Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Мақола

АРТИШИ МИЛЛӢ ВА ҲИКМАТУ ФАЛСАФАИ ОН

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
29.04.2025
in Мақола
0
АРТИШИ МИЛЛӢ ВА ҲИКМАТУ ФАЛСАФАИ ОН
0
SHARES
115
VIEWS
Share on Facebook

Артиши Миллӣ ҳамчун ниҳоди муҳофизатӣ ва рукни муҳими давлатдорӣ на танҳо дорои нақши стратегии ҳарбӣ, балки дорои заминаи ҳикмати амиқ низ мебошад. Ин  ҳикмат асосан ба арзишҳои ҳифзи истиқлолият, ватандӯстӣ ва адолат асос ёфтааст. Артиш дар тӯли таърих на танҳо барои мудофиа, балки барои ҳифзи ҳувияти миллӣ, тарғиби арзишҳои давлатӣ ва таъмини суботи иҷтимоӣ нақши муҳим доштааст.

Таҳлили фалсафаи Артиши миллӣ аз ду ҷиҳат муҳим мебошад:

Аввалан, он ҳамчун як ниҳоди муҳими ҳифзи истиқлолият ва амнияти давлат амал мекунад;

Дуввум, он ҳамчун як воситаи таҳкими худшиносии миллӣ ва иттиҳод  барои шаҳрвандон хизмат менамояд. Таҳаввулоти таърихӣ ва иҷтимоӣ ба ташаккули ин ниҳод таъсир расонидаанд, ки он дар ҳар давра бо ниёзҳо ва таҳдидҳои мавҷуда мутобиқ гаштааст.

Дар ин мақола, мо таърихи ташаккули фалсафаи Артиши миллии Тоҷикистонро таҳлил намуда, асосҳои назариявии он ва аҳамияти он дар устувории давлатро баррасӣ мекунем.  Ин таҳлил на танҳо таърихи низомиро дар бар мегирад, балки ба таҳаввулоти  сохтори  ҳарбӣ, равандҳои иҷтимоӣ ва омилҳои фарҳангӣ низ равшанӣ меандозад.

Фалсафаи ҳарбӣ ва ҷанбаҳои он

Фалсафаи ҳарбӣ маҷмӯи ақидаҳои назариявӣ ва амалии марбут ба ташаккул, рушд ва истифодабарии қувваҳои мусаллаҳ мебошад. Он аз се ҷанбаи асосӣ иборат буда метавонад:

Фалсафаи стратегии мудофиа, ки ба ҳифзи соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии давлат нигаронида шудааст.

Фалсафаи ахлоқӣ, ки рӯҳияи низомиёнро бо арзишҳои инсонӣ ва принсипҳои одилона раҳнамун месозад.

Фалсафаи сиёсӣ, ки артиши миллӣ ҳамчун кафили суботи давлатӣ ва истиқлолияти сиёсӣ шинохта мешавад.

Раванди таърихии ташаккули Артиши миллӣ

Таърихи Артиши миллии Тоҷикистон бар пояи таърихи муборизаҳои миллӣ ва ҳифзи давлати тоҷикон ташаккул ёфтааст.

Даврони қадим: Дар аҳди Сомониён ва дигар империяҳои тоҷикон артиш на танҳо ҳамчун қувваи ҳарбӣ, балки ҳамчун муҳофизи арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ шинохта мешуд. Артиш на танҳо барои мудофиа, балки барои таҳкими ҳокимият ва паҳн кардани тамаддуну фарҳанги миллӣ истифода мешуд.

Даврони асрҳои миёна: Бо таҳти таъсири ҳуҷумҳои хориҷӣ, аз ҷумла ҳуҷуми муғулҳо, фалсафаи мудофиавии тоҷикон тағйир ёфт. Ҳифзи ҳувияти миллӣ ва муттаҳидсозии ҷомеа тавассути низомҳои ҳарбӣ яке аз рукнҳои асосии он гардид.

Даврони Шӯравӣ: Артиши Шӯравӣ таъсир ба тарбияи низомиёни тоҷик расонда буд, ки баъдан дар ташкили Артиши миллӣ таҷрибаи муҳим гардид. Таълимоти низомии шӯравӣ арзишҳои фалсафаи ҳарбии марксистӣ-лениниро дар бар мегирифт, ки бар асоси дифоъ аз манфиатҳои идеологияи сотсиалистӣ асос ёфта буд.

Даврони истиқлолият: Баъд аз соли 1992, бо таъсиси Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фалсафаи нави мудофиавӣ бо такя ба истиқлолият ва ваҳдати миллӣ ташаккул ёфт. Дар ин давра, фалсафаи ҳарбӣ бештар ба таъмини суботи дохилӣ, ҳифзи истиқлолият ва мутобиқ шудан ба шароити нави геополитикӣ равона гардид.

Артиши миллӣ дар асри XXI ба  ниҳоди нави мудофиавӣ ва таъмини амнияти миллӣ мутобиқ шудааст. Бо дарназардошти таҳдидҳои ҷангҳои иттилоотӣ ва терроризми байналмилалӣ, артиши муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба стратегияи бисёрҷабҳае такя кунад, ки ҳам мудофиа ва ҳам пешгирии таҳдидҳоро дар бар мегирад.

Артиши миллӣ таъкид бар ин нукта дорад, ки ҳифзи Ватан танҳо вазифаи ҳарбӣ нест, балки масъулияти ахлоқӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Арзишҳои ватандӯстӣ ба ҳифзи тамаддун ва якпорчагии миллат мусоидат намуда, ҳамчун воситаи муттаҳидсозии ҷомеа хизмат мекунанд. Ватандӯстӣ бояд ба ҳисси масъулият ва амали воқеӣ табдил ёбад.

Яке аз рукнҳои муҳими фалсафаи Артиши миллӣ баррасии ҷанг ва сулҳ мебошад. Дар таърихи фалсафа, ҷанг ва сулҳ ҳамчун ду ҳолати мухталиф, вале вобаста ба ҳам таҳлил шудаанд. Афлотун “Ҷангро чун воситаи ҳифзи адолат мебинад”, дар ҳоле ки Кант “Сулҳро идеали ниҳоии ҷомеаи инсонӣ мешуморад”. Артиши миллии Тоҷикистон, бо дарназардошти ин ду ақида, сиёсати мудофиавӣ ва таъмини суботро афзалият медиҳад.

Фалсафаи Артиши миллӣ ҳамчун рукни муҳими давлатдорӣ амнияти дохилӣ, суботи сиёсӣ ва пешгирии таҳдидҳои хориҷиро таъмин менамояд. Ин фалсафа бо ақидаҳои сиёсии муосир, ки низоми ҳарбӣ на танҳо барои ҷанг, балки барои сулҳ ва рушди иҷтимоӣ низ хизмат мекунад, мутобиқат дорад.

Артиши миллӣ ҳамчун сутуни истиқлолият ва тамомияти арзии давлат нақши муҳим дорад. Фалсафаи артиши миллӣ на танҳо принсипҳои асосии ташкил ва фаъолияти артишро дар бар мегирад, балки арзишҳои ахлоқӣ ва стратегиро низ муайян менамояд. Масалан, дар таърихи кишварҳои гуногун, артиши миллӣ на танҳо воситаи ҳимояи давлат, балки омили ташаккули ҳувияти миллӣ низ будааст. Таҷрибаи таърихӣ, аз ҷумла артиши Спарта ва низоми ҳарбии Ҷопон дар давраи Самурайҳо, нишон медиҳад, ки: «Артиши муназзам ва дорои арзишҳои устувори ахлоқӣ метавонад на танҳо амният, балки таҳкими ваҳдати миллиро низ таъмин менамояд».

Артиши миллӣ на танҳо як сохтори низомӣ, балки як мактаби ахлоқ ва ватандӯстӣ низ мебошад. Арзишҳои асосии ахлоқӣ дар артиш аз ин ҳикматҳо иборат мебошанд:

Интизом ва масъулият-ҳар сарбоз бояд вазифаҳои худро бо садоқат ва масъулият иҷро намояд.

Муҳаббат ба Ватан-ҷузъи муҳими тарбияи ҳарбӣ ва маънавии афсарон ва сарбозон бояд бошад.

Риояи ҳуқуқи инсон ва қонунҳои байналмилалӣ—артиши миллӣ бояд дар чорчӯбаи қонунҳои байналмилалӣ амал намояд ва ҳуқуқи инсонро эҳтиром кунад.

Таҳкими ҳамбастагӣ ва рӯҳияи дастаҷамъӣ—рушди ҳамкорӣ ва эҳтироми байни аъзоёни артиш вуљуд дошта бошад.

Баланд бардоштани сатҳи маънавӣ—таъмини омӯзишҳои мунтазам барои рушди шахсӣ ва касбии низомиён.

Фалсафаи артиши миллӣ на танҳо як соҳаи низомӣ, балки як унсури муҳими ташаккули давлатдорӣ ва таъмини амнияти миллӣ мебошад. Ватанпарастӣ ва садоқат ҳамчун асоси устувории Артиши миллӣ нақши муҳим доранд. Барномаҳои тарбияи ҳарбӣ ва маънавӣ дар артиш метавонанд ҳисси масъулият ва садоқатро дар шаҳрвандон тақвият бахшанд, ки ин ба устувории ҷомеа ва давлатдорӣ мусоидат менамояд.

 

Далер КОМИЛОВ,

дотсенти ДБЗХТ ба номи Сотим Улуғода,

Ҷамшед БОЙЗОДА,

дотсенти Академияи ВКД Ҷумҳурии

Тоҷикистон,

полковники милитсия

 

Previous Post

ВАТАНДОРӢ МАСЪУЛИЯТИ БУЗУРГ АСТ

Next Post

МАҶЛИСИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
МАҶЛИСИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МАҶЛИСИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

15.05.2025
ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

09.05.2025
МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

09.05.2025
СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

08.05.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook