2-юми октябри соли 2026 дар қаламрави Федератсияи Русия марҳилаи фаъоли машқҳои фармондеҳӣ-ситодии Неруҳои вокуниши фаврии дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ таҳти унвони «Ҳамкорӣ-2026», инчунин машқҳои махсуси «Ҷустуҷӯ-2026» ва «Эшелон-2026» бо муваффақият ба анҷом расиданд.
Дар машқҳои мазкур дар баробари низомиёни кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, хизматчиёни ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштироки фаъолона доштанд. Низомиёни тоҷик дар иҷрои вазифаҳои таъйингардидаи муштарак маҳорати баланди касбӣ, омодагии ҷисмонӣ, интизоми ҳарбӣ ва ҳамоҳангии хуби амалиётиро нишон доданд.

Қобили зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми майи соли 1992 узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ буда, дар доираи ҳамкориҳои ҳарбӣ ва амниятӣ бо кишварҳои узви созмон мунтазам дар машқу тамринҳои муштарак ва дигар чорабиниҳои созмон фаъолона иштирок менамояд. Иштироки мунтазами Тоҷикистон дар чунин чорабиниҳо яке аз самтҳои муҳими таҳкими ҳамкориҳои низомӣ, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҷангӣ ва табодули таҷрибаи касбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Дар майдони тамринии «Чебаркул» зимни амалиёти муштарак оид ба боздоштани низои мусаллаҳона дар минтақаи сарҳадӣ, амалҳои ҳамоҳангшудаи тамоми ҷузъҳои Неруҳои вокуниши фаврии дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ намоиш дода шуданд. Дар ин марҳила, низомиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар иҷрои вазифаҳои муштарак фаъолона иштирок намуда, омодагии баланди худро ба иҷрои вазифаҳои мураккаби низомӣ дар ҳайати қувваҳои дастаҷамъӣ нишон доданд.

Дар маҷмӯъ, дар машқҳо тақрибан 2000 нафар хизматчиёни ҳарбӣ ва 350 воҳиди силоҳ, техникаи ҳарбӣ ва таҷҳизоти махсус сафарбар карда шуданд.

Дар марҳилаи фаъоли машқҳо қисмҳои низомӣ амалҳои гуногуни тактикӣ, аз ҷумла гузаронидани разведка, ба даст овардани бартарии оташфишонӣ, нобудсозии мавқеъҳои пешқадами душман, муҳосира ва шикаст додани қувваҳои шартии душман дар ҳудуди маҳалли аҳолинишинро машқ намуданд.

Марҳилаи баъдӣ ба муҳосира ва нобудсозии захираҳои пешравандаи душмани шартӣ, ҷустуҷӯ ва безарар гардонидани гурӯҳҳои парокандаи он дар минтақаҳои ҷангалзор, инчунин барқарор намудани назорат дар минтақаи сарҳадӣ бахшида шуд.

Дар марҳилаи ниҳоӣ бошад, воҳидҳои махсуси бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода, ки метавонанд дар натиҷаи амалиёти ҷангӣ ба вуҷуд оянд, вазифаҳои дахлдорро иҷро намуданд.

Яке аз хусусиятҳои асосии машқҳои имсола истифодаи васеи ҳавопаймоҳои бесарнишин, системаҳои роботӣ ва воситаҳои муосири назорату разведка, инчунин анҷом додани маневрҳои амалии қӯшунҳо бо дарназардошти таҷрибаи муосири амалиёти низомӣ мебошад.

Дар чунин шароити мураккаби таълимӣ низомиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар нишон доданд, ки Артиши миллии Тоҷикистон ҳамчун сипари боэътимоди давлату миллат ба иҷрои вазифаҳои муҳими низомӣ омода буда, барои ҳифзи амният, сулҳу субот ва манфиатҳои миллӣ масъулияти баланди касбӣ дорад.

Дар марҳилаи ниҳоӣ ва маросими ҷамъбастии машқҳо Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Сардори Ситоди муттаҳидаи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, намояндаи фармондеҳии Ҳавзаи марказии ҳарбӣ ва фармондеҳони контингентҳои ҳарбии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуданд.

Дар машқҳои мазкур қувваҳои низомии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Федератсияи Русия ширкат варзиданд. Ба ҳайати онҳо қисмҳои низомӣ ва воҳидҳои амалиёти махсуси мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти амният ва хадамоти махсус, мақомоти ваколатдор оид ба пешгирӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода, инчунин гурӯҳҳои амалиётии Ситоди муттаҳида ва Котиботи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ шомил буданд.

Иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чунин машқҳои васеъмиқёси байналмилалии низомӣ далели равшани таваҷҷуҳи пайвастаи кишвар ба таҳкими иқтидори мудофиавӣ, такмили омодагии касбии ҳайати шахсӣ ва рушди ҳамкориҳои ҳарбӣ мебошад.
Шоҳин ШАРИФЗОДА,
лейтенанти хурд





