Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

БАРОИ ҲИМОЯ АЗ ИН МАРЗУ БУМ ҲАМЕША ОМОДАЕМ!

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
03.05.2023
in Хабар
0
БАРОИ ҲИМОЯ АЗ ИН МАРЗУ БУМ ҲАМЕША ОМОДАЕМ!
0
SHARES
253
VIEWS
Share on Facebook

Муҳофизати Ватан ва дар ин замина таъмини амнияти давлату миллат аз вазифаҳои муҳиму аввалиндараҷа дар назди шаҳрвандон ва сокинони кишвар ба ҳисоб меравад. Ҷиҳати иҷљрои ин рисолати бузург дар Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, ки мактаби тарбияи ҷавонон дар роҳи садоқату вафодорӣ ва донишу таҷрибаи баланди ҳарбӣ-сиёсӣ маҳсуб меёбад, тамоми шароиту имкониятҳои мусоид ба хизмат ва фаъолияти ҳайати шахсӣ фароҳам оварда шудааст.

Қисми ҳарбии 01123-и гарнизони Хоруғ, аз ҷумлаи қисмҳои низомие мебошад, ки ҳайати шахсии он дар фаъолияти хизматии худ тамоми вазифаҳои бар ӯҳдадоштаро сарбаланддона иҷро намуда, баҳри такмили маҳорати касбии хеш дар машқҳои муштараки ҳарбӣ ва чорабиниҳои гуногуни низомӣ пайваста ширкат менамоянд. Дар баробари дигар шароиту имкониятҳои фароҳамгардида, инчунин дар қисми ҳарбии номбурда шаҳракҳои муосири таълимӣ, пойгоҳҳои тактикӣ ва дигар нуқтаҳои таҷрибавӣ ташкил карда шудааст, ки албатта он имкон медиҳад, сатҳи баланди тайёрии касбии ҳайати шахсӣ ва омодагии ҷангии онҳо дар ҳама гуна вазъият таъмин ва нигоҳ дошта шавад.

Сарбозони қисми ҳарбӣ зимни ҳар як давраи омӯзишӣ соатҳои назариявии машғулиятҳои фаннии хешро дар синфхонаҳои таълимии тайёрии техникӣ, тактикиву оташфишонӣ ва омодагии кӯҳӣ аз худ намуда, бо истифода аз шароити муҷаҳҳази таълиму тадрис дар ҳама самтҳои зикргардида донишу маҳорати хизматии хешро баланд мебардоранд.

Дар ин гуна машғулиятҳои таълимӣ ҳайати шахсии сарбозон вобаста ба мавқеи ҷойгиршавии ҷузъу том ва қароргоҳҳои муваққатии он дар баробари омӯзиши тайёрии кӯҳӣ, ичунин сохт ва хусусиятҳои техникиву ҷангии силоҳу муҳиммоти ҳозиразамон, навъи тӯпҳои истифодашаванда дар шароити кӯҳистон, техникаҳои вазни ҳарбӣ ва мошинҳои махсуси ҷангиро ба таври назариявӣ ва ҳам амалан бо рондану идора намудан аз худ менамоянд. Ба қавли масъулин машғлиятҳои тайёрии кӯҳӣ ва тактикиву оташфишонӣ бештари вақт дар мавзеъҳои мухталиф бо истифода аз лавозимоти ҷангӣ ва таҷҳизоти зарурӣ амалан гузаронида мешавад.

Ҳомиёни ин гӯшаи марзи муқаддаси Ватан ҳар дафъа тибқи нақша дар пойгоҳҳои таълимӣ ва дар ҳамоҳанги бо ҳайати шахсии марзбонони ин минтақа машғулиятҳои низоми гузаронида, дар он мавзуҳои вобаста ба пешгирии убури ғайриқонунии сарҳад ва ҳифзи боътимоди сарҳади давлатӣ, дифо аз марзу бум ва таъмини якпорчагии Тоҷикистони азиз амалан коркарду тарҳрези  амалӣ менамоянд.

Дар рафти чунин машғулиятҳои таълимӣ асосан амали ҳайати шахсии дидбонгоҳ ва кӯмаки қувваҳои асосӣ дар ҳолати пеш омадани зарурияти хизматӣ нишон дода мешавад. Аз ҷумла тибқи матлаби баргузории ҳамингуна тамринҳо посбонони дидбонгоҳи сарҳадӣ ҳангоми пешбурди хизмат гӯё вайронкунандагони сарҳади давлатиро ошкор ва муайян месозанд.

Хизматчиёни ҳарбӣ, бо таҷрибаи иштирок дар ин гуна машғулиятҳо бо ҳозир гардидан ба макони таъйингардидаи амалиёти шартӣ мавқеъҳои мудофавии худро ишғол намуда, мувофиқ ба ихтисосҳои низомӣ ва бо истифода аз қувваву востаҳои ҷангии дар ихтиёрдошта ба ҳуҷуми мусаллаҳона мегузаранд.

Дар натиҷа гӯё низомиёни қодиру матиниродаи марзу буми меҳан ҳуҷуми мусаллаҳонаи афроди сарҳадшиканро зада баргардонида, минтақаи масъулиятноки сарҳади давлатиро барқарор месозанд.

Дар ин гуна машғулиятҳои якҷояи ҳарбӣ асосан силоҳҳои мухталифи сабуки ҷангӣ, навъҳои гуногуни минамётҳо ва дигар техникаҳои зиреҳпӯшу махсуси низомӣ, ки корбарии онҳо дар шароити кӯҳистон басо ҳам мусоиду манфиатовар мебошад, ба таври васеъ истифода мегардад.

Умуман, қайд кардан ба маврид аст, ки бо иҷрои чунин амалҳои тактикӣ, агарчӣ низомиёни мамлакат мавзӯъҳои ба таври назариявӣ омӯхтаи худро дар давраи омӯзишӣ амалан коркард намоянд, аз ҷониби дигар бо ин роҳ омодагии худро дар самти амалисозии Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, таҳкиму тақвият мебахшанд ва барои пешгирӣ аз ҳар гуна таҳдиду хатарҳои замони муосир омода мешаванд.

Боқӣ ШАРИФОВ,

рӯзноманигор 

 

 

 

Previous Post

ИФРОТГАРОӢ-МОНЕАИ ҶИДДӢ ДАР ТАРАҚҚИЁТУ ПЕШРАВӢ

Next Post

ОМИЛҲОИ ПЕШГИРӢ АЗ СӮХТОР

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ОМИЛҲОИ ПЕШГИРӢ АЗ СӮХТОР

ОМИЛҲОИ ПЕШГИРӢ АЗ СӮХТОР

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ДАРКИ АМИҚИ СУБОТУ ОСОИШТАГӢ!

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ДАРКИ АМИҚИ СУБОТУ ОСОИШТАГӢ!

23.06.2025
ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН

ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН

22.06.2025
НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ ИНФРАСОХТОРИ НАҚЛИЁТИИ ТОҶИКИСТОН

НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ ИНФРАСОХТОРИ НАҚЛИЁТИИ ТОҶИКИСТОН

20.06.2025
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ АСОСИИ РӮЗГОРИ БОСАОДАТ

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ АСОСИИ РӮЗГОРИ БОСАОДАТ

19.06.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook