Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати Мудофияи Ҷумуҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

АЗ МУВАФФАҚИЯТ ТО БАДБАХТӢ Ё ХОМАНДЕШӢ ФОЗИЛРО БА КУНҶИ ЗИНДОН БУРД

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
28.04.2022
in Хабар
0
АЗ МУВАФФАҚИЯТ ТО БАДБАХТӢ Ё ХОМАНДЕШӢ ФОЗИЛРО БА КУНҶИ ЗИНДОН БУРД
0
SHARES
142
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Латофат ҳамроҳи фарзандон хӯроки шом тановул менамуд, ки садои бо ҷаҳл кӯфтани дарвоза ба гӯш расид. Як лаҳза карахт шуд, пасон ларзон-ларзон ба ҷониби дарвоза рафт. Аз пушти дар овози дӯғу пӯписа ва дашномҳои қабеҳ шунида мешуд. Латофат бе он, ки дарвозаро боз кунад, аз ки будани «меҳмон» пурсон шуд.

— Шавҳари беномусат баргашт ё не?

Аз ӯ дараке нест, ҷавоб дод, Латофат.

Дониста мон, агар маблағи аз ман гирифтаашро барнагардонад, маҷбурам…

Латофат давоми таҳдидҳоро гӯш накарда, гирён ҷониби хона давид.

Рӯзҳои охир ин ҳолат зуд-зуд бо ӯ рух медод. Соҳибони маблағе, ки шавҳараш аз онҳо гирифта буд, пайи ҳам ӯро нороҳат мекарданд. Латофат зиёдтар аз он метарсид, ки дар хона ду духтари қадрас дорад. Дар ҳарос буд, ки ба онҳо ҳодисае рух надиҳад. Аз баҳри ҷони хеш кайҳо гузашта буд. Танҳо фикри фарзандонашро мекард.

Хонае, ки айни замон зиндагӣ дорад, қаровулхонаи боғи деҳа аст, ки раиси маҳалла аз рӯйи дилсӯзӣ ва баъди ҳодисаи ба сарашон омада, ба онҳо додааст. Қаровулона аз деҳа дур ҷойгир шудааст ва хатарнок низ ҳаст.

Латофат фарзандонашро хобонида, худ ба назди тиреза рафта, ҳодисаи имрӯзаро пеши назар овард ва ба андеша фурӯ рафт. Чӣ зиндагии ширине доштанд, ҳамроҳи шавҳараш-Фозил. Бо муҳаббат ба висоли ҳам расида буданду умед доштанд, ки канори ҳам давлати пирӣ мебинанд. Аммо тақдирро тадбир дигар будааст.

Фозил ҳанӯз дар авҷи ҷавонӣ аз ҳамсолони худ пешқадам буд. Дар мағозае, ки аз падараш мерос монда буд, шабу рӯз заҳмат мекашид ва дар фикри пешравии тиҷораташ буд. Дар муддати муайян кораш равнақу ривоҷ пайдо карду соҳиби ҳама чиз шуд. Хонаи қадимасохти падарро вайрон карду дар ҷояш бинои сеқабатаи хушсохти замонавӣ бунёд кард. Дар маркази шаҳр низ хонаи истиқоматӣ харид. Дар зери пояш низ мошини гаронбаҳои хориҷӣ буд ва аллакай шумораи мағозаҳояш дар шаҳр ва деҳа ба 5-6 адад мерасид. Бо ҳамсару фарзандонаш меҳрубон буд ва онҳоро бо ноз мепарварид.

Хурсандии ин хонадон дер давом накард. Дӯстонаш таҳаммули ин ҳама комёбии Фозилро накарданду дар фикри ба чоҳ андохтанаш гардиданд. Фозиле, ки аз истеъмоли машруботи спиртӣ ва носу сигор фарсахҳо дур буд, рӯзе бо пешниҳод ва таърифу тавсифи як «дӯсташ» маводи мухаддир истеъмол кард. Ин оғози бадбахтии ӯ буд.

Дар муддати кӯтоҳ барои дарёфт кардани маводи мухаддир тамоми дороияшро як-як аз даст дода, қарздор шуд.

Боз ба «кӯмак»-аш ҳамон «дӯстон»-и ҷонияш расиданд.

-Ягона роҳи дар муддати кӯтоҳ баргардонидани тамоми дороият ин ба гурӯҳи «Давлати исломӣ» пайвастанат аст. Мо шунидем, ки маоши медодаи онҳо хеле зиёд аст. Дар ду-се моҳ метавонӣ бо пули медодаи онҳо мушкилоти ба сарат омадаро ҳал намоӣ. Илова бар ин, ҳар гоҳе аз ҷанг хаста шавӣ ба ту иҷозати баргашт медодаанд.

Дӯстонаш бо ҳар гуна ваъдаҳои холӣ ҷайбашро аз чормағзи пуч пур менамуданд. Фозили дар нимароҳи зиндагӣ дармонда, ин бор низ аз рӯйи маслиҳати «дӯстон»-аш амал намуда, ба он гурӯҳ пайваст ва бо дастонаш ҳаёти минбаъдаашро сӯзонд. Аллакай ин шумхабар тамоми деҳаро фаро гирифт.

Ин аст оқибати хомандешию хомфикрӣ. Фозил метавонист аз аввал аз ин роҳи бад канор бошад. Вале кайфу сафоро боло донисту ба суханони наздикон не, ба маслиҳати дӯстонаш амал кард.

Фоизил бо ин амали ношоистаи худ дар дили модару њамсару духтаронаш доғ гузошта, онњоро хиҷолатзада намуд.

Хонандаи азиз! Инсон бояд ҳамеша аз ақли солими хеш истифода намояду аз дӯстони бадкеш дурӣ ҷӯяд. Дониста бош, ки «бори каҷ ҳеҷ гоҳ ба манзил намерасад» ва амали носазо низ беҷавоб намемонад. Ту низ эҳтиёт бош ва ҳаёти пурқимататро бо кӯчактарин хато барбод надеҳ.

Ш. ШАРИФОВ,

рӯзноманигор

Previous Post

Иштирок ва суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Саммити чоруми оби кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором

Next Post

ХАТМИ НИЗОМИЁНИ ҶАВОН ГУРӮҲИ 200 НАФАРАИ АФСАРОНИ ҶАВОН ДОНИШКАДАИ ҲАРБИРО ХАТМ НАМУДАНД

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ХАТМИ НИЗОМИЁНИ ҶАВОН ГУРӮҲИ 200 НАФАРАИ АФСАРОНИ ҶАВОН ДОНИШКАДАИ ҲАРБИРО ХАТМ НАМУДАНД

ХАТМИ НИЗОМИЁНИ ҶАВОН ГУРӮҲИ 200 НАФАРАИ АФСАРОНИ ҶАВОН ДОНИШКАДАИ ҲАРБИРО ХАТМ НАМУДАНД

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ЯРМАРКАИ МОЛУ МАҲСУЛОТ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

ЯРМАРКАИ МОЛУ МАҲСУЛОТ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

26.01.2023
МАҶЛИСИ ВАСЕИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МАҶЛИСИ ВАСЕИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

25.01.2023
РУШДИ ИЛМИ ҲАРБӢ

РУШДИ ИЛМИ ҲАРБӢ

24.01.2023
ИНТИЗОМИ ҲАРБӢ-ПОЙДЕВОРИ АРТИШИ МИЛЛӢ

ИНТИЗОМИ ҲАРБӢ-ПОЙДЕВОРИ АРТИШИ МИЛЛӢ

20.01.2023
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2014 - All Rights Reserved.ME
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook
  • Mix.tj