Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

АРТИШ ТАКЯГОҲИ ДАВЛАТ ВА СИПАРИ МИЛЛАТ АСТ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
21.02.2026
in Хабар
0
ХИЗМАТ БА ВАТАН–МОДАР САРЧАШМАИ ИФТИХОРУ МАСЪУЛИЯТИ ҶАВОНМАРДИСТ!
0
SHARES
30
VIEWS
Share on Facebook

Давлати соҳибистиқлоли мо дар ҳифзи суботу амнияти худ ба Артиши миллӣ такя менамояд. Таърихи 33- солаи Артиши миллии ҷумҳуриамон собит намуд, ки он воқеан ба  рӯҳи шикастнопазир ва сипари муътамад табдил ёфтааст. Мардуми кишвар ба нерӯ ва тавоноии Артиши миллии худ эътимоди қавӣ дорад.

Чӣ тавре Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бамаврид таъкид доштанд:

“Имрӯз мо метавонем бо ифтихор изҳор намоем, ки мардуми Тоҷикистон дар симои Қувваҳои Мусаллаҳ ҳомиёну муҳофизони боэътимоди худро мебинанд ва дилпурона бо роҳи бунёдкориву созандагӣ пеш мераванд.”

Марҳилаҳои ташаккулёбии Артиши миллии мамлакатамон шаҳодат медиҳад, ки ҳарчанд он дар заминаи холӣ аз сирф асос гузошта шуда замони таъсисёбиаш ба давраи ҳассосу пуршиддати вазъияти амниятӣ – сиёсӣ рост омада бошад ҳам, омодагии баланди ҷангии худро ҳамеша нигоҳ дошта, тақвият бахшид.

Ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар тадриҷан бо афсарони касбӣ пурра гардида, таъминот бо техникаву аслиҳаи низомӣ, сохтмони шаҳракҳои ҳарбӣ ва фароҳам овардани шароитҳои беҳтари хизматӣ торафт беҳтару хубтар гардид. Аз ин ҷост, ки эътимоду боварии ҷомеа нисбати артиш афзуда, ҷавонон ихтиёрӣ барои адо намудани қарзи шаҳрвандии худ ба хизмати низомӣ сафарбар мегарданд.

Ватандӯстӣ ба дониши муайяни ҳарбӣ, иродаву рӯҳияи далерона ва дар вазъияти барои Ватан таҳдидовар  асос меёбад.  Дӯст доштани Ватан шиор  ё эътирофи безамина нест, он як эҳсоси муқаддас аст, ки аз ифтихори баланд, номуси миллӣ ва шарафи ҳифзи марзу буми худӣ сарчашма мегирад.

Ҳайати шахсии Муассисаи давлатии «Мададгори мудофиа» — и Вазорати мудофиаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими қудрати мудофиавии мамлакат масъулияти хос  ба зимма доранд. Аз ин нигоҳ ин сохтори ҳарбиро мададгори мудофиаи Ватан ва созмони мудофиавӣ ном мебаранд.

Муассисаи давлатии «Мададгори мудофиа» — и Вазорати мудофиаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таблиѓу ташвиқи  анъанаҳои пуршарафи низомии халқи тоҷик, афкори ҳарбии гузаштагони мо, ҷасорату корнамоии хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакатамон, баргузории мусобиқаҳои ҳарбӣ – варзишӣ ва ғайра таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд.

Дар ҳалқаи пайванди миёни артиш ва ҷомеа бошад, Муассисаи давлатии «Мададгори мудофиа»  ҳамчун  ниҳоди муҳим хизмат мекунад. Зеро наврасону ҷавонони синни тодаъватӣ ва даъватӣ нахустин донишҳои ҳарбиро дар сохторҳои таълимии Муассисаи давлатии «Мададгори мудофиа»  омӯхта, аввалин малакаи ибтидоии ҳарбиро пайдо карда, баъдан ба муҳити низомӣ сафарбар мегарданд

Бо баргузории чорабиниҳои тарғиботию маърифатбахшии хусусияти ҳарбӣ – ватандӯстӣ дошта бошад, афсарон ва кормандони Муассисаи давлатии «Мададгори мудофиа»   дар мағзу зеҳни муҳофизони ояндаи Ватан  афкори ватанхоҳиро ҷой карда, дар қалбу рӯҳи онҳо эҳсоси  гарми меҳанпарастиро таҳким мебахшанд. Анҷом додани чунин амал рисолати пок ва самимиву содиқона буда, ба ягон манфиати дигар, ба ҷуз дифои Ватан ва ҳифзи дастовардҳои истиқлол нигаронида нашудааст.

Бо камоли ифтихор ҳамаи хизматчиёни ҳарбӣ – муҳофизони шарафманду диловари  кишвар ва кулли ҳамватанони сарбаландамонро ба муносибати 33 – солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ҳисси саршори ватандӯстӣ, садоқат  ба миллату Ватан, тандурустии бардавом, пешрафту муваффақиятҳои хизматӣ, саодату хушрӯзӣ, рӯҳи болидаву осмони соф, суботу амнияти пойдор ва кулли шодмонию хушбахтиҳои зиндагиро орзумандам.  

Абдулмумин ДАВЛАТЗОДА,

Сардори Муассисаи давлатии  «Мададгори мудофиа» — и

Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон,

генерал-майор

 

Previous Post

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – БУНЁДГУЗОРИ АРТИШИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Next Post

АРТИШИ МИЛЛӢ-СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ДАВЛАТДОРӢ ВА РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКОН

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – БУНЁДГУЗОРИ АРТИШИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

АРТИШИ МИЛЛӢ-СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ДАВЛАТДОРӢ ВА РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКОН

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА

14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА

14.03.2026
ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ КОМИССИЯИ ДАЪВАТИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА ОМОДАГӢ БА ДАЪВАТИ БАҲОРИИ СОЛИ 2026 БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ КОМИССИЯИ ДАЪВАТИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА ОМОДАГӢ БА ДАЪВАТИ БАҲОРИИ СОЛИ 2026 БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

14.03.2026
ҶАМЪОМАДИ ТАЪЛИМИИ ЯКРӮЗА БО КОМИССАРОНИ ҲАРБИИ ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ МАМЛАКАТ

ҶАМЪОМАДИ ТАЪЛИМИИ ЯКРӮЗА БО КОМИССАРОНИ ҲАРБИИ ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ МАМЛАКАТ

13.03.2026
ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ НАМОЯНДАГОНИ ВАО АЗ ҶОНИБИ ВАЗОРАТИ МУДОФИА

ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ НАМОЯНДАГОНИ ВАО АЗ ҶОНИБИ ВАЗОРАТИ МУДОФИА

11.03.2026
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook