Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Мақола

АЗ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ТО ТАҲКИМИ ҚОНУНИЯТ: РОҲИ ТАШАККУЛИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ ВА РУШДИ МАКОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ ҲАРБӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
01.09.2026
in Мақола
0
АЗ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ТО ТАҲКИМИ ҚОНУНИЯТ: РОҲИ ТАШАККУЛИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ ВА РУШДИ МАКОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ ҲАРБӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
0
SHARES
47
VIEWS
Share on Facebook

(Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

«Истиқлолияти давлатӣ бузургтарин ва муқаддастарин неъмат, нишонаи олии ҳувияти миллӣ, ифтихор ва номуси ватандорӣ, кафолати расидан ба орзуву омоли созанда ва омили асосии таҳкими пояҳои давлатдории миллии мо мебошад. Ин неъмати бебаҳо ба мо имконият дод, ки тақдири Ватани хешро ба дасти худ гирем, роҳи ояндаро муайян созем ва Тоҷикистонро ба ҷаҳони мутамаддин пайванд диҳем».

Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар миллат бузургтарин неъмати сиёсӣ, заминаи асосии худшиносии миллӣ ва омили муайянкунандаи сарнавишти давлату ҷомеа ба ҳисоб меравад. Барои миллати тоҷик соҳиб шудан ба Истиқлолияти давлатӣ оғози марҳалаи сифатан нави таърихи давлатдорӣ буда, имконият фароҳам овард, ки Ватани маҳбубамон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд ва миллӣ роҳи мустақили рушди худро интихоб намояд.

Имсол мардуми шарафмандамон 35-солагии ҷашни муқаддаси миллӣ, Истиқлолияти давлатии кишварро таҷлил менамояд. Ин сана на танҳо ҷашни муҳимми миллӣ, балки фурсати муносиб барои арзёбии роҳи тайкардаи давлат, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва нақши ниҳодҳои давлатӣ дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ мебошад. Дар давоми 35 -соли соҳибистиқлоли Тоҷикистони маҳбуби мо марҳалаҳои гуногуни сиёсиву иҷтимоиро паси сар намуда, барои ташаккули низоми мукаммали давлатдорӣ, таҳкими волоияти қонун, таъмини амнияти миллӣ ва рушди устувори ҷомеа заминаҳои устувор фароҳам овард.

Дар ин раванд мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ ҳамчун ниҳодҳои муҳимми ҳифзи манфиатҳои давлат ва ҷомеа нақши муассир доранд. Яке аз чунин ниҳодҳо макомоти прокуратура мебошад, ки дар низоми давлатдории муосири кишвари соҳибистиқлоламон ҳамчун мақоми мустақили давлатӣ назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро таъмин менамояд. Рушд ва такмили фаъолияти мақомоти прокуратура дар тӯли солҳои истиқлолият яке аз самтҳои таҳкими давлатдории ҳуқуқбунёд ба ҳисоб меравад.

Дар баробари ташаккули низоми милли макомоти прокуратура, зарурати ба роҳ мондани назорати махсуси прокурорӣ дар сохторҳои ҳарбӣ низ ба миён омад. Зеро ташаккули Артиши миллӣ ва Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ бидуни таъмини қонуният, интизоми хизматӣ ва масъулияти баланди ҳуқуқӣ ғайриимкон буд.

Бо соҳибистиқлол гардидани кишвар зарурати ташкили низоми прокуратураи миллӣ, ки ба манфиатҳои давлат ва ҷомеа ҷавобгӯ бошад, ба миён омад. Дар чунин шароити мураккаб масъалаи ҳифзи қонуният, мубориза бо ҷинояткорӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва таъмини фаъолияти босамари мақомоти давлатӣ аҳамияти аввалиндараҷа пайдо кард. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ мақоми прокуратураро дар низоми давлатдорӣ муайян намуда, барои фаъолияти мустақил ва қонунии ин ниҳод заминаи устувори ҳуқуқӣ фароҳам овард.

Мутобиқи моддаи 93-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди кишвар аз ҷониби Прокурори генералӣ ва прокурорҳои тобеи он дар доираи ваколатҳои худ амалӣ карда мешавад. Қабули Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ дар ташаккули заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти ин ниҳод нақши муҳим гузошт. Ҳамин тариқ, Истиқлолияти давлатӣ барои ташаккули низоми мустақили прокуратураи чумхури имконияти таърихӣ фароҳам овард ва ин ниҳод дар баробари дигар сохторҳои давлатӣ ба яке аз рукнҳои таъмини қонуният дар кишвар табдил ёфт.

Ташаккули Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муҳимтарин рӯйдодҳои даврони соҳибистиқлолӣ мебошад. Давлати соҳибистиқлол бе Артиши миллӣ, низоми мукаммали мудофиа ва сохторҳои қодир ба ҳифзи марзу буми кишвар наметавонад амнияти миллии худро ба таври устувор таъмин намояд. Дар ин раванд таъмини қонуният дар қисмҳо ва воҳидҳои ҳарбӣ аҳамияти махсус дорад. Маҳз бо дарназардошти чунин зарурат дар низоми мақомоти прокуратура сохтори махсуси назорати прокурорӣ дар соҳаи ҳарбӣ ташаккул ёфт.

Яке аз санадҳои ҳуқуқие, ки ба ташкили фаъолияти прокуратураи ҳарбӣ замина гузошт, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 1992 «Дар бораи трибуналҳои ҳарбӣ ва мақомоти додситонии ҳарбие, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шудаанд» мебошад. Баъдан дар сохтори мақомоти прокуратура вазифаи муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Сарпрокурори ҳарбӣ таъсис дода шуд. Ин тадбир барои мутамарказ намудани идоракунӣ ва тақвияти назорати қонунӣ дар сохторҳои ҳарбӣ аҳамияти муҳим дошт.

Бо мақсади густариши фаъолияти назорати прокурорӣ дар қисмҳои ҳарбӣ тадриҷан прокуратураҳои ҳарбии гарнизонҳо низ таъсис дода шуданд. Аз ҷумла прокуратураҳои ҳарбии гарнизонҳои Душанбе, Хуҷанд, Курготеппа, Кӯлоб ва Хоруғ ташкил гардида, минбаъд бо дарназардошти зарурат сохтори прокуратураҳои ҳарбӣ такмил дода шуд. Соли 2001 прокуратураи ҳарбии минтақаи Қаротегин таъсис ёфта, соли 2010 ба прокуратураи ҳарбии гарнизони Рашт табдил дода шуд. Ташкили чунин сохтори махсусгардонидашуда имконият фароҳам овард, ки назорати иҷрои қонунҳо дар қисмҳо ва воҳидҳои ҳарбӣ пурзӯр гардида, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои ҳарбӣ самараноктар ба роҳ монда шавад.

Дар раванди ташаккул ва рушди давлатдории навини Тоҷикистон нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят назаррас мебошад. Сиёсати давлатсозӣ, таҳкими қонуният, барқарор намудани сулҳу субот, рушди ниҳодҳои давлатӣ ва фароҳам овардани заминаҳои устувори амнияти миллӣ аз самтҳои муҳимми фаъолияти роҳбарияти давлат ба ҳисоб мераванд. Маҳз дар заминаи чунин сиёсати созанда ва дурбинона барои ташаккули Қувваҳои Мусаллаҳи миллӣ, таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар ва такмили мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шароити зарурӣ фароҳам оварда шуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои он аз ҳар як шаҳрванди кишвар масъулияти баланд, зиракии сиёсӣ, садоқат ба Ватан ва риояи қатъии қонунро тақозо менамояд. Дар сиёсати давлатии меҳани азизи мо таҳкими иқтидори мудофиавӣ ва таъмини омодагии доимии Қувваҳои Мусаллаҳ мавқеи муҳим дорад. Дар баробари ин, баланд бардоштани интизоми ҳарбӣ, риояи қонун ва ҳифзи ҳуқуқи хизматчиёни ҳарбӣ ҳамчун ҷузъи фаъолияти сохторҳои низомӣ арзёбӣ мегардад. Дар ин раванд прокуратураи ҳарбӣ ҳамчун ниҳоди махсуси назорати қонуният вазифаи муҳимро иҷро мекунад.

«Сулҳу ваҳдат ва истиқлолият ду соҳаи ба ҳам пайваста мебошанд ва кафили ҳастии миллати мо ба ҳисоб мераванд. Агар истиқлолият заминаи бунёди давлатдорӣ бошад, ваҳдати миллӣ нерӯи пешбарандаи ҷомеа ва кафолати оромӣ мебошад».

— Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Таърихи соҳибистиқлолии кишвари азизамон нишон медиҳад, ки ҳифз ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ бидуни сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ ғайриимкон аст. Барқарор гардидани сулҳу оромӣ дар кишвар барои рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла ташаккули мақомоти давлатӣ, таҳкими Қувваҳои Мусаллаҳ ва такмили мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шароити мусоид фароҳам овард.

Ваҳдати миллӣ ба марҳалаи нави давлатсозӣ замина гузошт. Бо таҳкими сулҳу субот имкониятҳои давлат барои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, сохтмони иншооти давлатӣ, такмили низоми идоракунӣ ва таҳкими иқтидори мудофиавӣ бештар гардид. Аз ин рӯ, дар арафаи 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бояд дарк намуд, ки Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ ду арзиши ба ҳам пайванди таърихи навини ватанамон мебошанд. Истиқлолият соҳибихтиёрии давлатро таъмин намуд ва Ваҳдати миллӣ заминаи муҳим барои ҳифз ва таҳкими он гардид.

Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ вазъи сиёсиву иҷтимоии кишвар ба фаъолияти мақомоти давлатӣ ва сохторҳои низомӣ таъсири ҷиддӣ расонида буд. Дар чунин шароит масъалаи таҳкими қонуният ва интизоми хизматӣ дар сохторҳои ҳарбӣ аҳамияти хос пайдо кард. Прокуратураи ҳарбӣ ҳамчун ниҳоди махсусгардонидашуда дар ин марҳала ба иҷрои вазифаи худ — таъмини назорати прокурорӣ дар қисмҳо ва воҳидҳои ҳарбӣ машғул гардид. Назорати доимии прокурорӣ, таҳлили ҳолати қонуният, ошкор ва бартараф намудани сабабу шароитҳои ба қонунвайронкунӣ мусоидаткунанда ва андешидани чораҳои ҳуқуқӣ ба таҳкими тартибот дар муҳити ҳарбӣ мусоидт намуд.

Яке аз самтҳои фаъолияти прокуратураи ҳарбӣ ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии хизматчиёни ҳарбӣ мебошад. Риояи ҳуқуқи сарбозону афсарон, шароити хизмати ҳарбӣ, масъалаҳои таъминоти иҷтимоӣ ва муносибати қонунӣ ва одилона бо хизматчиёни ҳарбӣ аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки дар доираи фаъолияти назорати прокурорӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор мегиранд. Дар баробари ин, фаъолияти прокуратураи ҳарбӣ танҳо ба ошкор намудани қонунвайронкунӣ маҳдуд намешавад. Пешгирии ҷинояту ҳуқуқвайронкунӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарбияи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ низ аз самтҳои муҳимми фаъолияти он мебошанд.

Яке аз дастовардҳои бузург дар даврони соҳибистиқлолӣ ташаккул ва рушди Қувваҳои Мусаллаҳи миллӣ мебошад. Имрӯз Артиши миллии Чумхурии Тоҷикистон ҳамчун сипари боэътимоди давлат ва кафили ҳифзи марзу буми кишвар дар шароити муосир вазифаи муқаддаси худро иҷро менамояд. Дар баробари такмили сохтор ва баланд бардоштани омодагии ҷангӣ, дар Қувваҳои Мусаллаҳ ба масъалаҳои интизоми ҳарбӣ, маърифати ҳуқуқӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва эҳтиром ба қонун таваҷҷуҳи махсус дода мешавад.

Маҳз ҳамин муҳити солими хизматӣ ва ғамхории пайвастаи давлат нисбат ба Қувваҳои Мусаллаҳ боис гардидааст, ки имрӯз ҷавонони кишвар хизмати ҳарбиро ҳамчун қарзи муқаддаси шаҳрвандӣ ва мактаби мардонагиву ватандӯстӣ қабул намоянд. Боиси ифтихор аст, ки дар солҳои охир шумораи ҷавононе, ки бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва ихтиёрӣ барои адои хизмати ҳарбӣ ба комиссариатҳои ҳарбӣ муроҷиат менамоянд, афзоиш ёфта ин рӯҳияи ҷавонон пеш аз ҳама аз эҳсоси баланди соҳибватанӣ, худшиносии миллӣ ва дарки арзиши Истиқлолияти давлатӣ сарчашма мегирад.

35 соли Истиқлолияти давлатӣ барои миллати мо давраи ташаккули давлатдории навин, таҳкими пояҳои ҳуқуқӣ, рушди ниҳодҳои давлатӣ ва бунёди заминаҳои устувори амнияти миллӣ мебошад. Дар ин давра мақомоти прокуратура низ дар баробари дигар сохторҳои давлатӣ марҳалаҳои рушдро тай намуда, заминаҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии фаъолияти худро такмил дод. Макомоти прокуратураи ҳарбӣ низ ҳамчун қисми низоми назорати прокурорӣ дар таҳкими қонуният, интизоми хизматӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои хизматчиёни ҳарбӣ нақши муассир гузошт.

Ҳар қадаре ки қонун дар муҳити ҳарбӣ устувортар риоя гардад, ҳамон қадар иқтидори мудофиавии давлат ва эътимоди ҷомеа ба сохторҳои низомӣ бештар мегардад. Аз ин рӯ, фаъолияти прокуратураи ҳарбӣ бевосита бо масъалаи ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, таҳкими амнияти миллӣ ва нигоҳдории суботи ҷомеа иртибот дорад.

Дар остонаи таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳар як шаҳрванди кишвар бояд ба арзиши ин неъмати бузург бо эҳсоси баланди масъулият назар намояд. Барои хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ин масъулият боз ҳам бештар аст, зеро фаъолияти онҳо бевосита ба ҳифзи манфиатҳои давлат, ҷомеа ва амнияти шаҳрвандон вобаста мебошад.

«Муҳофизати истиқлолият — муҳофизати номус, шараф ва ояндаи фарзандони мост. Мо набояд ҳеҷ гоҳ фаромӯш кунем, ки озодӣ ва адолат танҳо дар сояи давлати мустақилу пурқудрат таъмин мегардад».

— Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Мо худро вазифадор меҳисобем, ки сиёсати созанда ва роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи фаъолияти хизматии худ қарор дода, бо эҳсоси баланди масъулият дар назди Ватан ва миллат вазифаҳои касбии худро содиқона иҷро намоем. Бо истифода аз дониш, таҷриба ва малакаи касбӣ мо бояд барои таҳкими қонуният, таъмини иҷрои дақиқи қонунҳо, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва баланд бардоштани интизоми хизматӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ саҳми арзандаи худро гузорем. Зеро ҳифзи Истиқлолият танҳо вазифаи давлат нест, он масъулияти муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.

Дар шароити муосир садоқат ба Ватан, эҳтироми қонун, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва омодагӣ ба ҳимояи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ бояд арзишҳои меҳварии фаъолияти ҳар як хизматчии давлатӣ ва ҳар як хизматчии ҳарбӣ бошанд.

Бо гузашти 35 сол аз соҳибистиқлол гардидани Ватани маҳбубамон метавон бо итминон гуфт, ки дар кишвар низоми мукаммали давлатдории миллӣ ташаккул ёфта, заминаҳои устувори ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ фароҳам оварда шудаанд. Ташаккули Қувваҳои Мусаллаҳ, рушди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва, аз ҷумла, ташаккул ва такмили макомоти прокуратураи ҳарбӣ аз ҷумлаи равандҳои давлатсозии миллӣ ба ҳисоб мераванд.

Макомоти прокуратураи ҳарбӣ дар ин низом ҳамчун ниҳоди таъмини қонуният дар сохторҳои ҳарбӣ вазифаи масъулиятнокро иҷро намуда, дар таҳкими интизоми хизматӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои хизматчиёни ҳарбӣ саҳми арзанда гузоштааст. Дар ин раванд нақши сиёсати созанда ва дурбинонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди Қувваҳои Мусаллаҳи чумхури ва такмили мақомоти ҳифзи ҳуқуқ назаррас мебошад.

Имрӯзҳо, ки Тоҷикистони азизи мо ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии худ омодагӣ мегирад, вазифаи ҳар яки мост, ки дастовардҳои соҳибистиқлолиро ҳифз намуда, барои таҳкими минбаъдаи пояҳои давлатдорӣ, суботу амнияти ҷомеа ва волоияти қонун саҳми худро гузорем. Истиқлолият арзиши муқаддаси давлат ва миллат аст. Ҳифзи он, таҳкими сулҳу Ваҳдат, садоқат ба Ватан ва эҳтироми қонун вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.

Бо чунин ҳисси баланди масъулият ва ватандӯстӣ метавон ба ояндаи давлат бо итминон нигарист ва бовар дошт, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сиёсати созанда ва дурбинонаи Пешвои миллат роҳи пешрафту ободиро минбаъд низ устуворона идома хоҳад дод.

 

Наврӯз ТОҲИРЗОДА,

прокурори ҳарбии гарнизони Суғд,

номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ,

генерал—майори адлия.

Previous Post

ҲАМОИШИ МАЪРИФАТИЮ ТАРБИЯВӢ ДАР РАЁСАТИ ҚӮШУНҲОИ ХУШКИГАРД

Next Post

МУЛОҚОТ БО ПРЕЗИДЕНТИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
МУЛОҚОТ БО ПРЕЗИДЕНТИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

МУЛОҚОТ БО ПРЕЗИДЕНТИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ИШТИРОК ДАР ПАРАДИ ҲАРБӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

СУХАНРОНӢ ДАР ПАРАДИ ҲАРБӢ БАХШИДА БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

07.09.2026
ИШТИРОК ДАР ПАРАДИ ҲАРБӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

ИШТИРОК ДАР ПАРАДИ ҲАРБӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

07.09.2026
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОӢ

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОӢ

06.09.2026
ҲАМОИШИ ИЛМӢ-АМАЛӢ БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ДАР РАЁСАТИ ҚУШУНҲОИ ЗУДАМАЛИ ВАЗОРАТИ МУДОФИА

ҲАМОИШИ ИЛМӢ-АМАЛӢ БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ДАР РАЁСАТИ ҚУШУНҲОИ ЗУДАМАЛИ ВАЗОРАТИ МУДОФИА

06.09.2026
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook