Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати Мудофияи Ҷумуҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

АРТИШИ МИЛЛӢ-МАКТАБИ ҶАСОРАТУ МАРДОНАГӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
19.02.2021
in Хабар
0
АРТИШИ МИЛЛӢ-МАКТАБИ ҶАСОРАТУ МАРДОНАГӢ
0
SHARES
95
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Фарзандони бонангу номус ва содиқу ҷасури тоҷик дар ҳама давру замон марзу буми аҷдодиро ҳимоя карда, аз худ матонату қаҳрамонӣ нишон додаанд. Корнамоии Шерак, Деваштич, Восеъ, Темурмалик ва даҳҳо нафари дигар раҳнамои зиндагии мост. Ҳар яке аз ин мардони майдон дар ҳифзу ҳимояи давлату миллат нақшим муҳим доштанд.

Аз соли 1993 инҷониб, ҳамасола 23-юми феврал Рўзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ ҷашн гирифта мешавад, ки дар ин рўз собиқадорони ҷангу меҳнат, хизматчиёни ҳарбӣ ва ҷанговарони башардўст қадрдонӣ мешаванд. Боиси ифтихор аст, ки солҳои охир, сафи ҷавонони довталаб барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ афзуда истодааст ва ҷавонон ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ мераванд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўзҳои нахустини давлатдорӣ ба насли ҷавон ҳамчун нерўйи пешбаранда ва бунёдкор таваҷҷуҳ зоҳир намудааст. Дар ин баробар, вобаста ба имконот тамоми шароитро барои фароҳам сохтани зисту зиндагонӣ, илмомўзӣ ва фаъолияти минбаъдаи насли наврас муҳайё сохтаанд.

Дар ҳақиқат, мо ҷавонон Ватани худро ҳифз намуда, намегузорем, ки душман қадами номубораки хешро ба ин хоки муқаддас гузорад. Инчунин, Ватан фарзандони қаҳрамон, шаҳидони озодипарасти хешро ҳаргиз фаромўш намекунад. Номи онҳоро ҳамеша чун ахтари дурахшон дар саҳифаҳои таърихи халқамон боқӣ мемонад.

Маълум аст, ки давоми 28 сол Артиши миллии кишварамон ба пешравиҳои зиёд ноил гардид.  Боиси ифтихор аст, ки кулли ҷавонон имрўз хуб дарк намудаанд, ки хизмат ба Ватан барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагӣ ба шумор меравад.

Ҳамагон шоҳиди он ҳастем, ки Сарвари давлат дар ҳар як вохўрию мулоқотҳояшон бо қишри ҷавони ҷомеа гуфта мегузаранд: «Ҷавонони лаёқатманду соҳибфарҳанг ояндаи ҷомеаи навини Тоҷикистон мебошанд».   Дар ҳақиқат, насли наврасу ҷавон нерўйи бузургу созанда ва бунёдкоранд.

Ҷавонон бояд пеш аз ҳама, Ватану миллатро дўст доранд ва ба ҳифзи он ҳамеша содиқ бимонанд. Зеро, ҷаҳони муосир пур аз тазод аст ва фитнаву бозиҳои зиёде дорад. Ватанро дўст доштан ва муқаддасоти онро ҳифз намудан моро аз нобудӣ ва ҳалокат мераҳононад.

Бояд зикр намоям, ки чун анъана, ҳамасола дар Осорхонаи маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон кормандони илмӣ дар якҷоягӣ бо олимони Академия санаи 23-юми февралро ҳамчун Рўзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн мегиранд. Мақсад аз барпо намудани  чунин ҷашнҳо, баланд бардоштани тарбияи ватанпарастию худшиносии миллии ҷавонону наврасон мебошад. Бояд гуфт, ки Пешвои миллат нисбат ба хизматчиёни ҳарбӣ эътимоди комил дошта, дар яке аз суханрониҳои хеш чунин баён карда буданд: «Боварӣ дорам, ки афсарону сарбозони шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба Савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқ  монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан-Модар ва халқу давлати хеш минбаъд низ бо сарбаландӣ адо менамоянд ва тамоми малакаву маҳорати худро ба хотири ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ сафарбар месозанд».

Previous Post

ДАСТУРУ СУПОРИШҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

Next Post

ЯКЕ АЗ АВВАЛИН ҚИСМҲОИ ҲАРБӢ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ЯКЕ АЗ АВВАЛИН  ҚИСМҲОИ ҲАРБӢ

ЯКЕ АЗ АВВАЛИН ҚИСМҲОИ ҲАРБӢ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ЯРМАРКАИ МОЛУ МАҲСУЛОТ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

ЯРМАРКАИ МОЛУ МАҲСУЛОТ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

26.01.2023
МАҶЛИСИ ВАСЕИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МАҶЛИСИ ВАСЕИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

25.01.2023
РУШДИ ИЛМИ ҲАРБӢ

РУШДИ ИЛМИ ҲАРБӢ

24.01.2023
ИНТИЗОМИ ҲАРБӢ-ПОЙДЕВОРИ АРТИШИ МИЛЛӢ

ИНТИЗОМИ ҲАРБӢ-ПОЙДЕВОРИ АРТИШИ МИЛЛӢ

20.01.2023
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2014 - All Rights Reserved.ME
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook
  • Mix.tj