Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Мақола

АРТИШИ МИЛЛӢ – МАКТАБИ ТАРБИЯИ ХУДШИНОСИВУ ВАТАНДӮСТӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
20.02.2026
in Мақола
0
АРТИШИ МИЛЛӢ – МАКТАБИ  ТАРБИЯИ ХУДШИНОСИВУ ВАТАНДӮСТӢ
0
SHARES
30
VIEWS
Share on Facebook

Артиши миллӣ намоди қудрати давлат, шаҳомати Истиқлол, пойдевори амнияту осоиш ва кафолати фардои дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Артиши миллӣ барои ҷавонон боргоҳи омӯзиши ҷасорату шуҷоат, далериву чолокӣ ва салоқат ба халқу Ватан аст. Воқеан, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ инсонро ба тартибу интизом водор намуда, ӯро ба эҳтироми қонун ва ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ раҳнамун месозад. Ин раванд худ як мактаби бузурги тарбия аст, ки дар он ҳисси худшиносӣ тақвият меёбад.

Вақте аз худшиносӣ сухан мегӯем, бе ёдоварӣ аз қаҳрамонони таърихии халқи тоҷик наметавон гузашт. Қаҳрамононе, ба монанди Муқаннаъ, ки бо ҷасорати худ нишон дод, озодихоҳӣ аз қалби инсон сарчашма мегирад. Ӯ барои ҳифзи арзишҳои миллӣ бархост ва то охир устувор монд. Ин намунаи равшани он аст, ки эҳсоси масъулият нисбат ба сарзамин инсонро ба корнамоиҳои бузург мебарад. Чунин саҳифаҳои таърихӣ барои ҷавонони имрӯз сабақи ибратанд: Ватан амонатест, ки бояд бо виҷдони пок ҳифз гардад.

Артиши миллӣ ин анъанаро дар замони муосир идома медиҳад. Ҷавонон дар сафи он меомӯзанд, ки сулҳ ва оромӣ худ ба худ ба даст намеояд. Барои нигоҳ доштани амният ҳушёрӣ, омодагӣ ва масъулияти доимӣ зарур аст. Ҳар сарбоз бо Савганди ҳарбӣ ба худ ваъда медиҳад, ки тамомияти арзии кишвар ва оромии мардумро ҳимоя мекунад. Ин қасам на танҳо сухан, балки аҳди виҷдон аст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама суханрониҳои худ таъкид менамоянд, ки «ҳимояи Ватан вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди бонангу номус мебошад». Ин сухан маънии амиқ дорад. Вақте роҳбари давлат аз муқаддас будани ин вазифа ёд мекунад, ҳар ҷавон дарк менамояд, ки хизмати ҳарбӣ танҳо як марҳилаи гузаро нест, балки нишонаи камолоти шахсӣ ва эҳтиром ба миллат аст.

Имрӯз Артиши миллӣ ба як мактаби воқеии худшиносӣ табдил ёфтааст. Дар он ҷавонон аз минтақаҳои гуногуни Ватани азизамон паҳлуи ҳам ҷамъ омада, дӯстиву бародарии худро боз ҳам мустаҳкамтар мекунанд. Сарбозони мо ба хубӣ дарк намудаанд, ки ҳамаи онҳо фарзандони як сарзамин ва ворисони аҷдодони бонангу ори ҳамин миллати тамаддунофаранд.. Ин ҳамбастагӣ худ намунаи беҳтарини ваҳдат аст. Ваҳдате, ки бо заҳмат ҳифз мешавад ва бо эҳтироми якдигар устувор мемонад.

Дар арафаи ҷашн мо бояд ба ин нукта биандешем: тарбияи ватандӯстӣ танҳо вазифаи Артиш нест. Мактаб, донишгоҳ, оила ва ҷомеа ҳама дар ин роҳ масъуланд. Аммо Артиши миллӣ он мактаберо мемонад, ки суханро ба амал табдил медиҳад. Дар ин ҷо ҷавон на танҳо шунидани дарси ватандӯстӣ, балки иҷрои онро меомӯзад.

Ҳамин тавр, Артиши миллӣ имрӯз рамзи худшиносӣ ва сипари боэътимоди давлат мебошад. Он анъанаҳои қаҳрамонони гузаштаи халқи шарафманди моро дар шароити ҷаҳони имрӯза  идома дода, ба насли ҷавон дарси мардонагӣ, масъулият ва муҳаббат ба Ватанро меомӯзад. Бо чунин пояи маънавӣ ва иродаи қавӣ метавонем боварӣ намоем, ки амнияту суботи кишвар устувор боқӣ мемонад ва ҳисси ватандӯстӣ дар қалби ҷавонон боз ҳам нерумандтар мегардад.

Бобоҷон САФАРЗОДА,

муовини сардори Раёсат

оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ,

полковник

 

 

 

 

Previous Post

ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ– ПОЙДЕВОРИ УСТУВОРИ АМНИЯТУ СУБОТ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Next Post

ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ЗЕРИНИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН  БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ЗЕРИНИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ  ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:

ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ЗЕРИНИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА

14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА

14.03.2026
ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ КОМИССИЯИ ДАЪВАТИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА ОМОДАГӢ БА ДАЪВАТИ БАҲОРИИ СОЛИ 2026 БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ КОМИССИЯИ ДАЪВАТИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА ОМОДАГӢ БА ДАЪВАТИ БАҲОРИИ СОЛИ 2026 БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

14.03.2026
ҶАМЪОМАДИ ТАЪЛИМИИ ЯКРӮЗА БО КОМИССАРОНИ ҲАРБИИ ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ МАМЛАКАТ

ҶАМЪОМАДИ ТАЪЛИМИИ ЯКРӮЗА БО КОМИССАРОНИ ҲАРБИИ ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ МАМЛАКАТ

13.03.2026
ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ НАМОЯНДАГОНИ ВАО АЗ ҶОНИБИ ВАЗОРАТИ МУДОФИА

ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ НАМОЯНДАГОНИ ВАО АЗ ҶОНИБИ ВАЗОРАТИ МУДОФИА

11.03.2026
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook