Дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, собиқадорони шарафманди сохторҳои қудратии мамлакат, генерал-полковник Шералӣ Хайруллоев ва генерал-полковник Саидамир Зуҳуров бо медали ҷашнии 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Ин мукофоти давлатиро аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Юсуф Раҳмон ва вазири мудофиа, генерал-полковник Эмомалӣ Собирзода бо эҳтироми хоса тақдим намуданд.

Бояд қайд намуд, ки шахсиятҳои хизматнишондодаи сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ҳамеша зери таваҷҷуҳи Пешвои миллат қарор дошта, қадрдонӣ карда мешаванд.






