Созандагиву бунёдкорӣ ва дар ин замина таъмини хизматчиёни ҳарбии Артиши миллӣ бо шароитҳои хуби ҳозиразамони хизмативу майишӣ ва ҳам таълимӣ доимо дар партави таваҷҷўҳи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар ин замина ба муносибати ҷашни Истиқлоли давлатӣ ва таҷлил аз 30 солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ, дар чанде аз қисмҳои низомии ҳудуди гарнизонҳои мамлакат, як қатор бинову иншооти аҳамияти ҳарбидошта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Ба муносибати ҷашни Истиқлоли давлатӣ ва таҷлил аз 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ, дар дохили яке аз қисми низомии Қўшунҳои зудамал, воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Сангвор якчанд иншооти аҳамияти ҳарбидошта, аз ҷумла хобгоҳи дуошёнаи сарбозӣ ва хонаи афсарон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Хобгоҳи кушоду барҳавои замонавӣ бо 300 ҷойи хоб барои сарбозон пешбинӣ гардида, он дар масоҳати зиёда аз 1100 метри мураббаъ қомат афрохтааст. Дар ошёнаҳои якум ва дуюми иншооти мазкур, ба ғайр аз мавзеи хоби ҳайати шахсӣ, инчунин чанд утоқи корӣ барои афсарон, хонаҳои хизмативу майишӣ ва ҳам фароғатӣ, мавзеи махсуси хушк намудани либосу пояфзол, хонаи нигоҳдории силоҳу муҳиммоти ҷангӣ, ташнобхона, ҷойи дастурўшўйӣ, амборча ва дигар утоқҳои махсуси хизматӣ ҷойгир карда шудааст.
Дохили бино ва утоқҳои кориву хизматрасонии иншооти мазкур барои фаъолияти рўзмараи афсарону сарбозон бо мизу курсӣ, ҳама намуди таҷҳизоти зарурӣ, воситаҳои алоқаи дохилӣ, видеокамераҳои мушоҳидавӣ, шиору овезаҳои таблиғотӣ ва бо дигар шароити лозимаи майишиву фароғатӣ, муҷаҳҳаз гардонида шуда, дар ҳама ҳуҷраҳои кории ҳайатӣ шахсӣ системаи муосири гармидиҳӣ низ насб карда шудааст.
Илова бар ин, дар назди бинои мазкур тибқи талаботи оинномавӣ дар масоҳати 1350 метри мурабаъ барои ҳайати шахсӣ майдони сафороӣ, минбар, лавҳаи дастовардҳои қисми низомӣ ва шиору овезаҳои таблиғотӣ низ сохта ба истифода дода шудааст.
Ба муносибати ҷашни Истиқлоли давлатӣ, дар ҳудуди қисми низомии мазкур инчунин дар масоҳати 238 метри мурабаъ хонаҳои 2 ҳуҷрагӣ барои 8 оилаи хизматчиёни ҳарбӣ низ мавриди баҳрабардори қарор гирифт, ки он дорои шароити хуби зисту зиндагонӣ буда, барои фарзандони афсарон дар атрофи бинои мазкур як майдончаи дилхушии кўдакона низ бунёд карда шудааст.
Ба ғайр аз хобгоҳи кушоду барҳавои сарбозӣ ва манзили зисти афсарону оилаҳои онҳо ҳамзамон бунгоҳи тиббӣ ва анбори хӯрокаи қисми низомӣ низ азнавсозӣ ва таъмиру тармим гардида, мавриди истифодаи ҳайати шахсӣ қарор гирифт.
Бояд тазаккур дод, ки сохтмони хобгоҳи навбунёду замонавии сарбозӣ ва манзили зист барои афсарон ва оилаҳои онҳо бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тирамоҳи соли 2022, аз сифр оғоз карда шуда, он аз ҳисоби маблағҳое, ки барои сохтмони бинову иншооти Вазорати мудофиа пешбинӣ гардидааст бо тарҳу усулҳои наву замонавӣ сохта ба истифода дода шудаанд.
Роҳбарияти Вазорати мудофиаи мамлакат зимни суханронӣ доир ба таваҷҷуҳу ғамхориҳои доимии Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нисбат ба хизматчиёни ҳарбии Артиши миллӣ, тақвият бахшидани сатҳи тайёрии ҷангӣ ва беҳдошти шароити рўзмарраи хизмативу майишии афсарону сарбозон изҳори андеша карда, ҳайати шахсии қисми низомиро бо ҷашни 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ ва ба истифода додани чанд бинову иншооти аҳамияти ҳарбидошта табрику таҳният намуд.
Қобили зикр аст, ки дар доираи сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ва вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамасола ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтан ва бо дастовардҳои арзандаи соҳавӣ таҷлил намудани ҷашни Истиқлоли давлатӣ як қатор корҳои созандагиву бунёдкорӣ анҷом дода шуда, дар заминаи он биною иншооти гуногуни ҷашнӣ низ сохта ба истифода дода мешаванд.
Соли равон ба муносибати 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ дар ҷузъу томи Вазорати мудофиаи мамлакат сохтмон ва аз таъмиру тармим баровардани наздики 30 бинову иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки ҳамаи он марҳила ба марҳила дар ҳудуди тамоми гарнизонҳои ҷумҳурӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.
Аз ҷумла, дар пойгоҳи бисёре аз қисмҳои низомии ҳудуди гарнизонҳои мамлакат хобгоҳи сарбозон, синфхонаҳои таълимии тобистона, нонпазхона, ошпазхонаи тобистона, ҳаммом, ҷойи дастрўйшўйӣ, ташнобхона, тахтаи электронӣ ҷиҳати пахши видеороликҳои таърихиву таблиғотӣ, лавҳаҳои деворӣ оид ба дастоварду комёбиҳои Тоҷикистону Артиши миллии он, боғҳои фароғатӣ, фавворау сӯҳбаткадаҳо ва миқдори зиёди айвону истгоҳҳои нигоҳодории техникаҳои зиреҳпўши ҷангӣ ва дигар воситаҳои нақлиёти автомобилӣ бунёду ба шакли муосир азнавсозӣ шудаанд.
Фаридун МАҲМАДАЛИЗОДА,
сардори Маркази матуботи
Вазорати мудофиаи
Ҷумҳурии Тоҷикистон,
полковник