Бо оғоз гардидани даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ва ҷалби ҷавонони синни даъватӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ, имрӯзҳо дар тамоми қисму воҳидҳои низомии кишвар қабулу ҷобаҷокунии наваскарон ва гусели сарбозоне, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро ба анҷом расонидаанд, бо маром идома дорад.
Қабулу ҷобаҷокунии наваскарон дар қисмҳои ҳарбӣ тибқи талаботи оинномаҳои умумиҳарбии Қувваҳи Мусаллаҳ ва дигар низомномаву дастурамалҳои хизматӣ ба роҳ монда шуда, пеш аз қабул намудани сару либоси низомӣ ва дигар молу амволи шайъӣ, вазъи саломатӣ ва ҳолати равонии ҳар як наваскар санҷида мешавад.
Албатта, хизмати ҳарбӣ ба худ талабот ва қоидаҳои махсуси муносибату рафтори оинномавиро дорад, ки бо ворид гардидан ба қисми низомӣ аз ҳар як ҷавон масъулият ва омӯзишро тақозо мекунад. Ин аст, ки ҷиҳати ошноӣ пайдо намудан аз вазъи буду боши макони хизматии хеш, наваскарон пеш аз ҳама бо шароиту имкониятҳои мавҷуда, бинову иншооти ҳарбӣ, таъйиноти самти фаъолияти қисми низомӣ, техникаҳои ҷангӣ ва дигар силоҳу муҳиммоти дар қисми ҳарбӣ буда шинос гардида, дар бахши “Ҷанговари ҷавон” ба омӯзиши таълимоти ибтидоии ҳарбӣ омодагӣ мегиранд.
Наваскароне, ки айни ҳол рӯзҳои нахустини хизмати ҳарбии худро дар пойгоҳи ҷузъу томи Бригадаи ҳамлаовари десантии Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат пеш бурда истодаанд, имрӯзҳо дар доираи таълимоти курси кӯтоҳмуддати наваскарӣ ё худ барномаҳои таълимии ҷанговарони ҷавон талабот ва меъёрҳои гуногуни ҳарбиро ба таври назариявӣ аз худ намуда, уҳдадориҳои хизамтӣ, савганду саломи ҳарбӣ ва дигар нозукиҳое, ки тӯли фаъолияти минбаъда барои сарбозон иҷрои он ҳатмӣ мебошад, сипарӣ мекунанд.
Омӯзишу мавриди истифода қарор додани навъҳои силоҳу муҳиммоти ҳозиразамони низомӣ, техникаҳои ҳарбӣ, роҳу усулҳои мудофиа ва тактикаҳои ҷангӣ бошад, ба сарбозони Артиши ҷавони Тоҷикистон пас аз ёд намудани савганди ҳарбӣ, дар доираи барномаҳои мукаммали таълимӣ ташкилу ба роҳ монда мешавад.
Машқҳои сафороӣ, ки дар доираи машғулиятҳои амалии курси кӯтоҳмуддати наваскарӣ дар ин қисми ҳарбӣ роҳандозӣ гардидааст, зимни он командири гурӯҳе аз наваскарон ва сержантони вобастаи онҳо дар майдони сафороӣ тарзи додани саломи ҳарбӣ, ҳолати низом истодан дар саф, тарзи дар ҷой қадам задан, ҳаракати низомии бесилоҳ ва ҳолати бо силоҳ қабул намудани савганди ҳарбиро ба ҳар як наваскар амалан нишон дода, онҳоро ба қабули савганди садоқат ба халқу Ватан, омода менамоянд.
Умуман, таълиму омӯзиши наваскаронро афсарону сарбозони ботаҷриба бар зимма доранду кӯшиш менамоянд, ки онҳоро дар рӯҳияи хизмати шоиста ва пос доштани муқаддасоти Ватан тарбия намоянд.
Пас аз ба итмом расидании курси якмоҳаи наваскарӣ ва ёд намудани Савганди ҳарбӣ наваскарон бо назардошти ҳунару маҳорат ва донишу таҷрибаашон ба вазифа ва ӯҳдадориҳои муайян вобаста карда мешаванд, ки сарбозонро ба масъулиятшиносӣ водор намуда, онҳоро ба фаъолияти мустақилона дар хизмати бар уҳдадошта ва зиндагии ояндаашон омода менамояд.
Ташкили суҳбатҳои инфиродӣ ва гурӯҳӣ низ яке аз чорабиниҳо вобаста ба қабулу ҷобаҷокунии наваскарон ба ҳисоб рафта, он аз ҷониби афсарон оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ ҷузъу том роҳандозӣ мегардад. Қабл аз ташкили чунин суҳбатҳо парвандаи шахсии ҳар як наваскар мувофиқ ба талаботи Оинномаи интизомии Қувваҳои Мусаллаҳ омода карда мешавад.
Вобаста ба раванди хизмат ва шароиту имкониятҳои фароҳамбуда ҳаминро бояд зикр намуд, ки имрӯз барои сарбозон чун дигар қисму воҳидҳои ҳарбӣ дар ин қисми низомӣ низ синфхонаҳои таълимӣ, хобгоҳи замонавӣ, нуқтаи тиббӣ, майдончаи варзишӣ, ошхона ва дигар шароитҳои хизмативу майишӣ фароҳам буда, имкон медиҳад, ки онҳо ниёзҳои маънавӣ ва ҷисмонии худро бо мутолиаи китобҳои гуногуни ҳарбӣ ва машғулиятҳои варзишиву тактикӣ бароварда созанд.
Майдони рамзии пайкараи “Сарбози десантчӣ” ва “Боғи 30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз мавзеъҳои зебову тамошобоби қисми ҳарбӣ маҳсуб меёбанд, ки имрӯз ба макони истироҳату фароғати комили сарбозон табдил ёфтаанд. Албатта, ин ҳама имкониятҳои мусоиди хизмат ва зисту истироҳати афсарону сарбозон дар пойгоҳи қисму воҳидҳои низомӣ ба он хотир фароҳам оварда шудааст, ки ҳайати шахсӣ бо рӯҳияи болида ва садоқату сарсупурдагӣ ба халқу Ватан хизмат намоянд. Хушбахтона, чунин вазифаҳои масъулиятнок дар сафи Артиши миллӣ сарбаландона иҷро мегарданд ва ҳамин зебоӣ, оромиву суботи сартосарӣ самараи ҳамон заҳматҳо ва дар зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҷамъу иттиҳод будани мардуми Тоҷикистонро нишон медиҳад.
Боқӣ ШАРИФӢ