Дар доираи машғулиятҳои тайёрии ҷамъиятӣ-давлатӣ бо ҳайати шахсии Раёсати Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷиикистон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ — Аҳмадзода Дилноза дар мавзӯи “Нақши Конфронси сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ва тақвияти ҳамкории глобалӣ дар масъалаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо” дар пойгоҳи раёсати ин навъи қӯшуни Артиши миллӣ машғулияти сиёсӣ доир намуд.
Дар ҷараёни машғулият вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон-Аҳмадзода Дилноза таъкид намуд, ки санаи 30 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор гардид. Дар маҳалли ҳамоиши сатҳи баланд — Кохи Сомони бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 2500 коршиноси сатҳи баланд аз 80 кишвар, роҳбарони ҳайатҳои як қатор ҳукуматҳо, намояндагони воломақоми созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, пажӯҳишгоҳҳо ва шарикони рушд ширкат доштанд. Чорабинии мазкур бо суханронии пурмуҳтавои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардид. Зимни суханрониашон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил ва баргузории конфронсро қадами муҳим дар самти татбиқи қатъномаи Созмони Миллали Муттаҳид дар бораи эълон намудани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” номиданд. Инчунин таъкид гардид, ки ҳамоиши сатҳи баланд барои табодули афкор вобаста ба ин мавзӯи ҳаётан муҳим, инчунин, истифодаи оқилонаи захираҳои об арсаи муколамаи судмандро фароҳам меоварад. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи коршиносонро ба масъалаи обшавии босуръати пиряхҳо, ки имрӯз ба як буҳрони глобалии замони мо табдил ёфтааст, ҷалб карда, коҳишёбии онро раванди ташвишовар дар таърихи инсоният арзёбӣ намуданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тағйирёбии иқлим, коҳишёбии бесобиқаи пиряхҳо ва оқибатҳои фоҷеабори он барои аҳолии сайёра бо таҳлилҳо андешаронӣ намуда, зарур шумурданд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ барои дарёфти ҳалли ин мушкилот бояд талошу кӯшиши муштарак ба харҷ диҳанд.
Таъкид карда шуд, ки Тоҷикистон низ, ҳамчун кишвари дорои бузургтарин пиряхҳои Осиёи Марказӣ, ба ин мушкилот дучор шудааст.
Сарвари давлат иброз доштанд, ки камшавии пиряхҳо на танҳо ба мероси табиии мо, балки ба ҳаёти миллионҳо нафар дар минтақа таҳдид мекунад.
Пешниҳод карда шуд, ки бо мақсади мониторинги фарогири пиряхҳо, инчунин, барномарезӣ ва татбиқи чораҳои таъхирнопазир барои ҳифзи онҳо ҳамкории муассир бо ҳама шарикон густариш дода шавад.
Дар ин зимн, ҳамчунин, навовариҳои зеҳнӣ ва кумакҳои молию техникӣ зарур шумурда шуд.
Зикр гардид, ки пиряхҳои Тоҷикистон на танҳо манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд, балки дар нигоҳдории устувории иқлими минтақа нақши калидиро иҷро намуда, барои ҳифзи иқлими глобалӣ низ аҳаммияти муҳим доранд ва зимнан, ҳолати кунунии ин пиряхҳо таҳқиқоти илмии дақиқро талаб мекунад.
Бо дарназардошти ҷойгир будани зиёда аз 60 фоизи пиряхҳои минтақа дар Тоҷикистон, ҳамчунин пешниҳод гардид, ки якҷо бо шарикони рушд ва пажуҳишгоҳҳои илмиву таҳқиқотӣ экспедитсияи фарогири омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон ташкил шуда, дар кишвари мо як озмоишгоҳи минтақавии яхшиносӣ таъсис дода шавад.
Аз ҳамаи шарикон ва ҷонибҳои манфиатдор даъват карда шуд, ки ин ташаббусро дастгирӣ намоянд ва ба ин васила дар татбиқи “Даҳсолаи амал барои илмҳои яхшиносӣ — солҳои 2025-2034” саҳми муносиби худро гузоранд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Тоҷикистон тайи бист соли охир рӯзномаи об ва иқлимро дар арсаи байналмилалӣ фаъолона пешбарӣ намуда, ҳамзамон бо ин, зарурати вокуниши фаврию муштаракро барои ҳифзи пиряхҳо таъкид мекунад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд, ки бо дарназардошти аҳаммияти масъалаи мазкур, бо ибтикори Тоҷикистон дар асоси қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва 21 март “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо” эълон гардида, дар назди Созмони Милал Бунёди эътимоди байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шуд.
Зарур шумурда шуд, ки давлатҳо ва созмонҳои байлналмилалию минтақавӣ бо мақсади таъмини фаъолияти босамари ин Бунёд, ҳарчи бештар саҳми молиявии худро гузоранд.
Президенти кишвар дар бораи ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса ва қабули қатъномаи СММ оид ба эълон кардани солҳои 2025-2034 ҳамчун “Даҳсолаи амал барои илмҳои яхшиносӣ” андешаронӣ намуданд.
Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳифзи пиряхҳо андешидани тадбирҳои таъхирнопазирро зарур шумурда, як қатор пешниҳодҳо ба миён гузоштанд. Аз ҷумла, баланд бардоштани сатҳи огаҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба нақши ҳаётан муҳими пиряхҳо, таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, ба роҳ мондани мониторинги фарогир ва таҳқиқоти илмӣ бо мақсади беҳтар дарк намудани ҷараёни тағирёбии пиряхҳо ва таъсири онҳо ба тағйирёбии глобалии иқлим, татбиқи иқдомҳои дастҷамъӣ бо мақсади бартараф намудани оқибатҳои иҷтимоию иқтисодии обшавии босуръати пиряхҳо, бахусус таъсири он ба дастрасӣ ба об, ҳифзи амнияти озуқаворӣ, истеҳсоли неруи барқ ва ҳифзи мероси фарҳангию табиӣ.
Ҳамчунин, аз ҷониби Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шуд, ки аксарияти чораҳои ба ҳифзи пиряхҳо равонашуда ҳамоҳанг гардад.
Дар ин радиф вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба пешниҳоди Роҳбари давлат ҷиҳати таҳияи Стратегияи глобалии ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ ёдовар гардид.
Бо назардошти муҳимияти масъалаи мазкур, баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа оид ба масъалаи обу иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои муаззами миллат ташкили чунин машғулияти сиёсӣ мубрам арзёбӣ карда шуда, дар қисмати ҷамъбасти машғулият саволу ҷавоб доир гардид.