Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Мақола

АМАЛИГАРДОНӢ ВА ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
14.11.2024
in Мақола
0
АМАЛИГАРДОНӢ ВА ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
0
SHARES
83
VIEWS
Share on Facebook

Яке аз масъалаҳои рӯзмарраи ҷомеа ва ташвишовар, ин масъалаи вазъи ҳуқуқии кӯдакон, дар амал татбиқ намудан ва ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо мебошад. Ҳуқуқи кӯдак-ин ҳуқуқу озодиҳое аст, ки бояд ҳар як кӯдак новобаста аз ҳар гуна тафовути нажодӣ, ҷинс, забонӣ, динӣ ва ҷойи таваллуд, баромади миллӣ ва иҷтимоӣ, ҳолати молумулкӣ, табақавӣ ва ё дигар ҳолат аз он бархурдор бошад.

Кафолатҳое, ки меъёрҳои моддаи 34–и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон пешбинӣ намудааст, ин таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат қарор доштани кӯдак ва дар ин радиф ба ӯҳдаи давлат масъулияти азими рушди соҳаи иҷтимоиро гузоштан инъикос мегардад. Ин масъулият аз андешидани тадбирҳое иборат аст, ки ба устувории оилаҳо, ҳавасмандгардонии модарӣ, ҳимояи манфиатҳои ҳама аъзои оила, аз ҷумла кӯдакон ва муҳайё кардани шароите нигаронида шудаанд, ки амалишавии пурраи ҳуқуқи оилавиро кафолат медиҳанд. Инъикоси ин меъёри конститутсионӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки танзими муносибатҳои ҳуқуқҳои кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти як зумра санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, аз қабили Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон (1948), Эъломияи ҳуқуқи кӯдак (1959), Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак (1989), Протоколи иловагӣ ба Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак, ки ба ширкати кӯдакон дар низоъҳои ҳарбӣ марбут аст (2000), Протоколи иловагӣ ба Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак, ки ба хариду фурӯши кӯдакон, фоҳишагарӣ ва порнографияи кӯдакон марбут аст (2000) ва ғайраҳо татбиқ шудаанд. Дар баробари ин, дар қонунгузории миллӣ ба истиснои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боз дар ин самт як қатор санадҳои меъёрӣ–ҳуқуқӣ қабул шудаанд, аз ҷумла Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи варзиши кӯдакон ва наврасон» аз 1 августи соли 2003, «Дар бораи ҳимояи ғизодиҳии табиии кӯдакон» аз 22 декабри соли 2006, Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 1998, ки ба татбиқ ва ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон шароити мусоиди ҳуқуқию моддӣ фароҳам меоваранд.

Ҷиҳати боз ҳам беҳтару хубтар намудани раванди таълиму тарбияи кӯдакон ва ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо аз ҳама гуна зӯроварии хонаводагӣ дар кишвар қонунҳо «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» қабул гардидаанд.

Дар ин самт бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқҳои кӯдак таъсис дода шудаанд, ки сиёсати давлатиро дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон амалӣ менамояд. Ҳамзамон, барои самарабахш амалӣ шудани ҳуқуқҳои кӯдак ва ҳифзи он дар кишвар бо супориш ва саҳми бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шуд, ки ин бори дигар аз он гувоҳӣ медиҳад, ки давлату ҳукумат дар ин самт аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад.

Лозим ба ёдоварист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдакро аз 26–уми июли соли 1993  ба тасвиб расонид ва он 26 ноябри соли 1993 эътибори қонунӣ пайдо кард, инчунин, меъёрҳои ҳуқуқии моддаи 34–уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрӣ–ҳуқуқии дахлдор давлатро ба он водор месозад, ки дар ин бахш барои амалӣ ва татбиқи ҳуқуқҳои конститутсионии кӯдакон чораҳои дахлдорро андешад.

Хушбахтона, дар моҳи марти соли 2015 бо назардошт ва амалӣ намудани санадҳои меъёрӣ–ҳуқуқии байналхалқӣ дар самти вазъ, татбиқ ва ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18-уми марти соли 2015, №1196, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» қабул карда шуд, ки ин бори дигар барои мустаҳкамкунии ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак шароити мусоиди ҳуқуқию моддӣ фароҳам меорад.

Дар моддаи 1–уми Қонуни мазкур  ба таври расмӣ  мафҳуми кӯдак ба таври зайл омадааст: “Кӯдак-шахсе, ки ба синни ҳаждаҳ нарасидааст”. Аз мафҳуми додашудаи қонун бармеояд, ки кӯдак шахсе мебошад, ки чӣ то ва чӣ баъди таваллуд, яъне то синни ҳаждаҳсолагӣ бинобар сабаби ноболиғии ҷисмонӣ ва ақлӣ ба ҳимоя ва нигоҳубини иҷтимоии махсус, аз ҷумла ба ҳимояи ҳуқуқии дахлдор ниёз дорад. Ҳамзамон, дар қонуни мазкур дигар навъи ҳуқуқҳои кӯдак ба мисли ҳуқуқ ба зиндагӣ, озодӣ, дахлнопазирӣ, шаъну эътибор ва ҳаёти шахсӣ, ба ҳифзи саломатӣ, ба озодии сухан ва виҷдон, иттилоот ва иштирок дар ҳаёти ҷамъиятӣ, ба моликият, ба манзил, ба таҳсил, ба меҳнат, ба истироҳат ва фароғат, ҳуқуқи муттаҳидшавӣ дар ташкилотҳои ҷамъиятии кӯдакон ва ҷавонон, ба зиндагӣ ва тарбия дар оила, дар муносибат бо падар ё модаре, ки ҷудо зиндагӣ мекунанд, ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон дар муассисаҳои махсуси таълимӣ-тарбиявӣ барои ноболиғон, ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакони гуреза пешбинӣ шудааст.

Вайроншавии ҳуқуқҳои кӯдакон дар муҳити оила, мактаб ва кӯча ба назар мерасанд. Мушоҳида ва таҳлилҳо дар амалия нишон медиҳанд, ки ду омили асосӣ: ҷудошавии оилаҳо ва муҳоҷирати меҳнатӣ ба вайроншавии ҳуқуқи кӯдак бештар таъсири манфӣ мерасонад.

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак зарур аст, ки чораҳои самарабахш оид ба ҳифзи онҳо аз зӯроварӣ дар оила ва дигар намудҳои зӯроварӣ андешида шаванд. Зӯроварӣ нисбати кӯдакон дар истифодаи қувваи ҷисмонӣ, муносибати манфии равонӣ ва ҳаракатҳои хусусияти шаҳвонидошта зоҳир мегардад. Ин падидаи номатлуб ҳуқуқҳои кӯдакро ба ҳаёт ва саломатӣ вайрон карда, шаъну шарафи ӯро паст мезанад ва ба рушди ояндаи кӯдак таъсири манфӣ мерасонад. Мутаассифона, имрӯзҳо нисбати кӯдакон аз ҷониби падару модар, ҳамсолон ва калонсолон шаклҳои гуногуни зӯроварӣ истифода мегарданд.

Бо мақсади пешгирии зӯроварӣ нисбати кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор қабул шуданд. Аз ҷумла, тибқи талаботи моддаи 41-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи маориф”, моддаи 8, Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи милитсия” ва Кодекси ҳуқуқвайрокунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кӯдакро падару модар, кормандони соҳаи омӯзгорӣ ва шахсони онҳоро ивазкунанда, комиссияҳо оид ҳуқуқи кӯдак, прокурор, суд ва милитсия ҳимоя мекунанд.

Ҳамин тариқ, ҳолат, амалигардонӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо як қатор мушкилоти ҷойдошта вобастӣ дорад, ки барои дар амал татбиқ шудан ва ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон бо ҳалли чунин тавсияҳо алоқаманд аст:

-расонидани ёрии равонию иҷтимоӣ ба кӯдаконе, ки зери хавфи мухолифат бо қонун қарор доранд, аз ҷумла ба кӯдакон аз оилаҳои камбизоат;

-ворид намудани воҳиди кории равоншиносон дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти ҳамагонӣ;

-беҳтар кардани дастгирии иҷтимоии оилаҳое, ки дар тарбияашон кӯдакони имконияташон маҳдуд доранд;

-андешидани чораҳо баҳри таъмин намудани дастрасии кӯдакони имконияташон маҳдуд ба марказҳои фарҳангию фароғатӣ, мактабҳо, дигар муассисаҳои дахлдор ва нақлиёти ҷамъиятӣ;

-иттилотонии аҳолӣ оид ба меъёрҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ  нисбати кӯдакон ва баланд бардоштани маърифати ахлоқию ҳуқуқии аҳолӣ бо мақсади пешгирии ҳамагуна зӯроварӣ нисбати кӯдакон.

Бахтиёр НАЗАРОВ,

устоди Донишгоҳи давлатии Кулоб

ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ  

 

Previous Post

СУХАНРОНӢ ДАР ИҶЛОСИЯИ УМУМИИ КОНФРОНСИ 29-УМИ ҶОНИБҲОИ КОНВЕНСИЯИ ҚОЛАБИИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД ОИД БА ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ

Next Post

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН-РОҲНАМОИ МАОРИФИ МИЛЛӢ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН-РОҲНАМОИ МАОРИФИ МИЛЛӢ

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН-РОҲНАМОИ МАОРИФИ МИЛЛӢ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

15.05.2025
ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

09.05.2025
МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

09.05.2025
СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

08.05.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook