Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

АРТИШИ МИЛЛӢ ВА ТАҲКИМИ АМНИЯТИ ҲАРБИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
22.08.2023
in Хабар
0
АРТИШИ МИЛЛӢ ВА ТАҲКИМИ АМНИЯТИ ҲАРБИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

DCIM100MEDIADJI_0022.JPG

0
SHARES
1.2k
VIEWS
Share on Facebook

Дар шароити зоҳиршавии таҳдидҳои нави замони муосир артиши миллӣ воситаи муҳимтарини ҳимояи ватану сарзамин аз ҳатарҳои берунӣ ба ҳисоб рафта, дар низоми таъмини амнияти ҳарбии кишвар мақому манзалати хосса дорад. Ҳамзамон қаламрави Тоҷикистони соҳибистиқлол муқаддасот ва нишонаҳои муҳими давлатдории мо тоҷикон буда, таҷассумгари суннату ормонҳои волои ниёгон ба ҳисоб меравад. Дар масири дури таърихи миллат намунаҳои барҷастаи артишро метавон мушоҳида намуд. Эҳёи артиши миллӣ дар шароити давлатдории миллии тоҷикон таҷассумгари муҳимтарин рукни давлатдории ниёгонамон дар сақфи таърих мебошад.

Аз назари таърих, мафҳуми «артиш» баробари суннатҳо ва рукнҳои давлатдории ниёгони мо тоҷикон ташаккул ёфта, дар марҳилаҳои мухталифи таърихӣ рисолати муқаддаси худро иҷро намудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш, муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон соли 2012 дар яке аз баромадҳои худ нақши Артиши миллиро дар раванди барқарор намудани сохти конститутсионӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, ба эътидол овардани вазъи сиёсию ҳарбӣ, пуштибонӣ аз сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ махсусан муҳим қайд намуданд.

Дар воқеъ, таъмини амнияти ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳифзи пояҳои истиқлоли сиёсӣ дар шароити тағйирпазирии вазъи геополитикии минтақа ва ҷаҳон аҳамияти ҳаётан муҳим касб намудааст. Амнияти ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати ҳимояшавандагии манфиатҳои ҳарбии кишвар дар назар дошта мешавад, ки он дар низоми манфиатҳоии миллӣ ҷойгоҳи хоса дорад. Манфиатҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шароити феълӣ манофеи бақодории мамлакат, аз ҷумла ҳимояи истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзии кишвар, якпорчагию ваҳдати миллӣ, ташаккули ҳисси ватанхоҳиву ватандӯстӣ ва ҳимояи кишвар аз таҳдиду хатарҳои ҳарбӣ ташкил медиҳанд. Дар ин замина эҷоди тавозуни стратегӣ ва таҳкиму густариши ҳамкориҳои стратегӣ ҳамчун бахши муҳими сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми манфиатҳои ҳарбии кишвар нақши муҳим дорад. Таҳкиму ҳимояи манфиатҳои ҳарбӣ асоси фаъолияти Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои кишвар маҳсуб меёбад.

Илова бар ин, сохторҳои таркибии Артиши миллӣ рамзи олии ватану ватандорӣ, сипари воқеӣ аз таҳдидҳои ҳарбӣ ва пойдевори  истиқлоли давлатӣ дар шароити рушди давлатдории миллии тоҷикон ба ҳисоб меравад. Аз ин нуқтаи назар Артиши миллӣ дар шароити дигаргуниҳои нави ҷаҳонӣ барои кишвари мо нишонаи возеҳи истиқлоли сиёсии давлати тоҷикон, асоси пойдории давлат ва мазҳари идеалу ормонҳои таърихии миллат маҳсуб меёбад. Зеро ягон давлат бе артиши миллии муқтадиру муҷаҳҳаз пойдор буда наметавонад.

Бояд ёдовар шуд, ки Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити нихоят ҳассос ва басо мушкили таърихие ташаккул ёфт, ки заминаҳои моддиву техникии он дар маҷмӯъ ба сифр баробар буд. Махсусан дар он шароит кишвари мо тавассути ватанхоҳони худхоҳу дуруғин ва душманони сохти конститутсионӣ, ки ба арзишҳои дунявият дар сохтори нави давлатдорӣ ситеза доштанд, ба гирдоби кашмакашиҳои даҳшатангез кашида шуда буд. Эҳёи Артиши миллӣ дастоварде буд, ки ба музаффариятҳои мамлакат дар шароити эҳёи давлатдории миллӣ дастовардҳои сифатан нав зам намуд, ки бузургтаринаш пешгирӣ намудани хатари аз байн рафтани давлату миллат ва таҳкиму густариши мақсадҳои миллӣ дар масири минбаъдаи давлатдорӣ буд. Махсусан нақши барҷастаи онро дар таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ, тамомияти арзӣ, ваҳдати миллӣ ва таъмини амнияти ҳарбию сиёсии мамлакат дар шароити пуртазоди низои таҳмилӣ метавон арзёбӣ намуд, ки ҳамчун рисолати таърихӣ шоистаи таҳсину офарин аст.

Самтҳои афзалиятноки таъмини амнияти ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо дар меҳвари сиёсати дохилӣ карор дорад, балки он дар сиёсати хориҷии кишвар низ ҷойгоҳи хосса дорад. Махсусан ҳамкориҳои амниятию ҳарбии кишвар бо шарикони  стратегӣ дар чаҳорчӯби СААД ва СҲШ дар шароити афзалияти геополитикӣ пайдо намудани минтақаи Осиёи Марказӣ махсусан муҳим мебошад.

Аз ин рӯ, аскарони ҷонбакафи сохторҳои таркибии Артиши миллии кишвар ва дигар ниҳодҳои давлатиро, ки дар таҳкиму ҳимояи манфиатҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши тақдирсоз доранд. Мардуми шарифу хештаншиноси кишварро низ мебояд аз ҷабри таърих ва гузаштаи фоҷиабори хеш сабақ гирифта, дар баробари Артиши миллӣ сипари боэътимоди Ватани азиз бошанд.

 

Исроил БАРОТОВ,

корманди Маркази тадқиқоти стратегии

назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Previous Post

ТАҶЛИЛ АЗ 30 СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ

Next Post

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ТАҲДИД БА АМНИЯТИ МИЛЛИЮ МИНТАҚАВӢ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ТАҲДИД БА АМНИЯТИ МИЛЛИЮ МИНТАҚАВӢ

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ТАҲДИД БА АМНИЯТИ МИЛЛИЮ МИНТАҚАВӢ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

НИШАСТИ МАТБУОТӢ АЗ НАТИҶАҲОИ МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

НИШАСТИ МАТБУОТӢ АЗ НАТИҶАҲОИ МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

08.07.2025
МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ВА ХАВФНОКИИ ИН ПАДИДАИ НОМАТЛУБ

МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ВА ХАВФНОКИИ ИН ПАДИДАИ НОМАТЛУБ

07.07.2025
БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ СИЁСӢ ОИД БА ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАСЪАЛАИ ОБУ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИИКИСТОН

БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ СИЁСӢ ОИД БА ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАСЪАЛАИ ОБУ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИИКИСТОН

04.07.2025
ИШТИРОК ДАР ҲАМОИШИ 17-УМИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ (ЭКО)

ИШТИРОК ДАР ҲАМОИШИ 17-УМИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ (ЭКО)

04.07.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook