Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

АНҶОМИ МАШҚҲОИ МУШТАРАКИ АМАЛИЁТӢ–СТРАТЕГИИ “ҲАМКОРӢ–2026”

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
15.04.2026
in Хабар
0
АНҶОМИ МАШҚҲОИ МУШТАРАКИ АМАЛИЁТӢ–СТРАТЕГИИ “ҲАМКОРӢ–2026”
0
SHARES
122
VIEWS
Share on Facebook
Аз 6 то 10 уми апрели соли ҷорӣ дар машқгоҳи “Ҳарбайдон”-и ганизони Хатлон бо қӯшунҳо ва ҷузъу томи сохторҳои қудратӣ дар вилояти Хатлон машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии “Ҳамкорӣ–2026” ҷараён дошт.
Даври ниҳоии машқҳои муштараки ҳарбӣ бо тамринҳои баталионӣ-тактикӣ ва тирпарронии ҷангӣ роҳандозӣ карда шуд. Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин бо мақсади назорат ва баҳогузории марҳилаҳои баргузории машқҳо ва ҷамъбасту натиҷагирии даври ниҳоии размоишҳои мазкур, вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Собизода Эмомалӣ, роҳбарияти Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, роҳбарону намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои қудратии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба машқгоҳи Ҳарбмайдон омаданд.
Машқҳои мазкур дар асоси мавзӯъ ва матлаби бурдани амалиётҳои махсус оид ба нобудсозии гурӯҳҳои ғайриқонунии силоҳбадаст ҳангоми убури хати сарҳади давлатӣ бо истифодаи васеи дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин, воситаҳои муҳорибаи радиоэлектронӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ дар шароити кӯҳсор ва бо истифода аз тамоми техникаву таҷҳизоти муосири ҳарбӣ бо ҷалби қӯшунҳои гарнизони Хатлон дар сатҳи баланд ташкилу ба роҳ монда шуд.
Албатта, ҳар як афсару сарбози тоҷик ва корманди низомӣ омодааст бо ҷону тани худ хати сарҳади ватани маҳбуби хешро аз ҳар гуна хавфу хатар эмин нигоҳ дорад ва дар ин роҳ то нафаси охирин ба давлат ва мардуми шарифи Тоҷикистони азиз хизмат намояд.
Дар ҷамъомади тантанавӣ, ки ба муносибати анҷоми бомуваффақонаи машқҳои навбатӣ доир гардид, вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ҳайати шахсии иштирокчиёни машқҳо баромад намуда, таъкид кард, ки мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишвар ва баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ таҳти таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, аз рӯзҳои аввали таъсисёбии Артиши миллӣ хизматчиёни ҳарбӣ ғамхориву дастгирии Сарвари давлатро пайваста эҳсос менамоянд.
Бо назардошти таҳдиду хатарҳои мавҷудбуда ва дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат, Вазорати мудофиа дар якҷоягӣ бо дигар сохторҳои қудратии кишвар вазифаҳои муҳиму пурмасъул-яъне таъмини амнияти давлату миллат, ҳифзи арзишҳои Истиқлолият ва ҳимояи якпорчагии ватани азизамонро иҷро намуда, дар ин раванд ҷиҳати нигоҳ доштани сатҳи баланди омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ, сохторҳои мудофаи ҳудудӣ ва шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордошта, тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.
Зимнан, барои иштироки фаъолона дар ин размоишҳои муштараки ҳарбӣ як қатор иштирокчиёни он аз сохторҳои қудратии мамлакат бо сипоснома, медалҳои ҷашнӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби Вазорати мудофаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуданд.
Размоишҳои муштараки амалиётӣ-стратегии “Ҳамкорӣ–2026” бо қӯшунҳои гарнизони Хатлон бо гузашти низомӣ ва ифтихору шукргузории ҳар як иштирокчии машқ аз Пешвои сулҳпарвари тоҷикон ва ватани ободу осудаамон, Тоҷикистони азиз ба поён расид.
Previous Post

МАШҚҲОИ МУШТАРАКИ АМАЛИЁТӢ–СТРАТЕГИИ «ҲАМКОРӢ–2026» БО ҚӮШУНҲОИ ГАРНИЗОНИ ХАТЛОН ВА МИНТАҚАИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ДАР МАШҚГОҲИ “ҲАРБМАЙДОН”

Next Post

ҒОЛИБИЯТИ ДАСТАИ НАВТАЪСИСИ КЛУБИ ВАРЗИШИ АРТИШИ “ХАТЛОН” ДАР МУҚОБИЛИ ДАСТАИ ФУТБОЛИ “ШАҲРИТУС”

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ҒОЛИБИЯТИ ДАСТАИ НАВТАЪСИСИ КЛУБИ ВАРЗИШИ АРТИШИ “ХАТЛОН” ДАР МУҚОБИЛИ ДАСТАИ ФУТБОЛИ “ШАҲРИТУС”

ҒОЛИБИЯТИ ДАСТАИ НАВТАЪСИСИ КЛУБИ ВАРЗИШИ АРТИШИ “ХАТЛОН” ДАР МУҚОБИЛИ ДАСТАИ ФУТБОЛИ “ШАҲРИТУС”

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

САНҶИШИ ҲОЛАТИ ОМОДАБОШИИ ҚУВВА ВА ВОСИТАҲОИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ДАР НОҲИЯИ НУРОБОД

САНҶИШИ ҲОЛАТИ ОМОДАБОШИИ ҚУВВА ВА ВОСИТАҲОИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ДАР НОҲИЯИ НУРОБОД

16.05.2026
ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА САНҶИШИ ҲОЛАТИ ОМОДАБОШИИ ҲАЙАТИ ЗАХИРАҲОИ САФАРБАРӢ ДАР НОҲИЯИ РАШТ

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА САНҶИШИ ҲОЛАТИ ОМОДАБОШИИ ҲАЙАТИ ЗАХИРАҲОИ САФАРБАРӢ ДАР НОҲИЯИ РАШТ

15.05.2026
САНҶИШИ ҲОЛАТИ ОМОДАБОШИИ ҲАЙАТИ ЗАХИРАҲОИ САФАРБАРИИ НОҲИЯИ ТОҶИКОБОД

САНҶИШИ ҲОЛАТИ ОМОДАБОШИИ ҲАЙАТИ ЗАХИРАҲОИ САФАРБАРИИ НОҲИЯИ ТОҶИКОБОД

14.05.2026
ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ДАР НОҲИЯИ ЛАХШ

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ДАР НОҲИЯИ ЛАХШ

14.05.2026
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook