣ дар таҳияи нақшаҳои омодагии ҷангӣ, тайёрӣ ва сафарбарии низомӣ иштирок намуда, иҷрои онро аз рӯйи таъйиноти хизматии хеш ба роҳ мемонанд. Дар вазъияти ҷангӣ ва ҳангоми ҳар гуна таҳдидҳои эҳтимолӣ онҳо вазифаи таъминоти моддиву техникии ҳайати шахсӣ ва пеш аз ҳама ба ҷойи таъйиншуда интиқоли ҳама гуна молу амволи шайъӣ ва дигар маҳсулоти ниёзи аввалро бар ӯҳда доранд. Аз ин рӯ, зимни ҷалб гардидан ба чунин ҷамъомадҳои таълимӣ афсарони соҳибтаҷрибаи Раёсати ақибгоҳи Вазорати мудофиа ба масъулини соҳа бо дарназардошти пешрафти замон ва навовариҳои илмиву техникӣ усулҳои муассири таълимиву таҷрибавиро кор мегиранд, то ки афсарони самти ақибгоҳии қисму воҳидҳои ҳарбӣ дар ҳама ҳолат барои иҷрои бомуваффақонаи ӯҳдадориҳои масъулиятноки дар наздашон гузошташуда омода бошанд.

Дар доираи нақшаи баргузории ин ҷамъомади таълимӣ, ҳамчунин афсарони самти ақибгоҳии қисму воҳидҳои ҳарбӣ аз ҳолати истифода ва самарнокии кишту кор дар заминҳои хоҷагии ёрирасони Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дидан намуданд.

Зимни ҷамъбасту натиҷагирии ҷараёни баргузории ҷамъомади методӣ-таълимӣ масъулини роҳбарикунандаи Вазорати мудофиаи мамлакат дар самти ақибгоҳӣ оид ба мавҷудият ва ҳолати нигоҳдороии молу амволи шайъӣ ва дигар маҳсулоти ниёзи аввал дар шароити гуногуни хизматӣ баромад намуда, таъкид карданд, ки заминҳои хоҷагиҳои ёрирасони назди қисмҳои ҳарбиро самаранок истифода бурда, ба кишту парвариши маҳсулот ва риояи дурусти қоидаҳои агротехникӣ диққату тавваҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд. Ҳамин тавр, дар охир барои нишондодҳои хуби корӣ ва иштироки фаъолона дар ҷамъомади методӣ-таълимӣ як қатор афсарони соҳа бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

 Боқӣ ШАРИФОВ

Previous Post

ИМРӮЗ ДАР ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАВРИ ДУЮМИ ОМӮЗИШӢ ОҒОЗ ГАРДИД

Next Post

РОҲУ УСУЛҲОИ МУОСИРИ НИЗОМӢ ДАР ҶАМЪОМАДИ МЕТОДӢ-ТАЪЛИМӢ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
РОҲУ УСУЛҲОИ МУОСИРИ НИЗОМӢ ДАР  ҶАМЪОМАДИ МЕТОДӢ-ТАЪЛИМӢ

РОҲУ УСУЛҲОИ МУОСИРИ НИЗОМӢ ДАР ҶАМЪОМАДИ МЕТОДӢ-ТАЪЛИМӢ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ЯРМАРКАИ МОЛУ МАҲСУЛОТ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

ЯРМАРКАИ МОЛУ МАҲСУЛОТ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

26.01.2023
МАҶЛИСИ ВАСЕИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МАҶЛИСИ ВАСЕИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

25.01.2023
РУШДИ ИЛМИ ҲАРБӢ

РУШДИ ИЛМИ ҲАРБӢ

24.01.2023
ИНТИЗОМИ ҲАРБӢ-ПОЙДЕВОРИ АРТИШИ МИЛЛӢ

ИНТИЗОМИ ҲАРБӢ-ПОЙДЕВОРИ АРТИШИ МИЛЛӢ

20.01.2023
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2014 - All Rights Reserved.ME
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook
  • Mix.tj