Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

АРТИШИ МИЛЛӢ – РАМЗИ ШУҶОАТИ МИЛЛАТ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
29.02.2024
in Хабар
0
АРТИШИ МИЛЛӢ – РАМЗИ ШУҶОАТИ МИЛЛАТ
0
SHARES
347
VIEWS
Share on Facebook

Таҷрибаи таърихи башарӣ собит менамояд, ки яке аз пояҳои устувори низоми давлатдорӣ сипоҳи муназзаму мукаммал ба ҳисоб меравад. Маҳз артиши муназзаму устувор кафолат медиҳад, ки низоми давлатдорӣ ва тамомияти арзӣ нигоҳ дошта шавад. Суботи сиёсӣ ва амалӣ гардидани ормонҳои миллӣ аз сатҳи касбият ва рушди низоми ҳарбӣ вобастагии зиёд дорад. Танҳо артиши муназзаму сирф давлатмеҳвар кафолати амнияти ҷомеа ва низоми ҳукмрон ба шумор меравад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ дорои Қувваҳои Мусаллаҳи худ мебошад.

Таҷрибаи таърихии давлатдории миллати тоҷик ва Тоҷикистони муосир нишон медиҳад, ки яке аз аркони муҳимми давлатдорӣ дар радифи дигар ниҳодҳо мавҷудияти Қувваҳои Мусаллаҳ ба ҳисоб меравад. Дар маҷмуъ ҳадафи асосии давлат, ки танзими муносиботи ҷомеа ва ҳифзи истиқлол мебошад, дар ин раванд аз механизмҳои мухталиф истифода менамояд. Яке аз воситаҳои асосии ҳифзи якпорчагии давлат ва манфиатҳои миллӣ мавҷудияти Қувваҳои Мусаллаҳи ташаккулёфта маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, дар рӯ ба рӯйи падидаҳои номатлуб, махсусан терроризм, экстремизм, ҳадафҳои экспансионии кишварҳои хориҷӣ вуҷуди Қувваҳои Мусаллаҳ, хосатан артиши миллӣ зарурати ҳар давру замон мебошад.

Дар айни замон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъмини амният, сулҳу субот, ҳифзи якпорчагии сарзамини аҷдодӣ, чун рукнҳои асосии сиёсати давлатӣ аҳаммияти ҷиддӣ медиҳад. Миллати тоҷик дар 32-соли Истиқлоли давлатӣ, маҳз бо шарофати амнияти давлатӣ ва таъмини сулҳу субот ба дастовардҳои бузург ноил гардид. Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар имрӯз дар радифи дигар аркони давлатӣ аз ҷумлаи он сохторҳое мебошанд, ки дар самти ҳифзи оромӣ, сулҳу субот, ягонагии кишвар, марзу бум, тартиботи дохилӣ ва дигар масъалаҳои муҳими давлатдорӣ нақши муҳим дорад. Дар даврони Истиқлоли давлатӣ барои ташкил кардани фаъолияти самараноки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, махсусан Вазорати мудофиа ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, ки дар назди худ Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро муттаҳид менамоянд, тадбирҳои ҳуқуқӣ ва таҳияи стратегияи ягонаи таъмини сулҳу субот ва амнияти миллиро ба роҳ монда, шароити мусоид ҷиҳати таъмини стратегияи мазкур муҳайё гардидааст.

Боиси ифтихор аст, ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба анъанаҳои касбии ифодагари сифатҳои баланди ватандӯстию хештаншиносӣ ва савганди ҳарбии худ содиқ монда, аз рӯзи аввал, яъне баробари ташкилшавӣ дар чунин як марҳила ва давраи мураккаби сарнавиштсоз, ки пояҳои Истиқлоли давлатӣ ва якпорчагии Ватанро хатарҳои зиёд таҳдид мекард, бетараф намонданд. Афсарони содиқ ба Ватану миллат ҷиҳати ба эътидол овардани вазъи ҷамъиятию сиёсии кишвар, ҳимояи сохти конститутсионӣ ҷасорату мардонагӣ нишон доданд.

Таҳлили вазъи сиёсии солҳои 90-уми Тоҷикистон нишон дод, ки яке аз омилҳои асосии авҷи моҷарои сиёсӣ, яъне ҷанги таҳмилӣ дар набудани Қувваҳои Мусаллаҳи муташаккил ифода меёфт. Баробари барҳам хӯрдани низоми Шӯравӣ ва ба истиқлол расидани кишвар ҳукуматро зарур буд, ки ҷиҳати таъмини амният ва сулҳу субот, ҳамчунин, ҳифзи истиқлол, Артиши миллии худро ташкил кунад. Дар муқоиса ба дигар кишварҳои пасошӯравӣ Тоҷикистон аз Артиши Шӯравӣ тақрибан чизе мерос нагирифтааст. Бо сабаби буҳрони сиёсии мақомоти давлатӣ то аввали соли 1993 ташкили Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муяссар нагардид. Танҳо баъд аз баргузории Иҷлосияи ХVI-уми Шурои Олӣ ва ташкили Ҳукумати нав бо ташаббуси Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи ташкили Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар гузошта шуд. Ҳамин тавр, 23-юми феврали соли 1993 дар як давраи хеле ҳассоси таърихӣ барои оромию осудагии давлат Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ташкил карда шуд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки дар марҳилаҳои таърихии инкишофи худ Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар зина ба зина комилтар гардида, иқтидори муҳофизатиаш баҳри ҳифзи манфиатҳои давлату миллат боз ҳам афзуд. Шоистаи таъкид аст, ки дар ташкили Артиши миллӣ саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст. Бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат дар як давраи хеле ҳассоси таърихӣ артиши пароканда ва номукаммал дар муддати кӯтоҳ ба як қувваи бузург табдил ёфт. Дар аввал баъзе аз гурӯҳҳои манфиатҷӯ, ки дар нооромии вазъи сиёсии кишвар ва дар вартаи нестшавӣ қарор гирифтани он саҳм доштанд, аз набудани Қувваҳои Мусаллаҳ истифода бурда, аксаран ходимони давлатиро ба асорат бурданд. Мухолифини ҳукумат намегузоштанд, ки Артиши миллӣ мукаммал шавад. Новобаста ба ин, Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид, ки дар барқарорсозии ин аркони муҳими давлатдорӣ дар муддати кӯтоҳ муваффақ шавад.

Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар сипари боэътимоди давлат маҳсуб ёфта, сафи онро аксар ҷавонон ташкил медиҳанд. Сарвари давлат дар Паёми навбатии ба Маҷлиси Олии кишвар дар таърихи 26-уми январи соли 2021 чунин иброз намуда буд: «Ҷавонони мо дар рушди ҳама соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар саҳми арзишманд гузошта, нақши онҳо аз иштирок дар бунёди иншоотҳои азими кишвар то хизмати содиқона дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳифзи сарҳади давлатӣ, суботу оромии мамлакат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон арзандаи таҳсин ва боиси ифтихори ҳар яки мо мебошад».

Имрӯз мо-қишри зиёии ҷомеаро зарур аст, ки ҷавононро дар рӯҳияи меҳанпарастӣ, ҳифзи арзишҳои миллию давлатдорӣ тарбия намуда, дар баланд бардоштани сатҳи худшиносӣ ва худогоҳии онҳо саҳми муносиб гузорем. Маҳз иродаи боматонат ва қавии насли ояндасози кишвар омили дар дарозои таърих боқӣ мондани давлату миллати тоҷик шуда метавонад. Ҳизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар имрӯз боиси ифтихори насли ҷавон буда, бори дигар аз нақши барҷастаи ин қишри муҳими ҷомеа дар ҳифзи манофеи миллӣ ва якпорчагии Ватан хабар медиҳад.

Бояд зикр намуд, ки ҳамасола ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар садҳо ҷавонон аз навоҳии мухталиф даъват гардида, дар қисмҳои ҳарбии манотиқи гуногуни давлат рисолати мардонагии хешро дар назди Ватан-Модар иҷро менамоянд. Дар давраи хизмати ҳарбӣ ҷавононро дар рӯҳияи меҳанпарастӣ, мардонагиву шуҷоат, қавииродагиву адолатгустарӣ тарбия намуда, ҷиҳати ҳифзу нигаҳдошти амнияти давлатӣ равона менамоянд. Дар воқеъ, авзои геосиёсии минтақа имрӯз аз аскароне, ки сарҳади давлатиро ҳифз мекунанд, тақозо менамояд то зираку ҳушёр ва бомасъулияту қавиирода бошанд, зеро онҳо амнияти тамоми кишвар ва шаҳрвандонро ҳимоя менамоянд. Оромии кишвар, пешрафти ҷомеа ва зиндагии шоистаи мардум, пеш аз ҳама, аз таъмини амният дар сарҳади давлатӣ вобастагии зиёд дорад.

Ҳамин аст, ки сол то сол барои боз ҳам баланд бардоштани малакаи касбии аскарон ва дар роҳи меҳанпарастӣ тарбия намудани онҳо аз ҷониби давлату ҳукумат шароити муосид фароҳам мегардад. Махсусан, сафарҳои кории Сарвари давлат ба манотиқи мухталифи кишвар, ки бештар аз боздиди қисмҳои ҳарбӣ оғоз мешавад, худ гувоҳи ғамхории махсуси Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба сарбозону ҳомиёни Ватан мебошад. Боиси хушнудист, ки шароити зисту тамрини аскарони Ватан аз ҳама ҷониб зери таваҷҷуҳи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун бунёдгузори Артиши миллии Тоҷикистон беназир буда, суханони болозикр ба хидматҳои шоёни Сарвари давлат равона гардидааст, ки бо талошу ҷоннисориҳои фарзандони бонангу номуси Ватан, яъне афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар давраи ниҳоят душвор ва барои мардуми кишвар тақдирсоз сохти конститутсионӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ барқарор гардида, барои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Маҳз афсарону сарбозони ватандӯст ва бонангу номуси мо дар давраи бисёр мураккабу вазнин вазифаи таърихии худро дар назди Ватан содиқона ва ҷавонмардона иҷро карданд.

Имрӯз ҷавонони кишварро зарур аст, ки дар радифи таҳсили бомуваффақият дар донишгоҳу доншкадаҳо, ҳамчунин ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ворид шуда, дар ин мактаби мардонагӣ ва нангу номуси миллӣ адои хизмат намоянд. Ин мактабест, ки ҷавононро дар руҳияи арҷгузорӣ ба арзишҳои муҳимми Ватандорӣ ва эҳтирому садоқат ба ҷомеаи шаҳрвандӣ тарбия менамояд.

Қобилҷон ХУШВАХТЗОДА,

Президенти АМИТ,

 профессор

 

Previous Post

ТАЪИНОТИ КАДРӢ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА ВА ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

Next Post

МАҶЛИСИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
МАҶЛИСИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МАҶЛИСИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ТАВЗЕҲОТ БА ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАДБИРҲОИ ТАҚВИЯТ БАХШИДАНИ САТҲИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ ВА ЗИЁД НАМУДАНИ МАОШИ АМАЛКУНАНДАИ ВАЗИФАВИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ, КОРМАНДОНИ МУАССИСАЮ ТАШКИЛОТҲОИ БУҶЕТӢ, АНДОЗАИ НАФАҚА ВА СТИПЕНДИЯ»

ТАВЗЕҲОТ БА ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАДБИРҲОИ ТАҚВИЯТ БАХШИДАНИ САТҲИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ ВА ЗИЁД НАМУДАНИ МАОШИ АМАЛКУНАНДАИ ВАЗИФАВИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ, КОРМАНДОНИ МУАССИСАЮ ТАШКИЛОТҲОИ БУҶЕТӢ, АНДОЗАИ НАФАҚА ВА СТИПЕНДИЯ»

14.01.2026
ТАШАББУСИ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ ТАВАССУТИ ЭҲЁИ ХОТИРАИ ТАЪРИХӢ

ТАШАББУСИ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ ТАВАССУТИ ЭҲЁИ ХОТИРАИ ТАЪРИХӢ

13.01.2026
ТАЪИНОТИ КАДРӢ

ТАЪИНОТИ КАДРӢ

12.01.2026
ТАЪИНОТИ КАДРӢ ДАР СОХТОРҲОИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ

ТАЪИНОТИ КАДРӢ ДАР СОХТОРҲОИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ

09.01.2026
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook