Тарбияи ҳарбӣ-ватанпарастӣ яке аз ҷузъҳои таркибии ҷараёни тарбия, аз ҷумла тарбияи насли наврасу ҷавон ба ҳисоб рафта, бо назардошти ин нукта татбиқи сиёсати давлатӣ дар ин самт ба фаъолияти бонизом ва мақсадноки сохторҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва аҳли ҷомеа дар самти ташаккули тафаккури баланд ва тарбияи ҷавонону наврасон дар рӯҳияи ватандӯстию ватанпарастӣ, эҳтирому садоқат ба Ватан ва омодагӣ барои ҳимояи манфиатҳои халқи он мусоидат мекунад
Таваҷҷӯҳ ва ғамхории рӯзафзуни давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ, хусусан Пешвои муаззами миллат нисбати тарбияи насли наврасу ҷавонон, омода сохтани онҳо барои адои хизмати ҳарбӣ, ҷалби наврасону ҷавонон ба намудҳои варзиши ҳарбӣ — амалӣ ва бо ин роҳҳо тақвияти иқтидори мудофиавии мамлакатамон ниҳоят назаррас аст.
Аз ҷумла дар пойтахт, низ бо иқдомоти пешгирифтаи роҳбарияти мақомоти иҷрои ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе раванди корҳои омодагии тодаъватии ҷавонон ба мудофиаи Ватан ва тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии онҳо бонизом ва пурсамар ба роҳ монда шудааст. Зеро маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ чорабинии муҳими сиёсӣ буда, моҳият ва таъиноти низомию мудофиавӣ дорад.
Ҳамасола қабл аз маъракаи даъвати баҳорию тирамоҳӣ қарори дахлдори раиси шаҳр ба имзо мерасад, ки тибқи ин қарор, роҳбарони сохторҳои дахлдори пойтахт вазифадор мегарданд, миёни сокинон ва ҷавонони синни даъватӣ хизмати ҳарбиро ҳамчун вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд ташвиқу тарғиб намоянд.
Қобили зикр аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ бо ташаббуси раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, бо мақсади мутобиқи талаботи қонунгузории низомӣ ба роҳ мондани тайёрии тодаъватии ҷавонони шаҳри Душанбе баҳри адои хизмати ҳарбӣ, иҷрои босифат ва саривақтии нақшаи сафарбарии даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ, тибқи эҳтиёҷоти ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон омода намудани мутахассисон аз ҳисоби ҷавонони синни даъватии пойтахт тадбири наве рӯи даст гирифта шуд.
Тибқи дастури раиси шаҳр раисони ноҳияҳои пойтахт дар ҳамкорӣ бо раисони шаҳраку маҳаллаҳои ҳудуди шаҳри Душанбе барои аз ҷониби комиссариатҳои ҳарбӣ ба муассисаи давлатии «Мададгори мудофиа» сафарбар намудани ҷавонони синни даъватии пойтахт ҷиҳати шомил намудан ба гурӯҳҳои махсусе, ки барои Қувваҳои Мусаллаҳ омода карда мешаванд, мусоидати ҳамаҷониба намуда истодаанд.
Дар ин доира ҷавонони синни даъватӣ аз ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар Мактаби муттаҳидаи техникии ҷумҳуриявии муассисаи давлатии «Мададгори мудофиа», ки дар пойтахт ҷойгир аст, барои минбаъд ҳамчун мутахассис ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ сафарбар намудани онҳо таҳсил намуда, давраи таълимиро мегузаранд.
Вазифаҳои асосии тайёр намудани мутахассисон барои Қувваҳои Мусаллаҳ, ки онро афсарони муассисаи давлатии «Мададгори мудофиа» амалӣ менамоянд, ташаккулёбии ҷаҳонбинии касбомӯзон, ҳушёрӣ ва зиракӣ, интизомнокӣ, садоқати бепоён ба Ватан, доимо омода будан ба иҷрои қарзи ҳарбӣ, тарбия намудани муҳофизони Ватан дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ҷасоратмандӣ иборат мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи тарбияи ватандӯстӣ, хусусан тарбияи ҳарбӣ — ватанпарастии наврасону ҷавонон таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, пайваста дар Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ ва дигар вохӯриву суханрониҳояшон ба тайёр намудани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ба камол расонидани насли наврасу ояндасози миллат дастуру ҳидоятҳо медиҳанд.
Хизмат дар сафи Артиши миллӣ барои ҳар ҷавони бонангу номус шараф ва ҳифзи марзу буми кишвар вазифаи муқаддаси ҳар як ҷавони бонангу ор мебошад. Дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз бо саъю талошҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллии мамлакат пуриқтидор гардида, барои хизмат ба ҷавонон дар сафи Артиши миллӣ тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, хизмат ба Ватан, таҳкими истиқлолият ва иқтидори мудофиавии он вазифаи ҳар як шаҳрванд буда, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби мардонагист. Ҷавонон маҳз дар давраи хизмати ҳарбӣ имкон доранд, ки моҳияту мафҳумҳои Ватан, давлат ва муқаддасоти миллии худро ба хубӣ дарк карда, сабақи далериву шуҷоат ва садоқат омӯзанд.
Аз ин рӯ, хизматчиёни ҳарбии муассисаи давлатии «Мададгори мудофиа» дар шаҳри Душанбе низ барои пешбурди тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии наврасону ҷавонони пойтахт корҳои оммавӣ-мудофиавиро амалӣ месозад, ки дар доираи он чорабиниҳои гуногуни тарғиботӣ — маърифатбахшӣ ва мусобиқоти мухталифи варзишӣ аз рӯи намудҳои ҳарбӣ — амалии варзиш гузаронида мешаванд.
Зимни ин чорабиниҳо тарғиби васеи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа», «Дар бораи ӯҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» масъалаи ҳимояи давлат, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватанпарастӣ, садоқат ба Ватан ва омодагии доимӣ ба муҳофизати он, ба хонандагон фаҳмондани мақсаду вазифаҳои машғулиятҳои омодагии дифои ҳарбӣ, гузаронидани вохӯрии хонандагон бо кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ, собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқадорони ҷангу меҳнат ва ҷанговарони башардӯст ба роҳ монда мешавад.
Дар ҳудуди пойтахт байни наврасону ҷавонони синни тодаъватӣ ва даъватӣ чорабиниҳои гуногуни варзишӣ гузаронида мешаванд, ки аз як ҷониб ҳадафи баргузории онҳо ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш, такмили маҳорати варзишии онҳо ба шумор равад, аз тарафи дигар ин қабил мусобиқаҳо барои омода намудани ҷавонон барои хизмат дар сафи артиш нақши муассир мебозанд.
Дар ин раванд ба таблиғу ташвиқи анъанаҳои пуршарафи низомии халқи тоҷик, афкори ҳарбии гузаштагони мо, ҷасорату корнамоии хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакатамон, баргузории мусобиқаҳои ҳарбӣ – варзишӣ ва ғайра таваҷҷуҳи хос зоҳир мегардад.
Зимни ин чорабиниҳо хизматчиёни ҳарбии муассисаи давлатии «Мададгори мудофиа» таъкид медоранд, ки барои ҳар як фарзанди фарзонаи миллат ва ватандори асилу ҳақиқӣ хизмати модар — Ватан ҳам қарзи фарзандиву шаҳрвандӣ аст. Самараи чунин талошҳост, ки шумораи ҷавононе, ки дар пойтахт ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ сафарбар карда мешаванд, сол то сол афзуда истодаанд.
Мавриди зикр аст, ки Артиши Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сипари боэътимоди давлати соҳибистиқлоли мо мебошад, имрӯзҳо ба мактаби ҷасорату мардонагӣ табдил ёфтааст. Барои дар ҳолати доимии омодабош нигоҳ доштани он тарбияи низомии ҷавонон, сатҳи маънавиёти сиёсӣ ва маърифати ватанпарастии онҳоро баланд бардоштан зарур аст. Ин хислатҳо пеш аз ҳама, дар доираи мактабҳои таҳсилоти умумӣ, дар дарсҳои омодагии дифоъ ва чорабиниҳои беруназсинфию беруназмактабӣ тарбия мешавад.
Ин тадбирҳо барои тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватанхоҳӣ мусоидат менамоянд. Зимни гузаронидани чорабиниҳои хусусияти ҳарбӣ — ватандӯстидошта шумораи зиёди ҷавонони синни тодаъватӣ ба чорабиниҳои варзишӣ ва тарғиботӣ фаро гирифта мешаванд.
Чун тарбияи ватанпарастии ҷавонон кори ҳамоҳанг буда, он дар ҳамбастагӣ натиҷаи муносиб медиҳад, ҷалби имкониятҳои сохтору идораҳои гуногуни давлативу ҷамъиятӣ имкон медиҳад, ки доираи фарогирии чорабиниҳои амалишаванда васеътар гардида, доманаи таъсири таблиғоти ватандӯстӣ вусъат ёбад.
Аз ин рӯ, дар баргузории тадбирҳои мазкур фаъолияти ҳамоҳанги раёсату шӯъбаҳои маориф, комиссариатҳои ҳарбӣ, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе назаррас ва қобили қадрдонӣ мебошад.
Маҳсули чунин амал аст, ки имрӯз дар пойтахт раванди тарбияи ҳарбӣ — ватандӯстӣ, омода намудани ҷавонони синни тодаъватӣ ва даъватӣ барои хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, рушди намудҳои ҳарбӣ — техникии варзиш ҷавобгӯи ниёзҳои замон бомаром ва умедбахш ҷараён дорад.
Зеро ҳамаи тадбиру чораандешиҳо дар самти тарбияи ҳарбӣ — ватанпарастӣ ва рушди намудҳои ҳарбӣ — амалии варзиш, ба мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии мамлакат, таҳкими Ваҳдати миллӣ, суботу амният ва дар маҷмуъ ба мудофиаи Ватан нигаронида шудааст.
Файзулло САИДЗОДА,
афсари Муассисаи давлатии
“Мададгори мудофиа”,
подполковник