Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

АҲАМИЯТИ ТАЪРИХИИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
24.06.2022
in Хабар
0
АҲАМИЯТИ  ТАЪРИХИИ  ВАҲДАТИ  МИЛЛӢ
0
SHARES
702
VIEWS
Share on Facebook

Сулҳу ваҳдат ибораҳое ҳастанд, ки ҳамеша бо ҳам наздику дилчаспу дилнишин ва бо лаҳни шево садо медиҳанду бевосита шунавандаро ба фикр водор месозанд, яъне мафҳуми сулҳ чист? Ваҳдат чист? Сулҳ-оштиву фарзонагӣ, якдигарфаҳмӣ ва талабгори осоиштагӣ буда, ватандӯст будани ҳар як фардро инъикосгар аст.Ваҳдат бошад, ба ҳам омадан, иттифоқ будан, дӯсту бародар будани халқҳои дунё, амну оромӣ дар саросари кишварҳо мебошад.

Албатта, ваҳдат беҳтарин неъмати ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлатдорӣ, наҷоти миллат, рушду нумӯи Тоҷикистони азизамон ва ҳастии инсон дар ҳар давру замон аст.

Имрӯз иттифоқ будани миллати тоҷик, пешравии кишвари биҳиштосои мо, меҳмоннавозии халқи инсондӯсти мо мамлакатҳои бурунмарзиро дар ҳайрат гузошта, мавриди омӯзиши Созмони Милали Муттаҳид қарор дорад, ки ин ҳам аз ваҳдату ягонагии мо, самимӣ будани мо нисбат ба Ватан гувоҳӣ медиҳад.

Боиси сарбаландӣ ва хушнудист, ки миллати тоҷик ва Тоҷикистон имрӯз намунаи ибрат дар саросари кишварҳои мутамаддин гардидааст.Танҳо бо роҳи ваҳдату ягонагӣ метавон истиқлолияту ободии Меҳан ва амну осоиштагии мардумро аз ҳама хавфу хатар эмин нигоҳ дошт.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон чунин қайд карданд: «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, ки дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо, ниҳоле низ вуҷуд дорад, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меоварад. Мо аллакай меваи ширин аз дарахти сабзондаамон чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки тешае ба решаи он расад».

Дар воқеъ, Ваҳдати миллӣ дар пешравию ободии мамлакат нерӯю суръати баланд мебахшад ва ҳар як фарди соҳибхирад аз доштани ин неъмати бебаҳо ифтихор мекунад, зеро медонад, ки то вақте дар Ватани азизамон сулҳу ваҳдат ҳукмфармо аст, ҳеҷ кас наметавонд ҳуқуқ ва озодии миллати тоҷикро халалдор созад.

Ба ҳамагон мусаллам аст, ки 27-уми июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки оѓози гардиши куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии халқи тоҷик гардид. Ин санади  муҳимми  тақдирсоз  Тоҷикистонро аз  вартаи ҳалокат ва  нобудӣ наҷот дода, боварии даҳҳо ҳазор ҳамватанони бегуноҳ, занону кӯдакон, пиронсолону ҷавононро, ки маҷбуран тарки Ватан карда буданд, ба зиндагӣ эҳё намуд. Ба миллати тоҷик рӯҳу илҳоми нав бахшида, дар сарҷамъ кардани миллат, иттиҳоду ягонагии  мардум  нақши  бебаҳо  гузошт.

Дар бораи аҳамияти таърихии ин санади муҳим Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намудаанд, ки: «Ваҳдати  миллӣ ва таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон, аз ҷумлаи сабақҳои басо арзишмандест, ки ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди омӯзиш қарор гирифт. Он барои амалӣ гардидани ормонҳои халқамон, ки бо қалби пур аз умед интизори сулҳу оромӣ ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ буданд, заминаи воқеӣ  гузошт».

Боиси ифихор аст, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ки меъмори он Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, аз ҷониби  созмонҳои муътабари ҷаҳонӣ, ҳамчун падидаи нодир ва омӯзанда эътироф гардид ва эътибори миллати тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ чун миллати мутамаддину фарҳангӣ боз  ҳам афзун  гардонид.

Дар он солҳои барои давлати соҳибистиқлоли ҷавони тоҷикон басо вазнин, вале сарнавиштсоз Роҳбари давлат ба хотири таъмини сулҳу субот, барқарор намудани низоми конститутсионӣ, ба роҳ мондани фаъолияти рукнҳои фалаҷшудаи давлатдорӣ ва ба даст овардани якдигарфаҳмию Ваҳдати миллӣ, ба Ватан баргардонидани зиёда аз як миллион фирориён, ташкилу амалӣ намудани низоми идоракунии иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар, заҳматҳои зиёде ба харҷ доданд.

Қайд намудан ба маврид аст, ки Ваҳдати миллӣ пеш аз ҳама ягонагии  тамоми  қишрҳо, ниҳодҳо ва нерӯҳоеро дар назар дорад, ки дар ҳудуди зисти ин ё он миллат фаъолият менамоянд. Аз ин рӯ, Ваҳдати миллӣ ҳастии миллат мебошад.

Дар ин бора Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон таъкид намуданд, ки «барои расидан ба ин рӯзи саид мардуми тоҷик аз имтиҳони бисёр сахту сангини таърих гузашта, бо шарофати хиради азалии худ ба мухолифати мусаллаҳона хотима бахшид ва ба аҳли башар исбот намуд, ки метавонад, таҳти парчами ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, сарҷамъ гардида, дар фазои сулҳу субот умр ба сар барад ва сарзамини аҷдодии хешро бо азму талоши ватандӯстона ободу зебо  гардонад»

Бешак, Ваҳдати миллӣ ба халқу давлати мо қувваи тавоное бахшида, барои пешрафти ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ фазои мусоиду озод фароҳам овард ва имрӯз бо қатъият метавон гуфт, ки Тоҷикистон дар кӯтоҳтарин муддат ба дастовардҳои хеле назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ  ноил  гаштааст.

 

 Раҳимҷон МАШРАБЗОДА,

  ёрдамчии калони

 Сарпрокурори ҳарбӣ

оид ба қабули шаҳрвандон,

таъминоти ҳуқуқӣ

ва кор бо матбуот,

                                                                                            полковники адлия    

Previous Post

ХИЗМАТИ СОДИҚОНА ПАРВИЗРО ПИРӮЗ НАМУД

Next Post

НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР ТАЪМИНИ АМНИЯТИ КИШВАР

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР ТАЪМИНИ АМНИЯТИ КИШВАР

НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР ТАЪМИНИ АМНИЯТИ КИШВАР

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

15.05.2025
ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

09.05.2025
МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

09.05.2025
СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

08.05.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook