Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

Ба истифода додани корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ Базаи таъминоти Ширкати Барс дар шаҳри Бӯстон

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
01.11.2026
in Хабар
0
Ба истифода додани корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ Базаи таъминоти Ширкати Барс дар шаҳри Бӯстон
0
SHARES
12
VIEWS
Share on Facebook
1 ноябр сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд бо ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Базаи таъминоти Ширкати Барс дар шаҳри Бӯстон оғоз гардид.
Корхонаи мазкур бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ Мирзоабдураҳмон Мирзобаҳодуров дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар бунёд гардидааст.
Зимни шиносоӣ, ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки корхона бо хатҳои муосири технологӣ муҷаҳҳаз буда, дар он барои чорвои калону майда, паранда ва моҳӣ хӯроки омехта истеҳсол карда мешавад.
Иқтидори лоиҳавии корхона дар як сол истеҳсоли 37 ҳазору 440 тонна маҳсулотро ташкил медиҳад. Бо мақсади нигоҳдории дурусти ашёи хом ва маҳсулот, дар ҳудуди корхона 10 анбор бунёд ёфтааст.
Иншоот бо ҷалби мутахассисони маҳаллӣ ва истифодаи конструксияҳои металлӣ бунёд шудааст. Бо оғози фаъолияти корхона наздик ба 70 нафар бо кори доимӣ таъмин гардиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки маҳсулоти корхона вобаста ба навъи чорво ва паранда, бо риояи талаботи стандартҳои дахлдор истеҳсол гардида, бо тамғаи Эко комбикорм ба бозор пешниҳод мешавад. Хатҳои технологӣ насли нав буда, бо истифодаи сарфакоронаи неруи барқ фарқ мекунанд.
Тавре таъкид гардид дар соли 2025 ба маблағи 100 миллион доллар хӯроки омехтаи паранда ва чорво ворид гардида, талаботи бозор бошад 450 ҳазор тонна дар як солро ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, Сарвари давлат супориш доданд, ки истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда ва чорво васеъ ба роҳ монда шавад.
Яке аз хусусиятҳои асосии корхона истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот мебошад. Ашёи хоми зарурӣ қисман аз дохил ва қисман аз хориҷи кишвар дастрас мегардад. Ҳамчунин, аз афзалиятҳои дигари корхона истеҳсолоти бе партов доштани он аст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди чунин корхонаҳои муосирро дар роҳи татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръат, рушди иқтидори истеҳсолии кишвар ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ муҳим арзёбӣ карданд.
Дар ҳамин ҷо, Сарвари давлат бо маҳсулоти корхонаҳои Ширкати Барс шинос шуданд. Дар намоишгоҳ номгӯи гуногуни маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ, аз ҷумла, помидор, бодиринг, қаламфури булғорӣ, равғани пахта ва офтобпараст, макарон, маргарин, хӯроки омехтаи чорвою паранда, нӯшокиҳо ва дигар маҳсулот пешниҳод шуд.
Таъкид гардид, ки истеҳсоли чунин номгӯи гуногуни маҳсулот аз тавсеаи имкониятҳои истеҳсолии ширкат ва саҳми он дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ шаҳодат медиҳад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, корхонаи коркарди шолии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Агротрейдинг дар шаҳри Бӯстонро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ карданд.
Корхона бо саҳми гурӯҳи соҳибкорони маҳаллӣ — Мирзомубин Қодиров, Мирзомуқим Қодиров, Ҳафиза Содиқова ва Муҳайё Қодирова бунёд гардидааст.
Иқтидори лоиҳавии корхона коркарди 24 ҳазор тонна шолӣ дар як солро ташкил дода, дар он 40 ҷойи корӣ таъсис дода шудааст.
Ба истифода додани чунин корхонаҳо барои рушди соҳаи саноат, коркарди ашёи хоми ватанӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва тақвияти иқтидори иқтисодии кишвар муҳим арзёбӣ карда шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорон ва масъулон барои саҳмгузорӣ дар рушди саноати миллӣ изҳори сипос намуда, таъкид карданд, ки таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда дар роҳи расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар муҳим мебошад.
    
Previous Post

Истиқбол дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд 01.11.2026

Next Post

Ифтитоҳи бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
Ифтитоҳи бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд

Ифтитоҳи бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

16.11.2026

16.11.2026

16.11.2026

16.11.2026
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook