Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати Мудофияи Ҷумуҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

БА ИСТИФОДА ДОДАНИ ИНШООТИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ СУҒД

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
24.11.2021
in Хабар
0
БА ИСТИФОДА ДОДАНИ  ИНШООТИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ СУҒД
0
SHARES
292
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Созандагиву бунёдкорӣ ва дар ин замина таъмини хизматчиёни ҳарбии Артиши миллӣ бо шароити хуби ҳозиразамони хизмативу маишӣ ва ҳам таълимӣ доимо дар партави таваҷҷуҳи Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар ин замина пайваста корҳои судманду назаррас амалӣ карда мешаванд.

Ба муносибати Рузи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи анҷоми корҳои сохтмонӣ дар дохили қисми низомии 02267-и Қӯшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи мамлакат, воқеъ дар ҳудуди вилояти Суғд як хобгоҳи дуошёнаи кушоду барҳавои замонавӣ ва якчанд иншооти дигари аҳамияти ҳарбидошта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Хобгоҳи кушоду барҳавои замонавӣ бо 350 ҷойи хоб барои сарбозон пешбинӣ гардида, он дар масоҳати 630 метри мураббаъ қомат афрохтааст. Дар ошёнаҳои якум ва дуюми иншооти мазкур, бағайр аз мавзеи хоби ҳайати шахсӣ, инчунин чанд утоқи корӣ барои афсарон, хонаҳои хизмативу маишӣ ва ҳам фароғатӣ, мавзеи махсуси хушк намудани либосу пояфзол, хонаи нигоҳдории силоҳу муҳиммоти ҷангӣ, ташнобхона, ҷойи дастурӯшӯйӣ, амборча ва дигар утоқҳои махсуси хизматӣ ҷойгир карда шудааст.

Дохили бино ва утоқҳои кориву хизматрасонии иншооти мазкур, барои фаъолияти рӯзмараи ҳайатӣ шахсӣ, бо мизу курсӣ, ҳама намуди таҷҳизоти зарурӣ, воситаҳои алоқаи дохилӣ, шиору овезаҳои таблиғотӣ ва бо дигар шароити лозимаи маишиву фароғатӣ, муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Илова бар ин, баҳри назорати доимии ҳудуди қисми ҳарбӣ дар дохил ва атрофи бинову иншооти он видеокамераҳои мушоҳидавӣ насб карда шуда, хобгоҳи сарбозон ва дигар бинову утоқҳои кориву хизматии афсарону сарбозон ба системаи ягонаи гармидиҳӣ низ пайваст мебошад.

Дар доираи анҷоми корҳои ободонӣ, роҳраву ҳудуди бинову иншооти қисми низомии мазкур асфалтпӯш гардонида шуда, дар назди хобгоҳ 3 суҳбаткада бунёд ва атрофи иншооти мазкур, бо гулу буттаҳо ва дигар растаниҳои ороишӣ зиннат дода шудааст.

Вазири мудофиаи мамлакат, раиси вилояти Суғд ва ҳамроҳони ӯ, аз дохил ва ҳудуди хобгоҳ ва дигар бинову иншооти навбунёди қисми низомӣ дидан ба амал оварда, ба сатҳу сифати корҳои сохтмонии он баҳои баланд доданд ва аз кори анҷомдодаи сохтмончиёни ин бинои хуштарҳу замонавӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.

Бояд тазаккур дод, ки сохтмони хобгоҳи навбунёду замонавии сарбозӣ, ба муносибати 30 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аввали соли 2021, аз сифр оғоз карда шуда, он аз ҷониби Раёсати сохтмони асосии Вазорати мудофиа ва дар доираи маблағҳои мутамаркази буҷетӣ дар муддати кӯтоҳ ва бо тарҳу усулҳои муосири меъморӣ, сохта ба истифода дода шудааст.

Қобили зикр аст, ки бағайр аз хобгоҳи кушоду барҳавои сарбозӣ, ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ, инчунин дар дохили ин қисми низомӣ дар давоми як соли охир як бинои муҷаҳҳази таълимӣ бо 8 синфхонаи дарсӣ, синфхонаҳои тобистона барои сарбозон, қаровулхонаи наву замонавӣ, бинои алоҳидаи ташнобхона, мавзеи дастрӯшӯйӣ барои ҳайати шахсӣ, анбори озуқаворӣ ва дигар иншооти ёрирасони зарурӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.

Зимни суханрони роҳбарияти Вазорати мудофиаи мамлакат доир ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вобаста ба тақвият бахшидани сатҳи тайёрии ҷангӣ ва беҳдошти шароити рӯзмарраи хизмативу маишии афсарону сарбозон баромад намуда, ҳайати шахсӣ ва дар симои онхо тамоми мухофизони ин марзу буми ачдодиро бо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуданд ва оид ба лоиҳаи чандин иншоотӣ дигар, ки аҳамияти ҳарбӣ доранду ояндаи наздик дар ҳудудӣ вилояти Суғд бунёд карда мешаванд ибрози назар карданд.

Бояд тазаккур дод, ки дар доираи анҷоми корҳои сохтмонӣ ва бо дастгирии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба муносибати истиқболи сазовор аз 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистони азиз дар ҳудуди вилояти Суғд даҳҳо иншооти муҳим ва аҳамияти ҳарбидошта, аз нав бунёд карда шуда, бисёре аз қисмҳои низомӣ азнавсозӣ ва таъмиру тармим гардонида шудаанд.

Дар ин замина, дар дохил ва ҳудуди қисму воҳидҳои низомӣ ва дигар ҷузъу томҳои тобеи Вазорати мудофиаи мамлакат, воқеъ дар гарнизони Суғд, барои  ҳайати шахсӣ, биноҳои маъмуриву ситоди қисмҳои низомӣ, хобгоҳи сарбозӣ, ошхона, иншооти ёрирасони коммуналӣ, истгоҳи нигоҳдории техникаҳои ҷангиву автомобилӣ, шаҳрчаҳои муҷаҳҳази тактикиву тирандозӣ, толору майдончаҳои ҳозиразамони варзишӣ, деворҳои мустаҳками атрофи қисмҳои низомӣ ва дигар шароити рӯзмарраву муҳим, ки барои гузаронидани машғулиятҳои гуногун ва маишату фароғати хизматчиёни ҳарбӣ нигаронида шудаанд, бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтаанд.

 

Фаридун Маҳмадализода,

   сардори Маркази матбуот,

                                                               полковник

Previous Post

ТАНТАНАИ ҶАШНӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

Next Post

Машқҳои баталионӣ-тактикӣ дар Фахробод

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
Машқҳои баталионӣ-тактикӣ дар Фахробод

Машқҳои баталионӣ-тактикӣ дар Фахробод

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ЯРМАРКАИ МОЛУ МАҲСУЛОТ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

ЯРМАРКАИ МОЛУ МАҲСУЛОТ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

26.01.2023
МАҶЛИСИ ВАСЕИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МАҶЛИСИ ВАСЕИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

25.01.2023
РУШДИ ИЛМИ ҲАРБӢ

РУШДИ ИЛМИ ҲАРБӢ

24.01.2023
ИНТИЗОМИ ҲАРБӢ-ПОЙДЕВОРИ АРТИШИ МИЛЛӢ

ИНТИЗОМИ ҲАРБӢ-ПОЙДЕВОРИ АРТИШИ МИЛЛӢ

20.01.2023
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2014 - All Rights Reserved.ME
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook
  • Mix.tj