Дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон–муовини якуми Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Бобоҷон Саидзода, комиссари ҳарбии вилоят, генерал-майор Умед Солизода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ҷаласаи ситоди шаҳрӣ оид ба даъвати баҳории ҷавонписарони солҳои таваллудашон 1999–2008 ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, ҳайати шахсии комиссариати ҳарбӣ, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони Марказҳои саломатӣ, раисони кумитаи маҳаллаҳо иштирок намуданд.
Сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерал-лейтенант Саидзода Бобоҷон зимни суханронии худ вазъ ва натиҷаҳои давраи омӯзишии фаъолияти комиссияи даъвати баҳоронаи шаҳрро мавриди таҳлили амиқ қарор дода, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва баланд бардоштани сатҳи масъулиятнокии шахсони дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дод. Таъкид гардид, ки ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ бояд дар заминаи риояи қатъии қонунгузорӣ, шаффофият ва масъулияти баланд роҳандозӣ гардад.

Ҳамзамон, ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷавонон, таҳкими корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ, ҳамкории зич бо муассисаҳои таълимӣ ва волидайн таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Қайд гардид, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мактаби ҷасорату мардонагӣ ва садоқат ба Ватан буда, ҳар як ҷавонписар бояд бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулият дар иҷрои ин рисолати муқаддас саҳмгузор бошад.

Таъкид шуд, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар марҳилаи рушд қарор гирифта, рўзгори мардум обод гашта, халқ шукри осмони софу мусаффо ва сулҳи бебозгашт карда, ба ояндаи дурахшон дилпурона назар меандозанд. Хизмат ба Ватан баробари хизмат ба модар аст.
Имрўз дар натиҷаи ғамхорию дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳ генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар бо инфрасохтори замонавӣ, техникаву таҷҳизоти муосири ҳарбӣ ва кадрҳои соҳибихтисос таъмин мебошад.

Дар фарҷоми ҷаласа барои боз ҳам тақвият бахшидани корҳои ташкилию фаҳмондадиҳӣ ва таъмини иҷрои саривақтии нақшаи даъвати баҳорона ба шахсони масъул супоришҳои мушаххас дода шуда, таъкид гардид, ки назорати раванди иҷрои онҳо таҳти таваҷҷуҳи доимӣ қарор хоҳад гирифт.





